15:40:29 18-уми Июни 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МИЛИСАҲО: «ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕД»

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 85-солагии милиса гуфт, дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурате пеш омадааст, ки дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориву қонуншиканиҳо тарзу усулҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ такмилу сайқал дода, имконияту воситаҳои нав мавриди истифода қарор дода шаванд.

 

Вай гуфт: «Таҳлили вазъи риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо нишон медиҳад, ки соли гузашта дар мамлакат ҳодисаҳои қонуншиканиву ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин афзудааст. Соли 2009-ум ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2008-ум 6,7 фоиз, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин 8 фоиз зиёд шудааст.»

 

Нуфузи худро нигоҳ доред

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимояи мардум будани милисаро муҳим дониста, таъкид кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд ҳамеша бо мардум бошанд, бо халқ муомила ва ҳамкории хуб дошта, бо рафтору кирдори нек, интизоми баланди хизматӣ, такмили пайвастаи малака ва маҳорати касбии худ эътибору нуфузи намояндаи ҳокимиятро нигоҳ доранд ва дар роҳи риояи қонуният худашон намуна бошанд.

 

Зеро рафтори намунавӣ ва фаъолияти беғаразонаи кормандони милиса яке аз воситаҳои муҳими пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад, гуфт ӯ. "Маҳз талошҳои ватандўстонаи шумо - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хидматчиёни дигар сохторҳои низомӣ буд, ки танҳо дар давоми зиёда аз даҳ соли охир 290 гурўҳу дастаҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша безарар гардонида шуданд."

 

Маоши кам сабаби фасод

Раисҷумҳур ҳамчунин аз афзоиши якуним баробари ҷинояткорӣ дар соли гузашта ибрози "ташвиши ҷиддӣ" кард ва ба вазорати корҳои дохилӣ дастур дод, ки "дар соли 2009 якбора баланд шудани сатҳи ҷинояткориро" мавриди омўзиш қарор дода, барои иҷрои муассири Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои ҷиддии иловагӣ андешад.

 

Дар мавриди беҳдошти вазъи моддии маъмурони пулис гуфт, сарфи назар аз он ки солҳои ахир маоши кормандони милиса 15 баробар афзудааст, вале бисёре аз маъмурони пулис мегӯянд, афзоиши маоши онҳо дар баробари таваррум ва коҳиши баҳои пули миллӣ бисёр ночиз будааст ва ин боиси густариши фасод дар ниҳодҳои интизомӣ шудааст.

 

ОдамфурӮшӢ 50% кам шудааст

Раисҷумҳур афзуд, ҷиҳати пешгирии хариду фурўши одамон ва мубориза бар зидди он, ки яке аз хатарҳои нави ҷаҳони муосир мебошад, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон мақоми махсуси машваративу ҳамоҳангсозӣ - Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон таъсис шуд.

 

Бо дарназардошти он ки ин намуди ҷиноят, яъне хариду фурўши одамон асосан нисбат ба занон ва кўдакон содир мегардад, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ шўъбаи мубориза бар зидди хариду фурўши одамон ташкил шуд. Дар натиҷаи татбиқи Барномаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон барои солҳои 2006-2010 ва ҳамкории ниҳодҳо сатҳи ҷинояткорӣ дар ин самт дар давоми ду соли охир нисбат ба солҳои пеш 50 фоиз паст гардидааст.

 

Милисаҳои тасодуфӢ

Эмомалӣ Раҳмон роҳ ёфтани милисаҳои тасодуфиро инкор накард. Вай хостори тоза кардани ин ниҳод аз кормандони тасодуфӣ ва афроде шуд, ки "бо ғаразҳои нопок ба сафҳои мақомот шомил шуда, шаъну эътибори онҳоро метавонанд бо кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар аъмоли ношоиста доғдор намоянд."

 

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1705--l-r.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