НАМОЗХОН, ВАЛЕ ТАРАФДОРИ "ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ"
Натоиҷи як назарсанҷӣ дар остонаи интихоботи порлумонӣ ҳокист, ки ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон аз маҳбубияти бештаре дар миёни раъйдиҳандагон бархурдор аст. Бештари намояндагони аҳзоби мухолиф зимни истиқбол аз баргузории чунин як назарсанҷӣ дар мавриди бархе аз натоиҷи он изҳори тардид карданд.
Ин назарсанҷӣ аз сӯйи Маркази таҳлилии “Шарқ” бо кӯмаки молии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо, сафорати Бритониё дар Тоҷикистон ва Сандуқи Байналмилалии Системҳои Интихоботӣ (СБСИ) анҷом шудааст. Музаффар Олимов, раиси ин марказ, мегӯяд, ки зимни анҷоми ин назарсанҷӣ аз наҳваи муъосири чунин пажӯҳишҳо истифода шудааст ва коршиносони СБСИ натоиҷи ин пажӯҳишро таҳия кардаанд.
Тибқи ин назарсанҷӣ, дар бораи ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон 87 дарсади ҷамъияти ин кишвар иттилоъ доранд. Ин рақам соли 2004 муъодили 45 дарсад будааст. Дар бораи ҳизби наҳзати исломӣ 69 дарсади мардум иттилоъ доранд, ки дар муқоиса бо соли 2004 ҳудуди 23 дарсад бештар будааст. Танҳо ҳизбе, ки маъруфияти он дар панҷ соли ахир коҳиш ёфтааст, ҳизби демукроти Тоҷикистон мебошад.
Аз сӯйи дигар, тибқи натоиҷи ин назарсанҷӣ, ҳудуди ҳафтод дарсади пурсидашудагон дар бораи раҳбари ҳизби ҳоким иттилоъ доранд. Вале дар мавриди ҳизби наҳзати исломӣ ин рақам танҳо муъодили 14 дарсад будааст.
Ин нукта дар маросими муъаррифии натоиҷи ин назарсанҷӣ, ки рӯзи ҷумъаи 5 феврал баргузор шуд, баҳсҳоеро ба дунбол дошт. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, ки мардум дар ин кишвар маъмулан ҳизбҳои сиёсиро тавассути раҳбарони онҳо мешиносанд, вале натоиҷи назарсанҷӣ бо ин назар созгор набудааст.
Аз сӯйи дигар, натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳокист, ки ҳудуди 80 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон иттилоъро танҳо аз телевизиюнҳои давлатӣ дастрас мекунанд ва ба гуфтаи оқои Кабирӣ, дар шароите, ки намояндагони аҳзоби мухолиф ба ин шабакаҳо дастрасӣ надоранд, мизони ошноии мардум бо онҳо андак аст.
Вай афзуд: “Ба унвони мисол, дар тӯли панҷ соли ахир телевизиюни давлатӣ танҳо як маротиба маро дар барномаҳои худ нишон дод. Фикр мекунам, мизони 14-дарсадии ошноии мардум бо ман дар ин назарсанҷӣ зиёд аст, чун интизориҳои мо дар ин замина пойинтар аз ин рақам мебошад.”
Тафовути аслӣ дар ин назарсанҷӣ аз пажӯҳишҳои мушобеҳ дар соли 2004 ва соли 1996 дар он аст, ки дар бисёре аз шохисҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷойгоҳи дувум ҳизби куммунистро иваз кардааст. Ҳарчанд дар ҷомеъаи Тоҷикистон ин тасаввур вуҷуд дорад, ки арзишҳои исломӣ дар ҷомеъа ҳарчӣ бештар нуфуз касб мекунанд, вале натоиҷи ин назарсанҷӣ чунин иддаъоҳоро радд мекунад.
Ба эътиқоди пажӯҳишгарон, 64 дарсади мардуми Тоҷикистон ҷонибдори давлати дунявӣ ҳастанд. Ҳарчанд 25 дарсади пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки бояд бархе аз муқаррароти исломӣ дар ҷомеъа роҳандозӣ шаванд. Танҳо ҳафт дарсади пурсидашудагон аз таъсиси давлати исломӣ пуштибонӣ кардаанд.
Вале Муҳиддин Кабирӣ бархе аз натоиҷи ин бахши назарсанҷиро низ зери суол бурд. Тибқи ин пажӯҳиш, 63 дарсади сокинон гуфтаанд, ки намозхон ҳастанд ва 52 дарсади дигар гуфтаанд, ки барои адои намози ҷумъа ба масҷид мераванд.
Вале ба эътиқоди оқои Кабирӣ, ин рақам чандон воқеъӣ нест, зеро масоҷиди Тоҷикистон зарфияти адои намози беш аз ними сокинони кишварро дар ихтиёр надоранд. Ҳамзамон 42 дарсади пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки мухолифи манъи пӯшиши ҳиҷоб ва доштани риш дар донишгоҳҳо ҳастанд. Теъдоди ҷонибдорони ин маҳдудият 40 дарсад будааст.
Дар ҳамин ҳол, танҳо бист дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба баргузории интихоботи мунсифона комилан эътимод доранд. 42 дарсади дигар гуфтаанд, ки шояд интихобот мунсифона баргузор шавад. Вале ёздаҳ дарсади дигар ба ин амр аслан эътимод надоранд.
Маҳбубияти кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон аз нуқоти дигари мавриди таваҷҷӯҳи ин назарсанҷӣ унвон шудааст. Тибқи натоиҷи ин пажӯҳиш, мардуми тоҷик нисбат ба кишварҳои ҳамҷавор беш аз пеш муносибати беҳтаре нишон додаанд. Вале танҳо дар мавриди Ӯзбакистон дар панҷ соли ахир теъдоди он идда аз атбоъи тоҷик, ки нисбат ба ин кишвар муносибати хуб доранд, коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон 50 дарсади пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки аз шаҳрвандии Тоҷикистон ифтихор доранд. Вале се дарсади дигар гуфтаанд, ки аз чунин шаҳрвандӣ шарм мекунанд ва даҳ дарсади дигар бетафовутии худро нисбат ба ин мавзӯъ изҳор доштаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1692--q-q.html