ОҚИЛ ОҚИЛОВ: "МАҲДУДСОЗӢ РОҲИ ҲАЛ НЕСТ"
Равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон тайи солҳои ахир ба далели ихтилофоти ин ду кишвар бар сари масоили обу энержӣ, дар меҳвари таваҷҷуҳи расонаҳо ва афкори умумӣ қарор гирифтааст. Дар ҳоле ки давлати Тоҷикистон аз поёни соли гузашта ба фурӯши саҳоми нерӯгоҳи "Роғун" пардохта ва корзори густардаи таблиғотӣ барои харидории ин саҳомро дар байни мардуми ин кишвар ба роҳ андохтааст, мақомоти Ӯзбакистон бо иҷрои ин тарҳ башиддат ибрози мухолифат кардаанд.
Тозатарин маврид аз қилу қоли ду тараф бар сари ин тарҳ номаҳоест, ки Шавкат Мирзиёев ва Оқил Оқилов, нахуствазирони ӯзбаку тоҷик, ба ҳам мубодила карданд. Дар ин номаҳо яке аз зиёни эҳтимолии тарҳи "Роғун" гуфта ва дигарӣ иддаъоҳои ӯро рад кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки доманаи баҳсу ихтилофоти ду кишвар акнун аз музокираи диплумотик фаротар рафтааст.
Аммо дар мусоҳибаи ихтисосие, ки Райҳон Дмитрий, хабарнигори бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ, бо Оқил Оқилов анҷом дода, нахуствазири Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш омодаи музокира бо мақомоти ӯзбак аст. Фишурдаи ин мусоҳиба ин аст:
Оқил Оқилов: Ҳоло мавзӯъ ин аст, ки кишварҳои болооб, яъне Қирғизистону Тоҷикистон, аз зарфияти бузурги энержии обӣ, ки ҳудуди 68 милёрд килувот соъат дар сол аст, бархурдоранд. Аз сӯйи дигар, кишварҳои поёноб захоири бузурги маводди сӯхтӣ доранд.
Дар гузашта тақсими манобеъи об дар минтақа чунин сурат мегирифт, ки ин ду кишвари болооб дар фасли зимистон обро захира мекарданду дар фасли тобистон нерӯи барқро ба системи воҳиди энержии минтақа интиқол медоданд.
Дар фасли зимистон кишварҳои поёноб барқ ва маводди сӯхтиро барои ду кишвари болооб таъмин мекарданд. Вале мутаассифона, ин тавозун дар авоили даҳаи 1990 аз байн рафт. Ҳарчанд системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ то авохири соли гузашта фаъол буд, вале тавозун дар мубодилаи об ва нерӯи барқ сурат намегирифт.
-Яъне, кишварҳо аз ҳамдигар пардохти маблағеро тақозо мекунанд. Масалан, барои интиқоли гози табиъӣ?
-Дуруст аст, ки дар шароити феълӣ ҳамкориҳои миёни кишварҳои минтақа бояд бар пояи манофеъи ҳамдигар сурат бигирад. Ва мо муваззаф ҳастем вазъи баамаломада дар Осиёи Марказиро баррасӣ кунем. Ба иқрор бояд бигӯем, ки дар Осиёи Марказӣ истифода аз манобеъи об ба мавзӯъи доғе табдил шудааст. Дар ин бора раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамоишҳои дигар чанд маротиба изҳори назар карда буд.
Президент Раҳмон пешниҳод кард, ки дар сатҳи СММ гурӯҳи коршиносоне таъсис дода шавад, ки вазъи истифода аз захоири об дар ҳавзаи дарёчаи Оролро баррасӣ кунад. Ба эътиқоди раҳбари Тоҷикистон, ин бозрасон бояд дар канори баррасии вазъи муҳити зисти минтақа ҳамчунин таъсири обанборҳои фаъол ва онҳое, ки ҳамакнун сохта мешаванд, бар вазъи зистмуҳитии Осиёи Марказӣ, бавижа ҳавзаи дарёчаи Оролро баррасӣ кунанд.
-Масоили истифода аз захоири об миёни мақомоти кишварҳои минтақа ихтилофи назарҳоеро ба миён овардааст. Ба назари Шумо, чигуна метавон ин мушкилро ҳал кард?
