ҲУШДОРИ РАҲМОН АЗ ХАТАРОТИ ТЕРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз маъмурони пулиси ин кишвар тақозо кард, ки дар баробари таҳдидҳои ҷаҳони имрӯз "ҳушёру зирак" бошанд. Оқои Раҳмон, ки рӯзи шанбеи 6 январ дар ҷаласае ба муносибати таҷлил аз 85-солагии таъсиси милиса ё пулиси ин кишвар суханронӣ дошт, тероризму экстремисм (ифротгароӣ), қочоқи маводди мухаддир ва аслиҳа, хариду фурӯши (қочоқи) одамон ва ҷароими дигари созмонёфта ва фаромиллиро аз ҷумлаи хатарот ва таҳдидҳое унвон кард, ки ҷомеъаи башариро имрӯз ба ташвиш овардааст.
Вай гуфт: "Кишвари мо низ ҳамчун узви ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ин хавфу таҳдидҳо дар канор нест. Дар чунин шароит аз шумо - кормандони мақомоти (ниҳодҳои) корҳои дохилӣ тақозо мегардад, ки дар роҳи пешгирии ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ, инчунин таъмини тартиботи (назми) ҷамъиятӣ беш аз ҳарвақта масъулиятнок ва зираку ҳушёр бошед."
Вай ҳамчунин аз вазорати умури дохилӣ ва сохторҳои дигари интизомӣ ва низомӣ тақозо кард, ки барои муқобала бо хатароти афзояндаи ҷиноятҳои фаромиллӣ, бахусус "тероризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва хариду фурўши одамон" ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалиро тақвият кунанд.
"Қурбониёни сулҳу субот"
Тоҷикистон аз кишварҳои кӯҳистонӣ ва фақири Осиёи Миёна аст, ки ҳамсояи наздики Афғонистон ба шумор меояд - кишваре, ки лонаи гурӯҳҳои ифротгаро ва теруристӣ ва ҳамчунин макони аслии тавлиди маводди мухаддир дар минтақа хонда мешавад. Кишварҳои урупоӣ ва Омрико Тоҷикистонро боруе (деворе) дар баробари қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Русия ва Урупо хонда ва тайи солҳои ахир кумакҳое ба пулис ва ниҳодҳои дигари интизомӣ ва амниятию низомии ин кишвар ироа кардаанд.
Бо ин ҳол, гуфта мешавад маъоши андак ва фасоди густарда дар ин сохторҳо боъис шуда, ки ин кишвар натавонад аз қочоқи маводди мухаддири тавлиди Афғонистон ба Русия ва Урупо ба таври комил ҷилавгирӣ кунад, Ҳарчанд маъмурони интизомии Тоҷикистон аз кашфу мусодираи миқдори қобили мулоҳизае аз ин мавод ҳамасола гузориш медиҳанд. Гузашта аз ин, коршиносони умури амниятӣ аз густариши ифротгароӣ дар миёни ақшори фақири ҷомеъаи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҳушдор медиҳанд.
Маъмурони пулис ва амниятии Тоҷикистон ҳам тайи солҳои ахир аз боздоштҳои густарда ва муҷозоти афроде, ки ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва теруристӣ муттаҳаманд, хабар додаанд.
Худи оқои Раҳмон дар суханронии худ гуфт: "Маҳз талошҳои ватандўстонаи шумо - кормандони мақомоти (ниҳодҳои) корҳои дохилӣ ва хидматчиёни дигар сохторҳои низомӣ буд, ки танҳо дар давоми зиёда аз даҳ соли охир 290 гурўҳу дастаҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша безарар гардонида шуданд."
Ба гуфтаи вай, дар ин муддат дар роҳи барқарорӣ ва ҳифзи сулҳу субот дар Тоҷикистон беш аз якуним ҳазор нафар аз кормандони милиса қурбон шудаанд, ки "мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату мардонагии онҳоро ҳамеша пос медоранд."
"Кормандони тасодуфӢ"
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз "ғамхории ҳукумат" нисбат ба кормандони пулис ёдовар шуда ва гуфтааст, ки дар даврони истиқлоли ин кишвар ҳудуди 500 корманди пулис "барои хидмати содиқона ва ҷасорату корнамоӣ" ҷавоизе дарёфт кардаанд. Вай ҳамчунин зикр карда, ки дар чанд соли ахир маъоши кормандони милиса 15 баробар афзудааст, вале бисёре аз маъмурони пулис мегӯянд, ки афзоиши маъоши онҳо дар баробари таваррум ва коҳиши баҳои пули миллӣ бисёр ночиз буда ва ҳамин сабаби густаришиф асод дар ниҳодҳои интизомӣ шудааст.
Пештар, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гузориш дода буд, ки дар соли 2009 алайҳи 84 корманди интизомӣ парванда боз кардааст, ки бештари ин парвандаҳо ба фасод марбутанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, оқои Раҳмон хостори тоза кардани пулис аз кормандони ба гуфтаи вай тасодуфӣ ва ашхосе шуд, ки "бо ғаразҳои нопок ба сафҳои мақомот шомил шуда, шаъну эътибори онҳоро метавонанд бо кирдорҳои коррупсионӣ (фасодомез) ва дигар аъмоли ношоиста доғдор намоянд,"
Вай ҳамчунин хостори ҷилавгирӣ аз хусуматҳои шахсӣ дар миёни мақомоти ниҳодҳои мухталифи интизомӣ шуд ва аз ҷумла гуфт: "Пештар як маъмури пулис як корманди додситониро бо маводди мухаддир боздошт карда буд, ман гуфтам, ки ба ӯ мукофот диҳанд, ба ҷойи ин ӯро ба шаш сол зиндон маҳкум карданд."
НигаронӢ аз афзоиши ҷароим
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз афзоиши якуним баробари мизони ҷурму ҷароим дар соли гузашта ибрози "ташвиши ҷиддӣ" карда ва вазорати умури дохилиро дастур дод, ки "дар соли 2009 якбора баланд шудани сатҳи ҷинояткориро" мавриди омўзиш қарор дода ва барои иҷрои муассири Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои ҷиддии иловагӣ андешад.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2009 мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2008 дастикам 6,7 дарсад, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ҳашт дарсад афзоиш ёфтааст. Аммо вай афзуд, ки дар пайи таъсиси шӯъбаи мубориза бо қочоқи инсон дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва иҷрои Барномаи мубориза алайҳи хариду фурўши одамон барои солҳои 2006-2010 сатҳи ҷинояткорӣ дар ин замина дар тӯли ду соли ахир нисбат ба солҳои пеш 50 дарсад пойин растааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлил аз 85-умин солгарди таъсиси пулиси Тоҷикистон ба бархе аз мақомҳои пулис ҷавоиз ва ановине эъто кард. Аз ҷумла, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилӣ, рутбаи махсуси "генерал-полковники милитсия"-ро дарёфт намуд. Ҳамчунин, Саидхон Ҷӯрахонов ва Фарҳодбек Шодмонбеков, муъовинони вазири дохила ва Муҳаммадӣ Муҳаммадиев, сардори раёсати тафтиши вазорати дохила, рутбаҳои "генерал-майори милитсия" ва Маҳмадсаид Каримов, сардори идораи оташнишонӣ, рутбаи генерал–майори хидмати дохилӣ дарёфт кардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1699-2010-02-06-19-24-00.html