БОБОҶОН БОБОХОНОВ "БОЗНИШАСТА ШУД"
Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармоне Бобоҷон Бобохоновро аз симати Додситони кулли Тоҷикистон сабукдӯш ва Шерхони Салимзодаро ҷойгузини вай кардааст.
Дар фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки оқои Бобохонов "ба хотири ба нафақа баромаданаш", яъне ба далели бознишастагӣ, аз симати худ барканор шудааст. Хабаргузории расмии "Ховар" ҳамчунин иттилоъ додааст, ки баъд аз зуҳри рӯзи шанбе бар асоси амри Президент Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси Миллӣ баргузор шудааст. Бар мабнои Қонуни асосии Тоҷикистон, раиси ҷумҳурӣ додситонии кул ва муъовинони ӯро бо ризояти Маҷлиси Миллӣ интисоб ва ё барканор мекунад.
Қаблан гузориш шуда буд, ки дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон раиси ҷумҳурӣ аз додситони кул ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба хотири навоқис дар корашон, аз ҷумла дар иртибот бо мушкилоти вобаста ба заминфурӯшӣ, башиддат интиқод кардааст.
"Ивазнашаванда"
Бобоҷон Бобохонов, ки дар ҳудуди даҳ соли ахир дар симати Додситони кулли Тоҷикистон фаъолият дошт, аз чеҳраҳои бонуфуз дар ин кишвар ва дорои қудрат ва ихтиёроти густардае ба шумор мерафт. Бархеҳо ӯро аз ҷумла мақомоти "ивазнашаванда" ба шумор меоварданд.
Дар даврони додситонии вай чанд тан аз чеҳраҳои саршиноси даврони ҷанги дохилӣ, ки симатҳои муҳимми давлатиро ба дӯш доштанд, аз ҷумла Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, боздошт ва равонаи зиндон шуданд. Оқоён Искандаров ва Салимов бо дархости Додситони кулли Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон мустарад шуданд.
Бобоҷон Бобохонов дар даврони додситонии худ чанд изҳороти шадидуллаҳн, аз ҷумла дар иртибот бо қазияи миёни корхонаи олуминиюми Тоҷикистон ва ширкати "Ансол" ва ҳамчунин дар бораи Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф ва табъидӣ, ки дар Русия ба сар мебарад, ироа кардааст.
Қазияи корхонаи олуминиюми Тоҷикистон, ки дар додгоҳе дар Ландан баррасӣ мешуд, дар ниҳоят ба мусолиҳаи тарафҳои баҳс анҷомид ва қавли оқои Бобохонов дар мавриди масъулони собиқи ин корхона иҷро нашуд, ҳарчанд вай онҳоро ба фасод муттаҳам карда буд. Ҳамчунин, бо вуҷуди таҳдидҳои мукаррари оқои Бобохонов дар мавриди боздошт ва истирдоди оқои Атовулло ба Тоҷикистон, додситони кулли собиқ то поёни фаъолияти худ муваффақ нашуд ин рӯзноманигори мухолифро дастбаста ба кишвараш бозгардонад.
Аз муҳиммтарин қазоёе, ки оқои Бобохонов нисбат ба он хашми худро иброз дошт, қазияи марбут ба гурӯҳи Низомхон Ҷӯраев дар Додгоҳи олии Тоҷикистон аст, ки ахиран дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Оқои Бобохонов соли гузашта дар як нишаст аз қозие, ки афроди муттаҳам дар ин парвандаро маҳкум карда буд, башиддат интиқод кард ва гуфт, ки агар ҳукми додгоҳ алайҳи ин афрод тағйир накунад, дар мавриди ин қозӣ парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад кард.
Ихтилофи ДодситонӢ бо Ожонси зидди фасод
Мунтақидони сиёсатҳои Президент Раҳмон пайваста мегӯянд, ки барканории чеҳраҳои матраҳ дар кобинаи вай аз ин ё он симат дарвоқеъ ба маънии дур кардани ин афрод аз саҳнаи сиёсӣ нест. Дар бештари маворид раиси ҷумҳурии Тоҷикистон он афродро пас аз барканорӣ аз як симат ба симатҳои дигаре мансуб мекунад.