-Фикр мекунам, ки аз суханпардозӣ бояд ба амал гузашт. Нахуст, бояд барномаеро дар заминаи истифода аз текнулужиҳое барои кам кардани масрафи об таҳия кард. Иҷрои ин барнома сармояи ҳангуфтеро тақозо мекунад ва ҳоло мо дақиқан намедонем, ки ин чи маблағе хоҳад буд.
Вале мусаллам аст, ки наҳваи феълии обёрии мазореъ дар Осиёи Марказӣ қадимӣ ва ғайримуассир аст. Нуктаи дигар ин аст, ки зимни ҳалли масоили дарёчаи Орол кишварҳои минтақа бояд ҳадафи муштаракеро дунбол кунанд, на ба таври алоҳида танҳо манофеъи кишвари худро ба назар бигиранд.
Ба ин хотир мо ҳануз ҳафт сол пеш таъсиси як корпоратсияи (иттиҳодияи) обу эенержӣ дар минтақаро пешниҳод карда будем, ки аз сӯйи Қазоқистон ва Қирғизистон пуштибонӣ шуд. Аммо Ӯзбакистон бо таъсиси чунин ниҳоде мухолифат мекунад. Барои таъсиси он ризояти куллияи кишварҳои минтақа лозим аст.
-Чаро Ӯзбакистон бо ин пешниҳод мухолиф аст?
-Таъсиси чунин як ниҳод муштарак будани манобеъи об ва маводди сӯхтиро пешбинӣ кардааст, зеро ҳалли ин масоил ба ҳамдигар бастагӣ дорад. Ӯзбакистон бо чунин масъалагузорӣ мувофиқ нест.
-Расонаҳои гурӯҳӣ номаи нахуствазири Ӯзбакистон ва посухи Шуморо мунташир карданд. Вақте матни ин номаро дар расонаҳо хондед, эҳсосоти нахусти Шумо чӣ буд?
-Дар посухи худ навиштам, ки қабл аз дарёфти ин нома, матни онро ман аз расонаҳо хондам. Ин мавзӯъ вокунишҳоеро ба дунбол дошт. Як нуктаро мехостам таъкид кунам. Ҷониби Ӯзбакистон иддаъо дорад, ки ин тарҳ қадимӣ шудааст. Аммо манзурашон чист? Агар агрегатҳо (турбинҳо) қадимӣ ҳастанд, пас мо метавонем бархе аз меконисмҳои ҷадиди онро ворид созем.
Вале магар тарҳ дар маҷмӯъ қадимӣ мешавад? Таҷрубаи истифода аз садди обанбори "Норак" собит кард, ки чунин навъи сад беҳтарин ва муассиртарин аст. Аз сӯйи дигар, дар Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон магар каманд таъсисоте, ки аз рӯи лоиҳаҳои замони Шӯравӣ сохта шудаанд?
-Вале нахуствазири Ӯзбакистон иддаъо дорад, ки бархе аз созмонҳои байналмилалӣ аз мавзеъи кишвараш пуштибонӣ мекунанд.
-Бозрасии тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ дар ҳамаи сутуҳ анҷом шудааст. Гузашта аз ин, дар соли 2006 бозрасии мустақилонаи ин тарҳ аз сӯйи як ширкати олмонӣ анҷом шуд. Ба манзури эҳтиром ба кишварҳои минтақа мо ҳамчунин ба Бонки Ҷаҳонӣ муроҷиъа кардем, то асноди зарурӣ барои таъсиси кунсерсиюми байналмилалӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро таҳия кунад.
Ман ду дафъа ба нахуствазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ муроҷиъа кардам, ки агар масоили мавриди назаре дошта бошанд, ба Бонки Ҷаҳонӣ ирсол кунанд, то зимни таҳияи аснод назароти онҳо ба инобат гирифта шаванд.
Ва бояд бигӯям, ки аз ҳамиа ҳамтоёнам аз кишварҳои минтақа посухҳое дарёфт кардам, ба ҷуз Ӯзбакистон. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бо мақомоти зирабти Ӯзбакистон дидор доштанд ва бо дарназардошти мавзеъгирии онҳо таҳияи асноди фаннӣ ва молии ин тарҳ идома дорад.
-Вале оё Тоҷикистон омода аст, ки бозрасии байналмилалии тарҳи "Роғун" сурат бигирад, ҳамон гуна ки Ӯзбакистон иддаъо дорад?
