23:29:52 25-уми Июни 2025 сол

ҚАРОҚУЛОВ: КИШОВАРЗОН АЗ МО ПУШТИБОНӢ МЕКУНАНД

Интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ дуюмин тадбири бузурги сиёсии Тоҷикистон аст, ки Ҳизби кишоварзии ин кишвар пас аз оғози фаъолият дар моҳи декабри соли 2005 дар он ширкат мекунад.

 

Нахуст, Амир Қароқулов, раҳбари ин ҳизб ба унвони номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 вориди муборизоти интихоботӣ шуда буд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки ин ҳизби ҷавону камтаҷруба тавони рақобат бо ҳизбҳои пуртаҷруба ва бонуфузе чун халқи демукрот, наҳзати исломӣ, кумунист ва сусиёл-демукротро дорад? Амир Қароқулов, раҳбари Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар суҳбате ихтисосӣ бо ҳамкорамон Мардони Муҳаммад дар посух ба ин суол чунин гуфтааст:

 

А. Қароқулов: Ҳарчанд ҳизби кишоварзӣ ҷавон ва дар корзори интихоботӣ таҷрубаи кофӣ надорад, вале мо бовар дорем, ки кишоварзони Тоҷикистон аз мо пуштибонӣ карда ва барои номзадҳои ҳизби кишоварзӣ раъй медиҳанд. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, беш аз 70 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва аксари онҳо тарафдори ҳизби мо ҳастанд.

 

-Вақте Шумо бо имони комил чунин мегӯед, ҳатман дар ин замина далеле доред?

 

-Бале. Дар ҷараёни корзори интихоботӣ бо сокинони вилояти Хатлон, дар ҷануб, ва навоҳии шарқи Тоҷикистон мулоқотҳое доштем ва бештари ҷамъияти деҳот, бахусус, кишоварзон аз барномаи ҳизби мо пуштибонӣ карданд.

 

Ҳимоят аз манфиъатҳои деҳқон ё кишоварзи Тоҷикистон аз аҳдофи аслии ҳизби кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Дар барномаи интихоботии ҳизби кишоварзӣ низ ба боло бурдани иқтисоди кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон таъкид шудааст.

 

-Шумо аз кадом роҳҳо манофеъи кишоварзонро ҳимоят мекунед?

 

-Мо ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки бахши кишоварзӣ дар авлавият қарор гирифта ва ба ин бахш аз сӯйи давлат мусоъидати молӣ шавад. Ҳамчунин, барои рушди бахши кишоварзӣ ва рақобатпазир шудани маҳсулоти кишоварзӣ заминаи моддию фаннӣ фароҳам карда шавад.

 

-Ҳоло колхозу совхозҳо комилан аз миён рафта ва ба ивази онҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ё муҷтамаъҳои кишоварзии хусусӣ таъсис дода шудаанд. Чи гуна давлат метавонад бахши хусусиро сармоягузорӣ кунад?

 

-Давлат бояд барои бахши кишоварзӣ инфрасохтор (зербиноҳо) фароҳам кунад, то кишоварзон битавонанд аз он осон ва бо қимати арзон барои бароварда сохтани ниёзҳои худ истифода кунанд.

 

-Манзури Шумо поркҳои троктур ва таҷҳизоти фаннии кишоварзӣ аст, ки дар даврони Шӯравии пешин роиҷ буд?

 

-На танҳо порки троктурҳо, балки нуқтаҳои фурӯш ва тавзеъи куди шимиёӣ, васоили мубориза бо малаху ҳашароти зараррасон низ боз шаванд.

 

-Ва ҳоло баргардем ба мавзӯъи интихобот. Номзадҳои аҳзоби наҳзати исломӣ ва сусиёл-демукроти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар роҳандозии корҳои таблиғотӣ бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ шудаанд. Оё ҳизби кишоварзӣ ҳам бо чунин мушкилоте рӯ ба рӯ шудааст?

 

-На. Ҳам дар ҷараёни сабти номи номзадҳо ва ҳам дар корзори интихоботӣ барои ҳизби кишоварзӣ мушкил ё маҳдудияте пеш наомадааст. Ба андешаи ман, дар раванди интихоботи феълӣ давлати Тоҷикистон барои корзори интихоботии аҳзоб ва номзадҳои мустақил куллияи шароитро фароҳам кардааст. Нашрияву шабакаҳои родию ва телевизиюн дар хидмати онҳоянд.

 

-Баъзе аз коршиносон ҳизби кишоварзиро “ҳизби кисагӣ” ё “тарафдори ҳукумат” хонда ва мегӯянд, ки ба ин далел ин ҳизб дар вазорати адлия дар соли 2006 басодагӣ сабтином шуда ва дар корзорҳои интихоботӣ низ бо мушкилу мавонеъ рӯбарӯ нашудааст. Ба андешаи Шумо, ин гуна иддаъоҳо аз куҷо сарчашма мегиранд?

 

-Ман қаблан аз тариқи нашрияҳою расонаҳо ба ин иддаъоҳо посух дода будам ва ҳоло ҳам таъкид мекунам, ки ҳизби кишоварзӣ ҳеч гоҳ “ҳизби киссагӣ ё ҳукуматӣ” набуд ва нест.

Ин ҳизби мустақил буда ва аз кишоварзон, ки аз ақшори бузурги ҷомеъаи Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, намояндагӣ мекунад. Гузашта аз ин, чи гуна ҳизби кишоварзӣ ҳизби ҳукуматӣ буда метавонад, ки ҳамеша аз сиёсати давлати Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ интиқод мекунад.

 

-Дар интихоботи порлумонӣ чанд тан аз номзадҳои ҳизби кишоварзӣ ширкат мекунанд?

 

-Бо шумули феҳристи ҳизбӣ ва номзадҳои инфиродӣ 10 нафар дар корзори интихоботӣ ширкат доранд.

 

-Сараввал, аз тариқи феҳристи ҳизбӣ дар интихоботи порлумонӣ 21 номзад ва дар ҳавзаҳои инфиродӣ 4 номзади ҳизби кишоварзӣ пешниҳод шуда буд. Ҳамин тавр не?

 

-Бале. Аммо ба ҳангоми сабти номи номзадҳо ба далели мушкилоти молӣ ва камбуди ҳазинаи зарурӣ теъдоди номзадҳои ҳизб беш аз ду маротиба коҳиш ёфт.

 

-Шумо бовар доред, ки номзадҳои ҳизби кишоварзӣ дар порлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ роҳ меёбанд?

 

-Номзадҳои ҳизби мо барои пирӯзӣ дар интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ ҷиддан талош мекунанд. Натоиҷи интихобот нишон хоҳад дод, ки то чи андоза ин талошҳо муассир будаанд.

 

-Ташаккур барои суҳбат.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1767-2010-02-16-17-59-26.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