Ба ин тартиб, интисоби оқои Салимзода низ, аз назари бархе коршиносон, тағйироти ҷиддие ба шумор намеравад, зеро ин симати муҳимми давлатӣ ҳамчунон бар асоси меъёри маҳал танҳо аз як даст ба дасти дигаре гузаштааст. Шерхон Салимзода, ки ҷойгузини оқои Бобохонов шуд, низ монанди вай аз вилояти Хатлон буда ва чанде пеш мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар умури ҳуқуқӣ таъйин шуда буд. То он замон оқои Салимзода раёсати Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Ҷолиб ин аст, ки ихтилофоти миёни ин ожонс ва Додситонии кул, ки бештар ба бархӯрди салоҳиятҳои ин ду ниҳод марбут буд, дар замони раёсати оқои Салимзода дар ин ожонс буруз кард. Раиси қаблии Ожонси мубориза бо фасод дар ҳоле ҷойгузини додситони кул мешавад, ки пештар ҷанги лафзӣ миёни ин ду ниҳод аз тариқи нишастҳои хабарӣ сару садоҳое дар расонаҳо эҷод карда буд.
Додситонии кулли Тоҷикистон то замони таъсиси Ожонси мубориза бо фасод танҳо ниҳоде буд, ки ҳаққи боздошт ва боз кардани парвандаҳоро дошт, вале баъдан қудрати мутлақи додситонӣ дар заминаи назорат бар иҷрои қонунҳо ва ҷилавгирӣ аз ҷиноят аз сӯйи ожонс заъифтар карда шуд.
Ожонси мубориза бо фасод пас аз баҳсу музокироти тӯлонӣ дар доираҳои марбут, аз ихтиёроти марбут ба пайгарди қонунӣ ва таъқиби кормандони додситонӣ низ бархурдор шуд ва тайи фаъолияти худ алайҳи чанд корманди додситонӣ низ парванда боз кардааст.
Ин иқдомро Бобоҷон Бобохонов ҳаргиз написандид. Вай ҳатто дар охирин нишасти хабарии худ кормандони Ожонси зиддифасодро ба "таҳрики кормандони додситонӣ ба фасод" муттаҳам кард. Замоне ки Шерхон Салимзода аз симати раиси Ожонси зидди фасод барканор шуд, бархе аз соҳибназарон мегуфтанд, ки барканории вай бо таваҷҷуҳ ба нуфузи густардаи додситони кул дар тасмимгириҳои сиёсии раиси ҷумҳур сурат гирифтааст.
Ҳамакнун, ки оқои Салимзода бар маснади оқои Бобохонов нишастааст, ҳамин соҳибназарон мегӯянд, ки "шоҳиди гардише аҷиб дар як бозии шатранҷи сиёсӣ" ҳастанд.
Барканориҳо ба хотири интихобот
Ҳамасола дар пайи баргузории ҷаласаҳои солонаи ҳукуматӣ фармонҳои бисёри Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барканории мақомоти кобинааш аз вазоифи худ ва мансуб шудани бархе дигарҳо ба ин симатҳо фазои иттилоъотиро гарм мекунад. То ҳол ба ҷуз аз барканории Бобоҷон Бобохонов аз симати додситони кул, манобеъи давлатӣ ҳамчунин аз барканории Абдусамеъ Додобоев, муъовини додситони кул, ва чанди дигар аз мақомоти давлатӣ гузориш додаанд.
Бино ба ин гузоришҳо, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Шермаҳмади Шоҳиёнро ба хотири пешбарии номзадияш барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ аз симати раиси Шӯрои Адлия барканор кардааст. Ба ҷойи оқои Шоҳиён, Зафар Азизов, ки қаблан муъовинати аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, ба симати раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон мансуб шудааст.
Бо далели номзадӣ дар интихобот ҳамчунин Сайфулло Гиёев аз симати муъовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ аз раёсати Кумитаи кор бо занон ва оила, Мунавар Кенҷаева аз вазифаи раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд барканор шудаанд. Ҳамчунин, Азизмат Имомов аз вазифаи муъовини аввали вазири адлия, Низом Қосим аз раёсати телевизиюни "Баҳористон" ва Муҳаммадшариф Ҳақдодов аз муъовинати вазири саноеъ ва энержӣ барканор шудаанд.
Сойти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора менависад: "Бояд таъкид дошт, ки аз вазифа озод шудани онҳо ба хотири таъмини шароити баробари интихоботӣ ба ҳамаи номзадҳо (сурат гирифта) аст. Хотиррасон бояд намуд, ки бо ҳамин сабаб қаблан 7 нафар аз раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз вазифа озод карда шуда буданд."
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пештар ҳам дар бархе аз суханрониҳои худ хостори таъмини шаффофият дар интихоботи порлумонии 28 феврал шуда буд ва мақомоти давлатӣ итминон додаанд, ки интихоботи имсол бидуни ҳеч гуна тақаллуб доир хоҳад шуд, ҳарчанд бисёриҳо дар ин амр тардид доранд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1649--q-q.html