15:56:59 18-уми Июни 2025 сол

НОМАИ МЕДВЕДЕВ БА РАҲМОН

Президент Медведев дар номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон хостааст ба пахши дубораи ду шабакаи телевизиюнии Русия дар Тоҷикистон мусоъидат кунад. Аз сӯйи дигар, Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтаанд дар остонаи Наврӯз шабакаи муштараки телевизиюнии форсизабононро фаъол созанд.

 

Ба гуфтаи Абдураҳмон Абдуманонов, муъовини раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, ахиран Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, бо ирсоли номае аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки ба оғози дубораи пахши шабакаи телевизиюнии ОРТ ва РТР-и кишвараш дар Тоҷикистон мусоъидат кунад. Оқои Абдуманонов гуфт, ки ҳоло масъулони раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон машғули баррасии ин мавзӯъ ҳастанд. Шабакаи ОРТ дар Тоҷикистон аз замони касби истиқлоли ин кишвар то соли 2000 ва шабкаи РТР то авоили соли гузашта пахш мешуд.

 

Вале давлати Тоҷикистон ба далели напардохтани махориҷи фаннии пахши ин ду телевизиюн аз идомаи ин амр худдорӣ кард. Ҳарчанд соҳибназарон вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар ин амрро низ баъид намедонанд. Оқои Абдуманонов гуфт, ки азсаргирии пахши ин ду шабака мушкилотеро низ ба дунбол дорад, ки ҳалли онҳо чандон сода нест.

 

Ба унвони мисол, вай гуфт, ки дар барномаҳои ин ду шабака тасовири шаҳвонӣ ва хушунат вуҷуд дорад, ки бо меъёрҳои роиҷи ахлоқӣ дар Тоҷикистон муғоир буда ва ҷилавгирӣ аз пахши онҳо душвор аст. Аз сӯйи дигар, то се моҳ қабл дар Душанбе ва ҳаволии он барномаҳои шабакаи ОРТ тавассути телевизиюни пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пахш мешуд, ки он низ ба таъвиқ даромадааст.

 

Тайи чанд моҳи ахир миёни шабакаи СМТ, як телевизиюни мустақил дар Тоҷикистон, ва телевизиюни пойгоҳи Русия барои молик шудан бар ин мавҷ баҳсҳое доман задааст. Гуфта мешавад, ки пойгоҳи Русия аз ин мавҷ ба таври ғайриқонунӣ истифода мекунад, вале ин иддаъо таъйид нашудааст.

 

Масъулони Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон мегӯянд, ки машғули баррасии ин қазия ҳастанд ва ҳамзамон иддаъо доранд, ки ҳар шабакаи телевизиюнӣ дар Тоҷикистон бояд барои пахши барномаҳои худ аз давлати ин кишвар муҷаввиз дарёфт кунад.

 

Ин дар ҳолест, ки тибқи натоиҷи як назарсанҷи, ки ахиран аз сӯйи Маркази таҳлилии “Шарқ” анҷом шуда, ҳоло 34 дарсади сокинони Тоҷикистон тавассути онтенҳои моҳвораӣ барномаҳои телевизиюнҳои Русияро тамошо мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар соли 1996 ин рақам болиғ ба 75 дарсад будааст.

 

Телевизиюни муштарак

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Абдуманонов хабар дод, ки рӯзи панҷшанбеи 4 феврал миёни як ҳайъати давлати Эрон ва масъулони Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон мулоқоте анҷом шуда ва шароити оғози кори шабакаи муштараки телевизиюнии форсизабонон фароҳам шудааст. Ба гуфтаи вай, қарор аст дар остонаи таҷлил аз Наврӯз дар соли ҷорӣ ин шабакаи телевизиюнӣ фаъол шавад. Тасмим шудааст, ки дафтари ин шабакаи телевизиюнӣ дар Душанбе мустақар хоҳад буд.

 

Таъмини молии фаъолияти ин телевизиюн аз ҷониби Эрон сурат мегирад. Тоҷикистон барои фаъолияти ин шабака бино ва васоили фаннӣ фароҳам мекунад. Ҳар шом тамошочиён ҳам дар Эрон ва ҳам дар Тоҷикистон метавонанд барномае чаҳорсоъатӣ аз ин шабакаро тамошо кунанд. Субҳи рӯзи дигар ин барнома дубора пахш мешавад.

 

Ҳар ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки дусоъатӣ барномаи хешро таҳия кунанд, ки он шомили мавзуъоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хабарӣ мебошад. Ҳамчунин намоиши барномаҳое аз оршив низ дар назар будааст.

 

Зимнан, тасмими таъсиси чунин як шабакаи телевизиюнӣ дар дидори руасои ҷумҳурии се кишвари форсизабон, яъне Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон, дар соли 2006 иттихоз шуда буд. Вале гуфта мешавад, ки ба далели ихтилофи назарҳо дар миёни мақомоти се кишвар, аз ҷумла мухолифати бархе аз мақомҳои афғон, роҳандозии кори ин шабака ба дарозо кашидааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1689-2010-02-05-13-41-49.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