ҒАФФОРОВ: БОВАР ДОРАМ, КИ БА ПОРЛУМОН РОҲ МЕЁБЕМ
Ҷиноҳи расмии Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ба интихоботи порлумонии 28 феврал бо се номзад аз феҳристи ҳизбӣ ва як номзад аз ҳавзаи якмандатии ноҳияи Ҳисор ширкат мекунад.
Ин ҳизб ҳамчунин 120 нафарро ба маҷолиси вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва маҳаллӣ номзад кардааст, ки интихоботи ин маҷолис низ рӯзи 28 феврал баргузор мешавад. Дар суҳбате ихтисосӣ, ки ҳамкорамон Шамсияи Қосим бо Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сотсиалисти расмӣ анҷом дода, оқои Ғаффоров ба шаффофияти баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ дар Тоҷикистон ибрози итминон кардааст:
-Лутфан, нукоти калидии барномаи интихоботии ҳизби худро бигӯед, ки аз кадом фаслҳо иборат аст ва рӯйи кадом масоил бештар таъкид мекунад?
-Дар барномаи мо масоили ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоъӣ ва ҳам фарҳангию сиёсӣ шомил ҳастанд. Дар 18 соли даврони истиқлол Тоҷикистон ба муваффақиятҳое ноил гашт, вале ба ҳар ҳол бархе мушкилот ҳанӯз вуҷуд доранд, ки рафъи он бидуни ҳамкории аҳзоби сиёсӣ имкон надорад.
Яке аз мушкилот ин фасод аст. Дарднок аст. Дигар, масъалаи оилаҳои камбизоъат аст, ки шумори онҳо беш аз 300 ҳазор аст. Муҳоҷирони корӣ мушкили дигар аст. Онҳо зиндагии сангин доранд. Маъюбон ва нафақахӯрон низ. Аз ин лиҳоз, дар барномаи ҳизби сусиёлист масоили иҷтимоъӣ аввалиндараҷа ҳастанд ва мо пешниҳодҳое барои ҳалли ин масоил дар барномаамон дорем.
-Иттифоқан, барномаҳои интихоботии аҳзоби дигари сиёсӣ низ ҳама ба ин масъалаҳо, ки Шумо ишора кардед, таъкид мекунанд. Барномаи шумо аз онҳо чи тафовуте дорад?
-Дуруст аст, ки дар барномаҳои аҳзоби дигар низ ин масъалаҳо гузошта шудаанд. Вале масъала гузоштан ҳанӯз ҳалли масъала нест. Масъала бояд роҳи ҳалли худро дошта бошад.
Масалан, дар баромади солонаи президент омадааст, ки кормандони вазорати ҳифзи иҷтимоъӣ, асноди қалбакӣ таҳия карда ва ба номи шахсоне, ки фавт кардаанд пул гирифтаанд ва ин маблағ дар як сол ба 25 милюн сомонӣ расидааст. Ин фақат як мавриде, ки ошкор шудааст.
Масалан, агар ин пул дар кисаи ашхоси фасодзада намерафт, бо ин пул мо метавонистем се хонаи нӯҳтабақа бунёд кунем ва ба занҳои танҳо, ба маъюбон (маълулон) ва дигар афроди қишри ниёзманди ҷомеъа ройгон бидиҳем. Яъне аз роҳи ҷилавгирӣ аз фасод метавон аз пул ба таври муассир истифода кард.
Мо медонем, ки буҷети давлати Тоҷикистон аз он чи ҳаст, бештар намешавад, вале истифодаи муассир аз буҷет метавонад дар беҳбуди вазъи иҷтимоъии мардум таъсиргузор бошад.
Роҳи дигари пур кардани буҷет метавонад танзими фаъолияти васоили нақлия бошад. Ҳамин "тангем"-ҳоро бигирем. Ҳоло ронандаи як "тангем" ба соҳиби он дар як рӯз 40 сомонӣ барои кирояи он пул мепардозад, яъне дар як моҳ 1200 сомонӣ. Ин пули иҷораест, ки аз он андоз гирифта намешавад.
-Аммо фаъолияти Ожонси мубориза бо фасоди вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба назари Шумо барои ҷилавгирӣ аз фасод муассир нест?
-Мутаасифона, барои он ки фаъолияти онҳо муваффақ бошад, пеш аз ҳама бояд дониши ҳуқуқии мардум боло бардошта шавад. Кормандони ожонс бояд аз тариқи родию ва телевизиюн маълумот бидиҳанд, гузориш бидиҳанд. Чор шахси бечора - муъаллим ва духтурро ба фасод муттаҳам мекунанд, вале ин маънии онро надорад, ки мушкили фасод дар Тоҷикистон рафъ шудааст.
-Тибқи иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, аҳзоби сиёсие, ки дар интихобот ширкат мекунанд, аз 19 январ иҷозаи таблиғотро доранд. Аммо ҳоло дар расонаҳо ва доираҳои мухталиф мешунавем, ки фазои сиёсӣ дар кишвар нисбатан сокит аст, ҷӯшу хурӯши интихоботӣ эҳсос намешавад ва ҳатто овезаҳои таблиғотии нерӯгоҳи "Роғун" дар хиёбонҳо аз овезаҳои таблиғотии аҳзоби сиёсӣ бештар ба назар мерасанд. Чаро?
-Ман розӣ шуда наметавонам. Чаро ки аҳзоби сиёсӣ аллакай барномаҳои худро ба мардум муъаррифӣ карданд. Рӯзномаҳояшонро ба мардум тавзеъ доданд. Саволу ҷавобҳое ба вуҷуд омад. Саволҳо дар бораи барномаҳои азҳоби сиёсӣ буданд. Аз рӯзи сабти ном шудан, "ролик"-ҳои худро барои телевизиюн омода мекунанд.
