СОБИРОВ: АГАР ТАҚАЛЛУБ ШАВАД, НАТОИҶИ ОРОРО НАМЕПАЗИРАМ
"Агар мавориди тақаллуб дар ҷараёни интихобот ошкор шавад, ман натоиҷи онро қабул нахоҳам дошт." Ин матлабро Масъуд Собиров, раҳбари ҷиноҳи расмии ҳизби демукроти Тоҷикистон дар сӯҳбате ихтисосӣ бо ҳамкорамон Искандари Фирӯз изҳор доштааст. Ба гуфтаи вай, агар интихоботи порлумонии соли 2005 ба таври шаффоф ва мунсифона баргузор шуда буд, Президент Раҳмон баргузории интихоботи озод ва демукротики қарибулвуқӯъро замонат намедод:
-Ҳизби демукроти Тоҷикистон ба раҳбарии Шумо барои бори нахуст дар интихоботи порлумонӣ ширкат мекунад. Оё ҳеҷ мушкилоте дар ин замина эҳсос мекунед?
-Феълан ҳеҷ мушкилоте надорем ва дар заминаи корзори интихоботӣ низ то ҳол монеъаеро мушоҳида накардаем.
-Бо чӣ шиъоре мардумро ба пуштибонии худ даъват мекунед?
-Шиъори ҳизби демукроти Тоҷикистон дар корзори интихоботӣ "Истиқлоли Тоҷикистон самари муборизоти мост ва ҳадафи мо истиқлоли комил аст" мебошад.
-Барномаи интихоботии ҳизби демукрот аз барномаҳои аҳзоби дигар чӣ тафовуте дорад?
-Агар дар маҷмӯъ бигирем, гӯё барномаҳои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ мушобеҳи ҳам ҳастанд. Вале барномаи ҳизби демукроти Тоҷикистон дар заминаи ҳалли бархе аз масоили ҷомеъа ба куллӣ фарқ дорад. Ба унвони мисол, ҳизби демукрот пешниҳод мекунад, ки барои истифодаи муассир аз маболиғи мардум дар иҷрои тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” бонки вижае таъсис дода шавад.
Ҳамчунин ҳизби мо барои раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ тақвияти ҳамкорӣ бо Афғонистон, Чин ва Эронро пешниҳод мекунад. Ин кишварҳо метавонанд ба роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ мусоъидат кунанд.
Аз сӯйи дигар, мо пешниҳод дорем, ки омӯзиши касбҳо дар мактабҳои миёна роҳандозӣ шавад, касбҳое, ки ба онҳо дар бозори кори Тоҷикистон ниёз вуҷуд дорад. Ҳизби демукрот ҳамчунин барои дифоъ аз ҳуқуқ ва манофеъи муҳоҷирони кории тоҷик пешниҳод дорад, ки як ниҳоди вижае дар давлати Тоҷикистон дар ин замина таъсис дода шавад.
-Оқои Собиров, ба назари Шумо, оё озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон комилан таъмин шудаанд?
-Агар ҳатто таъмин ҳам нашудаанд, вале баъзе беҳбудиҳо дар ин замина мушоҳида мешавад. Мисол, озодии баён. Ҳамчунин метавон гуфт, ки корзори интихоботии соли ҷорӣ аз интихоботҳои қаблӣ хеле тафовут дорад ва ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ шароит барои таблиғоти озод фароҳам шудааст.
-Вале бархе аз аҳзоб, назири ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби сусиёл-демукрот аз эҷоди маҳдудиятҳое дар ҷараёни корзори интихоботӣ шикоят мекунанд. Ҳизби демукрот ҳам бо чунин мавориде рӯбарӯ шудааст?
-Бале, мо низ бо чунин маҳдудиятҳое рӯбарӯ мешавем ва ин амр ногузир аст...
-Чаро ногузир аст?
-Агар интихоботҳои қаблӣ ба таври шаффоф баргузор мешуданд, имрӯз раиси ҷумҳур баргузории интихоботи озоду мунсифонаро замонат намедод. Чунин изҳори назари раиси ҷумҳурӣ худ далели он аст, ки дар гузашта интихоботҳо бозгӯйи меъёрҳои демукросӣ набуданд. Ва чунин мавориди нақзи қавонини интихобот то ҳол низ дар бархе маворид мушоҳида мешавад.
