06:07:44 01-уми Июни 2025 сол

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ - НОМЗАД БА МАҶЛИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рустами Эмомалӣ, фарзанди Президент Раҳмон, ба унвони номзад ба узвияти Маҷлиси шаҳри Душанбе пешниҳод ва сабти ном шудааст. Дар авохири соли гузашта писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон узви раёсати ҳизби ҳокими ҳалқи демукрот интихоб шуда буд. Ҳамчунин, дар соли гузашта Рустами Эмомалӣ ба симати муъовини раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон интихоб шуд, ки ин созмон аз ҳаққи пешниҳоди номзад ба симати раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархӯрдор аст.

 

Ҷумъабой Сангинов, раиси фроксиюни ҳизби ҳалқи демукрот дар порлумони феълии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 11 феврал дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки Рустами Эмомалӣ дар ҳавзаи шумораи 23 пойтахт ба унвони номзад ба Маҷлиси шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.

 

Ба эътиқоди оқои Сангинов, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 18 мерасад, аз ҳаққи интихоб кардан ва ё интихоб шудан бархӯрдор аст ва пешниҳоди номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакилӣ дар Маҷлиси Душанбе як амри маъмулӣ маҳсуб мешавад. Вай афзуд: “Аслан ин тасмими Рустами Эмомалӣ ба унвони як ҷавон барои ворид шудан ба саҳнаи сиёсат худ як навъ ҷасорат аст.”

 

Ба гуфтаи Ҷумъабой Сангинов, ҳарчанд Рустами Эмомалӣ ҷавон аст, вале дар ҷомеъаи Тоҷикистон вай чеҳраи шинохташуда маҳсуб мешавад ва пешниҳоди номзадии вай бозгӯйи манофеъи ҳизби ҳокими халқи демукроти ин кишвар мебошад. Оқои Сангинов афзуд: “Рустами Эмомалӣ ба ҳайси фарзанди раҳбари миллат метавонад дар рушди кишвар саҳми арзандае дошта бошад.”

 

Оқои Сангинов мутмаин аст, ки интихобкунандагон ба ӯ раъй хоҳанд дод, зеро дарк мекунанд, ки “Рустами Эмомалӣ метавонад ба ҳалли масоили сокинони ин ҳавзаи интихоботӣ иқдом кунад.”

 

Ин дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбеи 10 феврал дар мулоқоти масъулони ҳизби халқи демукрот бо интихобкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе эълом шуд, ки Рустами Эмомалӣ феълан дар маъмурият ё сафари хидматӣ қарор дорад ва ба ин далел натавонистааст дар ин мулоқот ширкат кунад.

 

Қарор аст интихоботи вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе ҳамзамон бо интихоботи порлумонӣ рӯзи 28-уми феврал баргузор шавад. Ба Маҷлиси шаҳри Душанбе ба гунаи маҷолиси вилоятҳо 60 вакил интихоб мешаванд.

 

Зимнан, Рустами Эмомалӣ аз як сол пеш ба ин сӯ дар симати раиси бахши соҳибкорӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад. Тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф, Рустами Эмомалӣ фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, вале гуфта мешавад, ки дар хориҷа низ таҳсил кардааст.

 

Дар гузашта Рустами Эмомалӣ ба ҳайси мубтакир ва бозигари тими футболи “Истиқлол” маъруф буд. Ин тим феълан яке аз тимҳои пуртарафдори футбол дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вале Рустами Эмомалӣ танҳо фарзанди Президент Раҳмон нест, ки вориди саҳнаи сиёсат дар Тоҷикистон шудааст.

 

Дар соли гузашта Озода Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳур, низ ба симати муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон мансуб шуд. Дар ду соли ахир хонум Раҳмонова масъулияти бахши кунсулгарии ин вазоратхонаро бар ӯҳда дошт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1727-2010-02-11-06-02-35.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854