00:57:00 15-уми Майи 2025 сол

АФЗОИШИ МИЗОНИ ОШНОИИ ЭРОНИЁН БО ТОҶИКИСТОН

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки тайи 10-12 соли ахир ошноии мардуми Эрон бо Тоҷикистон ва мизони иттилоъи онҳо дар бораи ин кишвар панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Алиасғари Шеърдӯст, ин матлабро рӯзи чаҳоршанбеи 3 феврал дар ҷараёни дидори ҳайъате аз мақомҳои эронӣ бо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе иброз доштааст.  Ин ҳайъати эрониро, ки аз 35 нафар аз коршиносони арсаи ҳунар ва фарҳанг иборат аст, Муҳаммадалӣ Зӯҳраӣ, муъовини пуштибонӣ ва таҳаввули идории ниҳоди раёсати ҷумҳурии Эрон, раҳбарӣ мекунад.

 

Огоҳии эрониён дар бораи Тоҷикистон

Он гуна, ки Муҳаммадризо Баҳодур, масъули равобити умумии сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, дар ин мулоқот Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон, ба афзоиши мизони огоҳии мардуми кишвараш дар бораи Тоҷикистон дар як даҳаи ахир таъкид кардааст.

 

Ба гуфтаи оқои Шеърдӯст, натоиҷи назарсанҷие, ки дар соли 2009 тавассути Маркази омори Садо ва Симои Эрон анҷом шуда, ҳокист, ки "агар 10-12 соли қабл танҳо 10 дарсади мардуми Эрон дар бораи Тоҷикистон иттилоъ дошта бошанд, дар соли 2009 ин рақам панҷ баробар афзоиш ёфтааст."

 

Ҳамакнун ҷузъиёти ин назарсанҷӣ ва теъдоди пурсидашудагон дар он маълум нест, вале ин омор нишон медиҳад, ки ниме аз пурсидашудагони эронӣ гуфтаанд, ки дар бораи Тоҷикистон, кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги худ, иттилоъ доранд. Дар гузашта чунин мавориде зиёд иттифоқ уфтода, ки бархе аз эрониён ба ҳангоми дидор бо тоҷикон аз онҳо пурсидаанд, ки "Шумо форсӣ куҷо ёд гирифтед?" ва пас аз шунидани ин посух, ки "Мо тоҷикҳо ҳам форсизабон ҳастем", ибрози таъаҷҷуб кардаанд.

 

Дар солҳои ахир равобити фарҳангию иқтисодии Эрон бо Тоҷикистон густариши чашмгире дошта ва зоҳиран, ин равобит ба афзоиши огоҳии эрониён дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон кумак кардааст.

 

Эрон аз сармоягузорони умда дар тарҳҳои энержӣ ва роҳу таробарии Тоҷикистон аст ва ҳамчунин ҳайъатҳои зиёде аз фарҳангиёни тоҷик ба Эрон сафарҳое анҷом додаанд. Афзун бар ин, сохти филмҳо ва сериёлҳои муштарак ва намоиши онҳо дар телевизиюнҳои эронӣ дар тайи солҳои ахир мӯҷиби огоҳии бештари эрониён дар бораи Тоҷикистон шудааст.

 

Пешниҳоди чопи нашрияи муштарак

Ба гуфтаи масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳадаф аз сафари ҳайъати 35-нафарӣ аз коршиносони фарҳангии Эрон ба Тоҷикистон низ ба манзури "барномарезии васеъи илмӣ барои густариши муносибатҳои ду кишвар ва роҳандозии телевизиюни муштарак" анҷом мешавад. Дар дидори мақомҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки як нашрияи муштарак таъсис дода ва дар миёни мардуми ду кишвар тавзеъ шавад.

 

Ҳарчанд бисёре аз фарҳангиёну рӯзноманигорони тоҷик аз ин хабар истиқбол мекунанд, вале ба гуфтаи соҳибназарон, дар ин замина мушкиле вуҷуд дорад. Мардуми Эрон ва Тоҷикистон, ҳарчанд ҳамзабону ҳамфарҳанг маҳсуб мешаванд, вале аз алифбоҳои мухталифе истифода мекунанд.

 

Дар ҳоле ки хатти форсӣ тайи қарнҳои дароз дар Эрон мутадовил аст, Тоҷикистон дар ҳудуди сад соли ахир аз ин хат даст кашида бештари мардуми ин кишвар хатти форсиро балад нестанд. Баҳсҳо бар сари "бозгашт ба хатти ниёкон" дар ин кишвар дар ду даҳаи ахир ба ҷое нарасидааст.

 

Ҳамакнун ин суол матраҳ аст, ки чунин як нашрияи муштарак байни Эрону Тоҷикистон ба кадом хат мунташир хоҳад шуд? Зимнан, дар гузашта бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон саҳафотеро ба хатти форсӣ низ мунташир кардаанд ва ин таҷруба дар ин ҷо мавҷуд будааст.

 

Сарнавишти телевизиюни муштараки форсӢ

Дар ҳамин ҳол, барои бори нахуст нест, ки мақомоти Тоҷикистон ва Эрон аз иҷрои барномаҳои муштараки фарҳангӣ хабар медиҳанд. Вале баъзе аз ин тарҳҳо ба далоили мухталиф ба иҷро нарасидаанд.

 

Масалан, дар соли 2006 дар дидори руасои ҷумҳурии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон эълом шуда буд, ки ин се кишвар телевизиюни муштараке таъсис хоҳанд дод. Дар дидори вузарои хориҷаи ин се кишвар дар шаҳри Душанбе дар авохири моҳи марти соли 2008 дар ин замина тавофуқи ниҳоӣ низ ҳосил шуд, вале ин тарҳ то кунун иҷро нашудааст.

 

Ду сол қабл мақомоти Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон эълом карда буданд, ки пахши барномаҳои консертию рақсӣ, пӯшиши муҷриҳо ва наҳваи сармоягузорӣ дар шабакаи ҷадид, аз мавзӯъоти мавриди баҳси тарафҳо дар заминаи иҷрои ин тарҳи муштарак аст.

 

Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар тобистони соли гузашта гуфта буд, ки ойинномаи ин телевизиюни муштарак аз муддатҳо қабл таҳия ва барои баррасӣ ба давлатҳои ин се кишвар ироа шудааст. Ба ин тартиб, сарнавишти тарҳи эҷоди телевизиюни муштарак то кунун норӯшан буд,

 

Аммо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо судури баёнияе иттилоъ дод, ки яке аз аҳдофи сафари ҳайъати эронӣ ба ин кишвар таъсиси телевизиюни муштарак аст ва коршиносони эронӣ дар мулоқот бо вазири фарҳанг гуфтаанд, ки "ин телевизиюн то ҷашни Наврӯз ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард."

 

Зимнан, сафири Эрон чанд рӯз қабл эълом карда буд, ки Наврӯзи муштараки раҳбарони кишварҳои форсизабон дар соли ҷорӣ дар шаҳри Шероз баргузор хоҳад шуд ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ин ҷашн ба Эрон даъват шудааст.

 

Ба ин хотир дар ҷараёни дидори рӯзи чаҳоршанбеи муъовини раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Эрон бо вазири фарҳанги Тоҷикистон, тасмим шудааст, ки барномаҳои ҷашни Наврӯз дар Шероз аз тариқи телевизиюни давлатии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш шавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1672-2010-02-04-04-13-41.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