ҲИЗБИ КОММУНИСТ РАИСИ ҲАВЗАРО БА ДОДГОҲ КАШИД
Раҳбари Ҳизби коммунист дар минтақаи Кӯлоб раиси ҳавзаи интихоботии рақами 37-и шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмоновро бо иттиҳоми «таҳқири шахсият ва Ҳизби коммунист» ба додгоҳ кашидааст. Шариф Сафаров, раиси бахши минтақаии Ҳизби коммунист ва вакил аз ҳавзаи якмандатӣ, мегӯяд, рӯзи 9-уми феврал ҳангоми мулоқоти аҳзоби сиёсӣ бо мардум Эмомалӣ Раҳмонов ӯро ва дар симои ӯ Ҳизби коммунистро таҳқир кардааст.
Вай меафзояд, ки зимни ин вохӯрӣ раиси ҳавзаи интихоботии рақами 37-и шаҳри Кӯлоб аз ӯ ва ҳизби комунист барқасдона ном набурдааст ва ба муроҷиатҳои ӯ посухи таҳқиромез додааст. Ҷаноби Сафаров мегӯяд, ки ӯ ҳамон рӯз толорро бо эътироз тарк кардааст ва норозигии худро расман ба Комиссияи интихоботӣ ирсол намудааст. Вай мегӯяд, тамоми асноди зарурӣ барои ба суд кашидани ин нафарро ба додгоҳ супоридааст ва фардо мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ хоҳад шуд.
Раиси бахши Ҳизби коммунист гуфт, ҳарчанд дар интихоботҳои гузашта чунин ҳодисаҳо мушоҳида мешуд, аммо ӯ ба умеди беҳбудии вазъ аз шикоят ба додгоҳ худдорӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир хабарнигори мо имкони сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмоновро пайдо накардааст.
Ин дуввумин ҳодисаи шикояти аҳзоби мухолиф аз мақомоти минтақаи Кӯлоб дар ҷараёни корзори интихоботист. Қаблан дар шаҳри Кӯлоб панҷ тан аз мубаллиғони интихоботии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳангоми паҳнкунии варақаҳои таблиғотӣ аз сӯи нерӯҳои умури дохилӣ боздошт шуданд. Вале барои аввалин бор аст, ки номзад ба интихобот намояндаи мақомотро ба додгоҳ мекашад.
Тафсилоти ин қазия бо зудтарин фурсат нашр хоҳад шуд.
Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1772-2010-02-17-20-53-23.html