11:29:17 01-уми Июни 2025 сол

САЙФУЛЛОЗОДА: АНДЕШАИ МИЛЛИРО ЭҲЁ КУНЕМ

То интихоботи Порлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар аз як ҳафта боқӣ мондааст. Фазои иттилоотии кишварро муборизаҳои шадиди ду ҳизби сиёсии кишвар, яьне ҲХДТ ва ҲНИТ фаро гирифтаанд. Муаллифи ин сутур бо намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикситон устод Ҳикматулло Сайфуллозода атрофи масьалаи рақобатҳои сиёсӣ сӯҳбати ихтисосие анҷом дода, ки бо ҳам мурур мекунем.

 

-Устод Сайфуллозада, лутфан ба ин нукта рушанӣ андозед. Чаро дар ағлаби маъракаҳои сиёсӣ намояндагони ҲНИТ ҳамчун нозир ба ҳавзаҳои интихоботӣ кам роҳ меёбанд?

 

-Дар мавриди муносибати носолими доираҳои алоҳидаи кишвар нисбат ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва ширкати он дар маъракаҳои сиёсӣ, ба хусус интихоботҳо омилҳои зиёде ҷой дорад. Вале бадии кор дар он аст, ки бисёре аз ин гунна омилҳо сохта ва бофтаанд. Имрўз барои ҳамaгон маълум гардидааст, ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ бар хилофи манофеъи миллат кор нагирифтааст, балки дар ҳимояи манофеъи миллӣ муштарак амал кардаанд, ба хусус ҲНИТ. Аммо, ҳангоми доир кардани маъракаҳои сиёсӣ баръакси ҳол ба мушоҳада мерасад. Гуё ширкати ин ва ё он ҳизб дар комиссияҳои алоҳидаи интихоботӣ ба манфиати миллат набошад. Ҳоло агар масъала сари ширкат надоштан ва ё камтар роҳ пайдо кардани намояндагони ҲНИТ дар комиссияҳои минтақави (участкавӣ)-и интихоботӣ меравад, маҳз ҳамин омил дар фазои афкори масъулин асл пайдо кардааст.

 

Дуввум далили онҳо сари он аст, ки гўё ҳизбҳои сиёсӣ барои таъмини намояндаи хеш дар чунин комиссяҳо имконият надоранд, дақиқтар гуем нафар надоранд. Ин як далили бепоя ва бемантиқ аст ва қонунманд набудани ошкору возеҳ аст. Доштани намоянда дар комиссяҳои  интихоботӣ барои ҲНИТ аввалан таъмини шаффофиат аст ва баъдан ҳимояи раъйи ҷонибдорон, интихобкунандагони хеш аст.

 

Агар узвият ва нозирии ҲНИТ дар тамоми комиссияҳои интихоботӣ, ба вижа комиссияҳои участкавӣ таъмин шавад, ба манфиати миллат ва дастури сарвари давлат ҷиҳати баргузории интихоботҳои шаффоф ва озод хоҳад буд. Вале бо таасуф зикр кардан ҷоиз аст, ки имрўз ин чиз ба таври лозим таъмин нест. Ва ҳоло маълум ҳам нест, ки дар нисбати нозирони ҲНИТ чӣ гунна муносибат сурат хоҳад гирифт, таҷрибаҳои қаблӣ мусбӣ набуданд.

 

-Оё ҲНИТ то имрӯз чанд дарсади барномаҳои хешро ба райъдиҳандагон шиносондааст?

 

-Шиносонидани барномаҳои ҲНИТ ҳам ҷузъи ҳамин мушкил аст, ки оё мо тавонистаем аз тамомии василаҳои мавҷуди таблиғӣ ва ташвиқотии кишвар истифода намоем? Ҳаргиз! Бисёр вақт «таънаҳо»-е ба ин мазмун садо медиҳанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар маъракаи интихоботӣ бедор мешаванд. Бале, эҳтимол барои бисёрии аҳзоб чунин бошад, вале на барои ҲНИТ.

 

Мо корҳои зиёде тули панҷ сол бо мардум анҷом медиҳем, вале ҳамаи онро дар як суҳбат ва ё намоиши ғаразомези телевизионӣ аз байн мебаранд. Пас ин маъракаи интихобот аст, ки андаке ҳам бошад баъзе василаҳо ба таври қаноатбахш истифода мешаванд. Бо таваҷҷўҳ ба ҳамин вазъият мо тавонистаем, наздик ба 50%-и барномаи хешро ба мардум расонида бошем. Вале бо ҳамин миқдор ҳам бовар дорем, ки раъйи аксари мардум ҷониби мост.

 

-Порлумони ҳар як давлат метавонад муаррификунандаи ҳар як миллат бошад. Оё ҲНИТ равиши қонунгузории Порлумони кишварро қобили мақбул ва мутобиқи ниёзи мардум медонад?

 

-Беҳтарин фикр ва суолро матраҳ кардед. Бале, парлумони миллӣ муарификунандаи чеҳраи як миллат аст. Дар ин маврид мисолҳои зиёд ҳастанд, вале мо думболи онҳо намеравем. Ва сари қисмати дигари суол назари хешро изҳор доштан мехоҳам. ҲНИТ аз равиши қонунгузории парлумон чандон қаноатманд нест.

 

Чаро аввалан бояд иқрор шавем, ки парлумони мо мусттакилияти комилро сазовор нагаштааст ва муносиб ба номи худ ҳамчун парлумони касбӣ фаъолият намекунад. Ҷомеъа интизори  онро дошт, ки парлумони касбияш қонунҳои бароварда созандаи  ниёзҳо ва ормонҳои мардум қарор мегирад, на маҳдудсозанда ва таҳмилкунандаи рамузи зиндагии он.

