ҶАВОБИ РАСМИИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА МАКТУБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
Ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Мирзиёев Ш.
Бо номаи Шумо доир ба лоиҳаи анҷом додани сохтмони НБО Роғун бодиққат шинос шудам. Ростӣ, дар ҳайрат мондам, ки муроҷиати нахустини расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур, ки ба унвони ман ирсол гардидааст, зуд дар саҳифаҳои воситаҳои ахбори умуми Ӯзбекистон интишор гардидааст, ки ба гумонам дар урфи дипломатӣ роиҷ нест.
Доир ба моҳияти масъала мехоҳам зикр намоям, ки мавқеи Тоҷикистон дар ин бобат тағйирнопазир аст ва ягон лоиҳаи дар кишвари мо татбиқшаванда ба муқобили ягон ҷониби дигаре нигаронида нашудааст ва дар ин раванд мо омода ҳастем бо дарназардошти манфиатҳои умумиминтақавӣ бо ҳамсояҳои худ ҳамкории зич дошта бошем. Дар ин хусус Президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои охир, борҳо, аз ҷумла аз минбари иҷлосияҳои 63-юм ва 64-уми Маҷмааи умумии СММ, саммити Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим ва дигар анҷуманҳои байналмилалї доир ба масъалаи об сареҳан изҳори ақида кардааст.
Изҳороти зикргардидаро иқдомоти реалӣ мукаммал намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози нияти холиси худ зиёда аз ду сол пеш ба Бонки Ҷаҳонӣ, ки он, тавре ки Шумо хуб медонед, сохтори соҳибваколати СММ аст, дар бораи гузаронидани ташхиси техникиву иқтисодии лоиҳаи НБО Роғун муроҷиат карда буд. Дар ин бора ман ба Шумо (№23.1/2-10 аз 19.12.2007) ва ба ҳамаи ҳамкорони минтақавии худ навишта, ба таври расмӣ пешниҳод карда будам, ки ба консорсиуми байналмилалӣ оид ба сохтмони ин иншоот ҳамроҳ шаванд.
Вале муроҷиати дуюмбора ба унвони Шумо низ (№14/2-52 аз 25.09.2008) беҷавоб монд, дар ҳоле, ки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор будани худро изҳор доштанд. Дар айни ҳол Бонки Ҷаҳонӣ бо ҳамаи ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ду маротиба - дар моҳҳои январ ва сентябри соли гузашта – бо вазорату идораҳои дахлдори Ӯзбекистон машваратҳои заруриро доир намуд ва тамоми эродҳои баёнгардида, аз ҷумла талабот нисбат ба амнияти сарбанд, ҷанбаҳои экологї ва иҷтимоии масъала дар супориши техникӣ оид ба таҳияи асосноксозии техникиву иқтисодӣ ба инобат гирифта шуданд.
Мавқеи устувори Тоҷикистон, ки дар масъалаи истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ равона гардидааст, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ меёбад. 11 декабри соли гузашта Президенти Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Роберт Зеллик дар мактуби худ ба мо ин сиёсати Тоҷикистонро таъйид намуда, омодагии худро доир ба ҳамкории зич дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ изҳор кард. Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт ҷаноби Томас Миров низ айнан ҳамин тавр изҳори ақида кардааст.
Мо, мисли пештара, чунин меҳисобем, ки барои ҳамоҳангсозии тамоми масъалаҳои обу энергетикаи Осиёи Марказї консорсиуми минтақавӣ, ки лоиҳаи консепсияи он ҳанӯз 7 сол пеш таҳия гардида, аз ҷониби ҳамаи давлатҳои минтақа, ба истиснои Ӯзбекистон, маъқул дониста шудааст, механизми самарабахш шуда метавонад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори худро доир ба эҳёи сохтмони НБО Роғун бо дарназардошти масъалаҳои зерин қабул кард:
Аввалан, бинобар зарурати ҳаётии ба таври мӯътадил таъмин намудани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо барқ, ки дар давраи тирамоҳу зимистон дар тӯли даҳсолаи охир ба камбуди шадиди он дучор мегардад ва аз ҳисоби воридот бартараф кардани он бо сабаби мунтазам эҷод шудани монеаҳои сунъӣ ғайриимкон гардидааст.
Бинобар вуҷуд надоштани захираҳои нафту газ, инчунин имкон надоштани интиқоли қувваи барқ аз дигар кишварҳо, бунёди иншооти гидроэнергетикии Роғун, ки қисми зиёди он ҳанӯз дар даврони шӯравӣ сохта шудааст, интихоби ягона гардид.
Дуюм, ин лоиҳа ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам дар солҳои охир борҳо мавриди ташхиси давлатӣ, инчунин ташхиси мустақил қарор гирифтааст (ташхиси охирин аз ҷониби ширкати олмонии “Lahmeyer” дар соли 2006 бо фармоиши ҶСК «РусАл» сурат гирифтааст), ки хулосаҳои онҳо зарурати иқтисодӣ ва амнияти экологии иншоотро тасдиқ намуданд. Дар сохтмони НБО «Роғун» ба ҳайси пудратчиҳо иштирок кардани ширкатҳои Россия ва бисёр ширкатҳои дигари хориҷӣ нишонаи возеҳи вуҷуд надоштани ягон ташвиши ин кишварҳо нисбати лоиҳа мебошад.
Таҳқиқоти мазкур, ки зимнан аз ҷониби олимони олмонӣ бо фармоиши ҶСШК «Гидропроект»-и ш. Тошканд гузаронида шудаанд, устувории сарбанди бо сангу шағал ва бо меҳвари сафедхок сохташавандаро ҳамчун иншооти аз ҳама эътимодноктарин ва дарозумр, камхавфтарин ва барои шароити маҳал муносибтарин собит намуданд. Инро истифодаи қариб 40-солаи бомуваффақияти сарбанди НБО «Норак», ки дар масофаи начандон дур аз Роғун ҷойгир аст, ба таври возеҳ таъкид менамояд.
