16:56:45 18-уми Июни 2025 сол

ШИКОЯТИ АҲЗОБИ МУХОЛИФ

Масъулони ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон аз 15 ҳодисаи нақзи қавонини интихобот дар корзори интихоботии ин ҳизб шикоят кардаанд. Раҳматулло Зоиров, раҳбари ин ҳизб, рӯзи душанбеи 8 феврал дар нишасте хабарӣ гуфт, ки бо вуҷуди замонати раиси ҷумҳурӣ дар мавриди баргузории интихоботи шаффоф ва озод мавориди зиёди мудохилаи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар раванди интихобот ба мушоҳида расидааст.

 

Ба гуфтаи оқои Зоиров, умдатан масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва кумисиюнҳои марокизи раъйгирии Тоҷикистон аз номзадҳои ҳизби ҳокими халқи демукрот пуштибонӣ карда ва танҳо барои мулоқоти номзадҳои ин ҳизб бо интихобкунандагон шароити мусоъид фароҳам мекунанд. Ӯ ба унвони мисол аз корзори интихоботии худ, ки дар ҳавзаи инфиродии рақами 4-и шаҳри Душанбе ба унвони номзад дар интихоботи порлумонӣ сабти ном шудааст, ёдовар шуд ва гуфт, ки масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ аз рақибаш Шермаҳмади Шоҳиён, номзади ҳизби ҳокими халқи демукрот ҷиддан ҳимоят мекунанд.

 

Аз сӯйи дигар, масъулони ҳизби сусиёл-демукрот таъкид карданд, ки дар ҳоле ки Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон феҳристи мулоқоти аҳзоби сиёсӣ бо интихобкунандагонро таҳия ва вақту маҳалли мулоқотҳоро эълом кардааст, аммо дар бештари маворид кумисиюнҳои интихоботии ҳавзаҳо ин санадро нодида мегиранд. Гуфта мешавад тибқи ин феҳрист бояд ҳафтаи гузашта дар шаҳри Турсунзода, дар ғарби Тоҷикистон, мулоқоти намояндагони аҳзоб бо интихобкунандагон баргузор мешуд, вале кумисиюни ҳавзаи интихоботии ин шаҳр ин мулоқотро танҳо бо номзадҳои ҳизби халқи демукрот баргузор карда ва намояндагони 7 ҳизби дигари кишварро ба ин нишаст даъват накардааст.

 

Ҳамчунин, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот аз ончи "фишори равонӣ аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ" ва "пахши матолиби тавҳиномез" дар бораи ӯ ва ҳизбаш дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон хонд, шикоят кард. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз масъулони давлати Тоҷикистон мақомоти ҳизби сусиёл-демукротро аз мухолифони сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" талаққӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ин ҳизб идеи бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро на, балки аз наҳваи сохтмони он ва асосҳои ҳуқуқии он интиқод кардааст.

 

Раҳматулло Зоиров таъкид кард, ки дар садад аст аз мавориди нақзи қонуни интихобот ба Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон ва ҳайати нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар ин кишвар шикоят бибарад. Зимнан, Воҳидхон Қосиддинов, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ аз сабти беш аз 10 мавриди нақзи қонуни интихобот дар корзори интихоботии ин ҳизб хабар дода ва гуфт, ки ин ҳизб рӯзи душанбе дар замина шикояте расмӣ ба Кумисиюни марказии интихобот ирсол хоҳад кард.

 

Дар ҳамин ҳол, Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, гуфт, ки то ҳол расман аз аҳзоб ва номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ дар мавриди нақзи қонуни интихобот дар ҳавзаҳои интихоботӣ шикояте ба ин ниҳод нарасидааст. Ба эътиқоди коршиносон, пас аз поёни муддати сабти номи номзадҳо ба интихоботи порлумонӣ, ки 8 феврал муқаррар шуда буд раванди корзори интихоботӣ шиддати бештар касб хоҳад кард ва афзоиши мавориди нақзи қонуни интихобот ва ирсоли шикоятҳои бештар ба Кумисиюни марказии интихоботро метавон ҳадс зад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1708-2010-02-08-14-09-07.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