 

Мо ба ин бовар ҳастем, ки агар дар панҷсолаи навбатӣ ба парлумони касбӣ салоҳият ва ваколати лозимро қоил нашавем ва вазни онро дар баробари ҳокимияти иҷроия қарор надиҳем, ин гуна парлумон дархўрди ниёз ва ормонҳои миллат нест ва дигар он нолозим мегардад. Дар назди ҳокимияти иҷрои таъсис додани як ниҳоди дигари таҳияи лоиҳаи қонун далолат ба ин мекунад.

 

-Аксарият бар ин боваранд, ки дар сурати иштирок накардани ҲНИТ дар интихоботу соири маъракаҳои сиёсии кишвар, мислест ки гӯё рақобати сиёсӣ вуҷуд надошта бошад. Ва Шумо ба рақиби ҳизби ҳоким будани ҲНИТ мувофиқед?

 

-Бале, ҲНИТ хешро рақиби сиёсии ҳар як ҳизби дигаре медонад, ба вижа рақиби ҲХДТ, рақиби сиёсии созанда ва таҳаммулпазир. Мо омодаем роҳҳои хали тамоми масоилро дар сари мизи баҳси сиёсӣ ва коршиносӣ пайдо намоем ва таҷрибаи инро низ алҳамдулиллоҳ дорем. Расидан ба сулҳи саросарӣ ва оромиву суботи ҷомеъа танҳо саҳми як ҷониб нест. Мо заҳматҳо ва азхудгузариҳои зиёде аз худ нишон додаем, то ба ин рўзи мурод бирасем ва дар маъракаҳои сиёсӣ ширкати густурда дошта бошем.

 

Агар дар ҳавзаи алоҳидаи интихобот ба Маҷлисҳои намяндагон ва маҷлисҳои дигар рақобат эҳсос намешавад, далолат аз ширкат надоштани намояндагони ҲНИТ аст ва интизориҳои мардум аз набудани рақобати солим. Чунки бо таасуф хаминро метавон тазаккур дод, ки ширкати намояндагони аҳзоби дигар танҳо ба хотири «зинда бод» гуфтани ҳизби ҳоким вориди чунин маърака мешаванд ва дар зимн касби курсие дар маҷлис бо ин васила.

 

 Мардум ин ҳамаро ба мушоҳада мегирад ва хулоса мекунад, ки ин гуна ширкат интихобот нест. Ва дилсард гашта, зарурати рафтан ба интихоботро намебинад, чунки интихоб мавҷуд нест.

 

-Мо ҳама медонем, ки пешрафту рушди ҳар ҷомеа аз низоми маориф бастагӣ дорад. Оё ҲНИТ барномае барои беҳбуди авзои маориф ва баланд бардоштани маоши муаллимонро дорад?

 

-Ба ин тарзи масъалагузории Шумо дусти азиз комилан мувофиқам. Рушд ва пешрафти як ҷомеъа бе низоми матлуби маориф тасавурнопазир аст, Агар масъулин дар сар хаёли онро доранд, ки низоми маорифи мо дуруст аст ва ниёз ба ислоҳоти усулӣ надорад, иштибоҳест сангин.

 

Саволи матрах он аст, ки оё низоми маорифи кишвар барои як муҳасил шароит фарохам месозад, ки андешаи миллӣ рушд кунад ё андешаи ғуломӣ? Мо ба ботини инсон бояд кор бигирем ё ба зоҳири ў? Оё истифода кардан аз системҳои таълимии ниёгон хуб аст ё таҷрибакарданҳои навбатии миллат?

 

Барои мисол, системи таълимии Унсур-ул-маоли Кайковус ва «Гулистон»-у «Бустон»-и шайх Саъдӣ дархурди ниёзи миллатанд ё системаи русии таълим? Оё мо бо ин василаи номатлуби низоми таълим андешаи миллиро аввал эҳё ва баъдан рушд дода метавонем? Инхо аз ҷумлаи саволоте ҳастанд, ки миллат посухи онҳоро интизор дорад.

 

Дигар ин ки Давлати миллиро лозим аст, ки дар марҳалаи гузор аксари кулли масрафҳои будҷавӣ ва имконоти дигарро барои роҳандозии низоми миллии маориф роҳандозӣ намояд, на ҳангомасозиҳои мухталиф. То он даме ки омўзгор маърифати комили мустақилияти андеша ва илмӣ пайдо намекунад ва маоши ў дар қиболи дигар қишри ҷомеъа баладтарин маош эътироф ва амалӣ намегардад, дар мавриди эҳёи низоми мутлуби маориф ҷои сухан боқӣ намемонад. 

 

Гумон мекунам, саволҳои матраҳ шуда аз ҷониби мо то ҷое аз доштани чунин як барномаи ҲНИТ ҷиҳати рушди соҳаи маорифи кишвар далолат мекунад. Боқи ин интихобкунандагони муҳтарами кишваранд, ки фиристодаи парлумонии хешро бо чӣ ангеза ва ҳадафе интихоб мекунад. Танҳо умеди мо ин аст, ки интихоби хешро холис аз барои  Худо анҷом диҳанд, на хотири касеву гурўҳе. Вассалому алайкум ва раҳмутуллоҳи ва баракотуҳ!

 

Сӯҳбаторо, Фирдавси Аъзам

махсус барои сомонаи «Рӯзгор.tj»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1791-2010-02-20-09-14-46.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854