-Мо барои худ мушаххас кардаем, ки агар бозрасӣ сурат мегирад, бояд куллияи таъсисоти марбут ба об дар минтақа бозрасӣ шаванд. Вале идомаи сохтмони "Роғун" ҳаққи мост. Ва ин тасмими мо бар пояи муқаррароти Кунвонсиюни Ҳелсинки аз соли 1972 гирифта шудааст.
-Вале Ӯзбакистон иддаъо дорад, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ин кишвар бо камбуди об рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин иддаъо то куҷо дуруст аст?
-Ҳамин ҳоло хабар ёфтам, ки коршиносони ӯзбак ҳатто мизони хисороти эҳтимолии ворида аз сохтмони "Роғун"-ро мушаххас кардаанд. Вале ин ҳама бепоя аст.
Мо обанбори "Роғун"-ро аз ҳисоби саҳми Тоҷикистон аз оби рӯдхонаи Омӯ пур хоҳем кард, ки бозгӯйи тавофуқоти миёни кишварҳои минтақа аст. Бовар кунед, агар чунин паёмадҳое воқеъӣ мебуданд, ҳукумати вақти Шӯравӣ сохтмони "Роғун"-ро оғоз намекард. Бори дигар таъкид мекунам, ки обанбори "Роғун" то 90 дарсад кишварҳои минтақаро аз хушксолиҳо ҳифз хоҳад кард. Ин болотарин мизон аст.
Вале дар ин замина мо бояд ҳамкориҳои судманде дошта бошем. Мо барои ҳамкориҳои муассир ва мутамаддинона омода ҳастем. Зеро Ӯзбакистон кишвари ҳамсояи мост ва куллияи масоил бояд дар пайи музокирот ва ҳамкории судманд ҳалли худро пайдо кунад.
-Шумо, ки аллакай нахустин пешниҳоде кардаед?
-Бале. Ман аз ҷониби Ӯзбакистон даъват кардам, ки ҳайъатеро ба Душанбе эъзом кунад, то мо битавонем пушти миз иддаъоҳои ҳамдигарро баррасӣ кунем. На аз тариқи мукотиба, балки дар рӯбарӯйи ҳам. То ҳол дар ин замина посухе нагирифтаам. Вале мунтазирам.
-Вале таъсири ин қазия бар кишвари Шумо зоҳиран бештар эҳсос мешавад. Ахиран, баъд аз интишори посухи Шумо, Ӯзбакистон мизони интиқоли гози табиъӣ ба Тоҷикистонро коҳиш дод?
-Бале. Аз сӯйи дигар, Тоҷикистон дар фасли сармо бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ аст. Мо бояд аз хориҷ дар ин фасли сол нерӯи барқ ворид созем. Вале иҷрои ин амр бо маҳдудиятҳое дар кишварҳои ҳамсоя рӯбарӯ мешавад. Пас, мо чӣ кор кунем?
Пеш аз ҳама, ин мушкил ба мардуми Тоҷикистон таъсиргузор аст. Ва мардуми Тоҷикистон аз тасмими давлаташон барои азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки бахши аслии он дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, пуштибонӣ мекунанд.
-Ҳамарӯза гузориш мешавад, ки Ӯзбакистон интиқоли гозро коҳиш додааст, марзро бастааст ва ё ба далели убури гӯсолае аз марз хархашае ба роҳ андохтааст. Расонаҳои гурӯҳии Ӯзбакистон таблиғоти густардае алайҳи Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Дар сурати идомаи чунин вазъ Тоҷикистон чӣ иқдоме хоҳад кард?
-Ба гуфтаҳои Шумо метавонам изофа кунам, ки ҳоло марзи миёни кишварҳои мо мингузорӣ шудааст. Мардуми бегуноҳе дар онҳо ҷони худро аз даст медиҳанд. Вале мавзеъи мо ин аст, ки вазъиятро набояд муташанниҷ сохт. Ба ин далел, аз онҳо даъват кардам, ки ба Душанбе оянд.
Мо ҷонибдори он ҳастем, ки бо дарназардошти манофеъи ҳар ду ҷониб куллияи масоил ҳалли худро пайдо кунанд. Танҳо аз роҳи маҳдудсозӣ ҳеҷ яке аз мушкилоти мо ҳал нахоҳанд шуд. Бояд шароите барои рушди ҳар ду ҷониб фароҳам карда шавад. Ин шароит ба манофеъи мардуми ҳар ду кишвар хоҳад буд.
-Сипосгузорем аз сӯҳбати Шумо.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1739--q-q.html