20:47:14 20-уми Майи 2025 сол

ИЗҲОРОТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баҳри иҷрои дастур ва супориши Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди гузаронидани интихоботи шаффоф ва демократӣ, роҳ надодан ба ҳар гуна дахолат ба ҷараёни интихобот мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ корҳоро дар самти назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба интихобот бурда истодааст.

 

То имрӯз ба мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 муроҷиат оид ба интихобот ворид гаштааст. Аз инҳо 6 муроҷиат оиди масъалаҳои ташкилии бақайдгирии номзадҳо мебошанд, ки барои баррасӣ ба комиссияҳои интихоботӣ равон карда шудаанд. Ду масъала бинобар тобеъияти судӣ доштанаш ба суд ирсол карда шудааст. Бевосита бо ташаббуси мақомоти прокуратура санҷишҳо нишон дод, ки дар ВМКБ 7 (ҳафт) нафар ҳамчун номзад ба маҷлисҳои ноҳиявии вакилони халқ пешбарӣ шуда, ба қайд гирифта шудаанд ва дар як вақт аъзои комиссияҳои интихоботӣ мебошанд.

 

Дар шаҳри Истаравшан як нафар (Аъзамқулов Ҳ.), ки пеш барои ҷинояти вазнин (одамкушӣ) ба ҷавобгарӣ кашида шуда, маҳкум шуда буд, ҳамчун номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шудааст.

 

Ин ду ҳолат ба талаботи қонунҳои интихобот мухолифат доштанд, аз ин ру бо эътирози прокуророн комиссияҳои интихоботӣ қарорҳои худро дар ин бора бекор намудаанд. Рӯзи 17 феврали соли 2010 дар рузномаҳои «Азия-плюс», «Миллат» ва дигар ВАО изҳороти сухангӯи матбуотии ҲНИТ Шамсиддини Саид ба табъ расидааст. Дар ин изҳорот омадааст, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҷараёни интихобот гайриқонунӣ дахолат карда истодаанд.

 

ҲНИТ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ ва прокуратура зиёда аз 50 арзу шикоятҳо равон намудааст. Дар шаҳри Ваҳдат автомошинаи таблиготии ҳизбро кормандони БДА гайриқонунӣ боздошт намудаанд ва аз ҷониби кормандони гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе барои интиқоли маводи таблиготии ҳизб ба Федератсияи Россия иҷозат дода нашудааст. Масъалҳои мазкур аз ҷониби мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Муайян карда шуд, ки ягон арзу шикоят ба мақомоти судӣ ва прокуратура оиди дахолати гайриқонунии мақомоти ҳокимияти даватӣ ба ҷараёни интихобот аз ҲНИТ ворид нагардидааст. Танҳо ба суд 4 шикоят ва ба мақомоти прокуратура 1 (як) шикоят оиди масъалаҳои ташкилии ба кори комиссияҳои интихоботӣ алоқаманд ворид шудаасту халос. Ин шикоятҳо тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ҳаллу фасл карда шудаанд.

 

Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз ҲНИТ 18 шикоят ворид гардидааст, ки 16-тои он оиди масъалаҳои ташкили кори комиссияҳои интихоботӣ буда, танҳо ду шикоят, яке аз болои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (ҷамоат) ва дуюмӣ аз болои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки онҳо низ баррасӣ гардида, чораандешӣ карда шудаанд.

 

Оиди боздошти автомашинаи таблиготии ҲНИТ бошад, ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки дар шаҳри Ваҳдат мисли дигар шаҳрҳо ҳаракати автобусҳои хурд дар хатсайрҳо ба танзим дароварда шудааст.

 

Азбаски автомашинаи ҲНИТ берун аз доираи хатсайр бо парчамҳои ба корманди БДА ношинос ҳаракат мекард, он аз ҷониби корманди БДА ШКД шаҳри Ваҳдат бо мақсади муайян кардани ҳолатҳои мазкур дар роҳ боздошт карда шуда, баъди муайян кардан, ҳамагӣ дар якчанд дақиқа ҷавоб дода шудааст. Дар кирдори корманди БДА ягон қонуншиканӣ дида намешавад.

 

Оиди интиқоли маводҳои таблиготӣ ба Федератсияи Россия аз майдони ҳавоӣ бошад, муайян карда шуд, ки чунин ҳолат умуман ҷой надорад. Зимни санҷиш кормандони Прокуратураи генералӣ бо мӯҳтарам Шамсиддин Саид ҳамсӯҳбат шуда, хоҳиш намуданд, ки рӯйхати 50 адад арзу шикоятҳои ҲНИТ-ро ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод намояд, то ки мақомоти прокуратура қонунӣ баррасӣ гардидани онҳоро санҷида барояд. Лекин Шамсиддин Саид чунин рӯйхатро пешниҳод карда натавонист.

 

Аз ҳамаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, аз ҳизбҳои сиёсӣ, шахсони боэътимоди онҳо, мақомотҳои давлатӣ, ВАО ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба маъракаи интихобот сарукор доранд, эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамоем, ки зимни паҳн намудани маълумотҳо ва изҳоротҳо ҳолатҳои дақиқ ва саҳеҳро манзур намоянд.

 

 Хоҳиш менамоем ба инобат гиранд, ки паҳн намудани маълумоти бардуруг тибқи қонунҳои амалкунанда масъулияти ҷавобгариро пешбини намудааст. Дар охир қайд карданием, ки тамоми кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки иҷрои қонунҳоро дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот таҳти назорат қарор дода, ба ҳар як ҳолати қонуншиканӣ дар ин маврид чораҳои мушаххас андешанд.

 

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1793-2010-02-20-15-42-35.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