Ҳизби демукрот низ ахиран дар ноҳияи Ваҳдат бо чунин мушкиле рӯбарӯ шуд. Мақомоти маҳаллӣ дар мулоқот бо интихобкунандаҳо дар минбар қарор доштанду ба мо иҷоза намедоданд, ки вориди саҳна шавем.
-Шумо аз ин ҳодиса ба кадом ниҳоде шикоят бурдед?
-Бале, аз ин рафтори мақомоти шаҳрдории Ваҳдат ба сурати шифоҳӣ ба додситонии ноҳия шикоят кардам.
-Оқои Собиров, ҳизби демукрот дар маҷмӯъ чӣ теъдод номзадҳоро ба порлумон ва маҷолиси маҳаллӣ муъаррифӣ кард?
-Мо ба Маҷлиси намояндагон ду номзад ва ба маҷолиси маҳаллӣ дар маҷмӯъ беш аз 25 нафар номзад пешниҳод кардем.
-Теъдоди аъзои ҳизби демукрот чӣ қадар аст?
-Ҳоло мо 6,5 ҳазор узв дорем. Ва бояд бигӯям, ки дар остонаи интихоботи порлумонӣ теъдоди аъзои мо, бавижа аз ҳисоби ҷавонон, ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфт.
-Оё ҳизби демукрот барои анҷоми корзори интихоботӣ аз манобеъи молии зарурӣ бархурдор аст?
-Наметавон гуфт, ки маблағи зарурӣ комилан дар ихтиёр дорем, вале ба ҳар сурат корзори интихобтиро идома медихем.
-Аз чӣ наҳвае дар таблиғоти интихоботӣ истифода мекунед?
-Аз ҳамаи роҳҳои таблиғотӣ, ки дар Тоҷикистон маъмул аст ва қавонини кишвар онро иҷоза додааст, мо истифода мекунем.
-Шумо бовар доред, ки ҳар ду номзади ҳизби демукрот дар интихобот баранда мешаванд?
-Агар эътимод надоштем, пас довталаб ҳам намешудем. Вале сарнавишти роҳ ёфтани мо ба порлумон ба тасмими раъйдиҳандагон марбут аст. Агар орои зарурӣ гирифтем, ворид мешавем, агар не, пас беруни дари порлумон хоҳем монд.
-Вале агар мушаххас шуд, ки дар ҷараёни интихобот мавориди нақзи қавонин буд ва интихобот мунсифона набошад, Шумо натоиҷи эъломшударо қабул хоҳед дошт?
-Ҳаргиз қабул нахоҳам кард. Агар собит шуд, ки дар ҷараёни интихобот қонуншиканиҳо буданд, пас ман наметавонам бо натоиҷи он созиш дошта бошам.
-Агар дар интихобот пирӯз шудед, нахустин иқдоми шумо дар порлумон чӣ хоҳад буд?
-Мо нахуст қасд дорем қавонини кишварро, ки дар гузашта тасвиб шудаанд, вале то ҳол иҷро намешаванд, бознигарӣ кунем. Ва бо таваҷҷуҳ ба вазъи кишвар шароити иҷрои онҳоро фароҳам кунем.
-Манзуратон чӣ қонунҳое ҳастанд?
-Ба унвони мисол, қонун дар бораи ҳуқуқи бознишастагӣ, қонун дар бораи маъориф. Ин қонунҳо аз рушд ё ислоҳи ин арса дар Тоҷикистон монеъ мешаванд.
-Дар сурати пирӯзӣ барои тақвияти арзишҳои демукросӣ дар Тоҷикистон чӣ иқдоме хоҳед кард?
-Дар сурати роҳ ёфтан ба порлумон мо талош мекунем, ки дар чорчӯби қавонин шароити таъмини озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро фароҳам кунем.
-Аз сӯҳбати Шумо сипосгузорам.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1785-2010-02-19-15-21-13.html