11:30:08 01-уми Июни 2025 сол

ДИДОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РИЧАРД ҲОЛБРУК

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрукро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои сершумори Тоҷикистон оид ба мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон хоҳони сулҳи пойдор дар саросари Афғонистон ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии ин ҳамсояи наздики худ аст».

 

Ричард ҳолбрук нахуст дуруду паёми Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ва Котиби давлатии Амрико Ҳиллари Клинтонро  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба талошҳои Тоҷикистон баҳри таҳкими эътидолу субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидати фаъол ба нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дод ва аз номи ҳукумати кишвараш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлат арзи сипос намуд.

 

Ў ҳамчунин изҳор дошт: «Тоҷикистон бо муштаракоти зиёди фарҳангию таърихӣ ва робитаҳои мустаҳкамаш бо Афғонистон метавонад дар барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти ин кишвар нақши бузург дошта бошад».

 

Гуфтугўйи судманд оид ба роҳҳои барқарорсозии эътидоли сиёсию иҷтимоӣ дар Афғонистон, таҳкими сохторҳои идораи давлатии он ва мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

 

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба сохтмони роҳу пулҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир карда шуд. Мусоҳибон ҳамчунин оид ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў намуданд.

 

President.tj

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1790-2010-02-20-06-36-07.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854