Мутаассифона, як чизи бад мавҷуд аст, ки овезаҳои таблиғотии аҳзоби сиёсиро дар кӯчаҳо мекананд. Пустерҳои моро ҳамин тур карданд. Охир аз лиҳози қонун ин гуна афрод ҷинояткор маҳсуб мешаванд ва то 200 сомонӣ бояд ҷарима шаванд.
Ин ҳарфҳоро бояд дар телевизиюн ҳам ба мардум фаҳмонд. Яъне маърифати сиёсии мардуми тоҷикро бояд баланд бардорем. Зеро онҳо тақдири Тоҷикистонро тавассути ширкат дар интихобот ҳал мекунанд.
-Оқои Ғаффоров, вақте бо сокнони Душанбе ҳамсӯҳбат мешавем, онҳо мегӯянд, ки ба намояндагони мардумӣ бовар намекунанд ва ба порлумон ҳам эътимод надоранд. Шумо дар ин бора чи фикр доред?
-Дуруст аст. Решаҳои иҷтимоъии ин зеҳният дар куҷост, шумо нағз медонед. Соли 1991 аҳзоби нав ба вуҷуд омаданд. Ин аҳзоб барои демократия талош карданд. Вале вақти ҷанг шурӯъ шуд, аҳзоби сиёсӣ дар мушкилтарин давраи мардуми тоҷик худро аз онҳо канор гирифтанд ва дар шуъури мардум ҳамон бовар боқӣ монд, ки раҳбарони аҳзоби сиёсӣ манофеъи худро аз манофеъи мардум боло медонанд.
Ҳамин тур ҳисси нобоварӣ нисбат ба аҳзоби сиёсӣ ба вуҷуд омад. Имрӯз аллакай вазъият тағйир кард. 18 сол аз истиқлол гузашт ва бояд ҷавонони 18-солаи имрӯзиро, ки ҷангро надидаанд ва ин эҳсосро надоранд, ба сиёсат ҷалб кунем. Барои ҳамин, ман бовар дорам, ки ҷавонони имрӯз дар интихобот ширкат хоҳанд кард, фақат бояд бо онҳо кор кард.
Бояд фаҳмонд, ки порлумон чи кор мекунад, ки масалан тӯҳфа намедиҳад, вале қонун таҳия мекунад, ки ин қонун бояд зиндагии мардумро беҳтар кунад.
-Аммо порлумоне, ки то имрӯз умдатан якҳизба буда, оё ба назари Шумо вазифаи худро ба таври бояд анҷом додааст? Коршиносон бештар бар ин боваранд, ки намояндагони порлумони мо ҳар қонунеро, ки аз сӯйи давлат пешниҳод мешавад, бидуни баҳсу баррасии зиёд тасвиб мекунад. Оё Шумо ҳам ҳамин тавр фикр мекунед?
-Мо ин тавр гуфтанамон мумкин нест, ки ин ё он порлумон вазифаи худро пурра ё комил иҷро накардааст ё не. Якчанд қонуне, ки дар порлумони Тоҷикистон қабул шуд, қобили дастгирӣ аст.
Масалан Қонун дар бораи муъолиҷаи ройгони бемории қанд, Қонун дар бораи бонкҳо, ки ҳоло қарз гирифтан осонтар шудааст. Паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба тасвиби ин қонун мусоъидат кард.
Вале қонунҳое ки порлумон қабул кардааст, мушкили мардумро осон намекунанд. Барои чӣ? Барои он ки назорат аз болои иҷрои қонун вуҷуд надорад. Ва дигар ин ки забони қонун мушкилфаҳм аст ва одамоне, ки дониши ҳуқуқӣ надоранд, моҳияти онро намефаҳманд.
-Оё тибқи пешбиниҳои Шумо интихоботи қарибулвуқӯъ то чи андоза шаффоф ва демукротик хоҳад гузашт ва ҳизби Шумо қасд дорад, чи миқдор курсиҳоро дар ин интихобот касб кунад?
-Албатта, ман фолбин нестам, ки бигӯям чандто ҷой мегирем, аммо назари асосиам нек аст. Дар ҳизби мо одамони варзида ҳастанд, олимон ҳастанд, зиёиён ҳастанд, ҷавонон ҳастанд, занон ҳастанд.
Ман бовар дорам, ки онҳо метавонанд барномаи моро хуб муъаррифӣ кунанд ва ин боъиси роҳёбии мо ба порлумон мегардад. Албатта вақте, ки президент - Кафили Қонуни асосии Тоҷикистон, аз минбари баланд таъкид мекунад, ки интихобот бояд ба таври демукротик ва шаффоф гузарад, ман бовар дорам, ки бояд ҳамин тур шавад.
Ҳоло ҳукуматҳои маҳаллӣ ба мулоқотҳои номзадҳо бо интихобкунандагон, ки имрӯзҳо мегузаранд, дахолат намекунанд. Ҳоло, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ низ шомил шудаанд, ман бовар дорам, ки интихобот ба таври бояд мегузарад.
Намояндагони ҳар ҳизб фарзандони ҳамин сарзамин ҳастанд ва дар ниҳоят ҳадафи ҳамаи мо як аст, ки давлат рушд кунад ва мардум хуш зиндагӣ кунад ва барои насли оянда мероси нек гузорем.
-Сипос барои суҳбат.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1775-2010-02-18-14-14-18.html