Доир ба ҳолати кунунии ин иншоот бошад, метавон гуфт, ки дар моҳи октябри соли 2009-ум Комиссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург ба сарбанди 300-метраи НБО «Норак» нишони махсус ва сертификати сифатро ҳамчун «дастоварди олии афкори муҳандисӣ» сазовор донист. Навсозии иншооти мазкур, ки ҳоло идома дорад, имкон медиҳад, ки фаъолияти самарабахши он дар ояндаи дарозмуддат таъмин карда шавад.
Табиист, ки ин таҷрибаи нодир бо истифодаи технологияҳои нав дар НБО «Роғун» низ истифода хоҳад шуд, ки лоиҳаи сарбанди он барои минтақаи сохтмони эҳтимоли заминҷунбиаш на зиёда аз 9 балл мувофиқ гардонида шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар тӯли тамоми таърих дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи 10-балла ва дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ бошад, заминларзаи зиёда аз 6 балл, ба қайд гирифта нашудааст.
Фалокати баҳри Арал, тавре ки натиҷаҳои тадқиқоти мутахассисон нишон медиҳанд, бевосита ба азхудкунии васеи заминҳои нав дар минтақа (аз 2,8 миллион гектар дар ибтидои асри ХХ то 9 миллион гектар дар охири садсола, ки аз он ба Тоҷикистон танҳо 720 ҳазор гектар ва ба Ӯзбекистон 4,2 миллион гектар рост меояд) ва ба истифодаи технологияҳои қафомондаи обёрӣ, ки боиси то 60 фоиз бебозгашт талаф ёфтани об мегардад, вобаста мебошад.
Дар ин хусус дар Протоколи комиссияи ташхисии Шӯрои техникии Пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и Тошканд ҳанӯз дар соли 1968 сухан рафтааст. Бунёд гардидани обанборҳо дар кишварҳои поёноб, ки маҳз бо мақсади обёрӣ сохта шудаанд ва обро тамоми сол захира карда, ба резиши он ба баҳр монеа эҷод мекунанд, боиси фоҷиаи баҳри Арал гардидааст. Шумораи чунин иншооти сохташуда ва ҳоло амалкунанда ба 100 адад расида, ҳаҷми умумии обанборҳои дар айни ҳол сохташаванда аз ҳаҷми мавҷудаи оби баҳри Арал 1,5 баробар зиёд аст.
Ҳамчунин бояд ба инобат гирифт, ки дар васеъ гардидани майдонҳои кишт ва рушди пахтакорӣ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон обанборҳои Тоҷикистон, ки обро захира намуда, дар давраи обёрӣ ба таври мӯътадил расонидани онро таъмин месозанд, нақши ҳалкунанда бозиданд ва ҳанӯз ҳам мебозанд. Фикр мекунам, ба Шумо хотиррасон намудан ҷоиз аст, ки дар фасли тобистони камоби соли 2000 бо хоҳиши ҷониби Ӯзбекистон Тоҷикистон ду маротиба даҳрӯзӣ аз обанбори Норак дар ҳаҷми ҳазор метри мураббаъ дар як сония обро ҷорӣ намуд. Мувофиқи хоҳиши ҳамсояи худ мо огоҳона бар зарари худ, яъне аз баҳри фоида ва истеҳсоли қувваи барқ дар фасли зимистон гузашта, ба чунин иқдом даст задем. Тасаввур кардан мушкил нест, ки агар ин обанбор ё обанбори Қайроққум, инчунин ҳисси анъанавии дастгирии ҳамдигарии мо намешуд, Ӯзбекистон чи гуна зарар медид.
Вобаста ба тавозуни об, бояд гуфт: оби дарёи дохилии Тоҷикистон - Вахш, ки нерӯгоҳ дар он сохта мешавад, 28,6 фоизи маҷрои миёнаи солонаи Амударёро ташкил медиҳад ва пур кардани обанбори Роғун аз ҳисоби лимити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 сол сурат хоҳад гирифт. Идоракунии низоми маҷрои Вахш дар доираи механизмҳои мавҷудаи умумиминтақавӣ амалӣ хоҳад гашт. Аз ин рӯ, сохтмони иншоот ба низоми маҷрои об ягон хел таъсир нахоҳад расонд ва ҳаёти одамонро таҳти хатар қарор нахоҳад дод.
Гузашта аз ин, бо ибрози ҳусни нияти ҳамсоягии нек якчанд сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи кӯли Сарез барои таъмини доимии аҳолии тамоми минтақа, ва дар навбати аввал ҳамсояи наздиктарини мо – ӯзбекистон, бо оби тозатарини нӯшокӣ ташаббус зоҳир карда буд. Мутаассифона, ин пешниҳод дастгирї пайдо накард.
Ҳамин тариқ, тавре ки мебинед, ҳамаи масъалаҳои экология, тавозуни об ва таҳдидҳои эҳтимолии фоҷиаи техногенӣ аз ҷониби Тоҷикистон пурра ба назар гирифта мешаванд ва сохтмони чунин иншоот мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳаққи пурра ва мустақили ҳар як давлат мебошад.
Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир аст, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба ин лоиҳаро баррасӣ намояд ва бо ин мақсад омода аст, дар вақтҳои наздик ҳайати босалоҳияти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Душанбе қабул намояд.
Бо эҳтиром, Оқил Оқилов
АМИТ "Ховар"
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1701-2010-02-07-05-04-01.html