03:38:17 26-уми Июни 2025 сол

ҶОЙГОҲИ АҲЗОБИ МУХОЛИФ КУҶОСТ?

Як назарпурсӣ, ки ахиран Сандуқи байналмиллалии системҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон анҷом дода, ҳокист, ки огоҳии мардуми тоҷик дар бораи аҳзоби сиёсии ин кишвар ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки пас аз фурӯпошии шӯравии пешин ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990-и милодӣ тоҷикҳо ба ҳаракату ҳизбҳои сиёсӣ чандон таваҷҷӯҳе надоштаанд.

 

Дар интихоботи 28 феврал беш аз 220 номзад барои 63 курсӣ дар порлумони Тоҷикистон рақобат мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки ҳизби халқи демукрот ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бештари курсиҳо дар порлумонро ба даст оварад. Дар интихоботи порлумони и Тоҷикистон ҳамаи 8 ҳизби сабтиномшудаи сиёсӣ ширкат мекунанд. Панҷ сол пеш дар чунин интихобот танҳо шаш ҳизби сиёсӣ ширкат доштанд.

 

Ҳизби наҳзати исломӣ аз аҳзоби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки пас аз даргузашти Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини ин ҳизб, маҳбубияти он дар ҷомеъа пойин рафтааст. Аммо назарсанҷие, ки ахиран Сандуқи байналмилалии системҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон анҷом дода, нишон медиҳад, ки баръакс, огоҳии мардум дар бораи ин ҳизб, нисбат ба панҷ сол пеш бамаротиб афзоиш ёфтааст.

 

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: “Ин ҷо фарқ байни маъруфият ва маҳбубият ва нуфуз дар саҳнаи сиёсӣ ва ҳатто тасмиму қарорҳо аст. Замоне буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дорои неруҳои низомӣ буд, бахусус дар давраи ҷанг, муқовимат. Ва баъдан дар тасмимҳои сиёсии кишвар то ҳадде таъсиррасон буд. Вале ҳоло ки мо комилан ба фаъолияти сиёсӣ гузаштаем, ин маънои онро надорад, ки маъруфият ва маҳбубияти мо камтар шудааст.”

 

Ҳизби наҳзати исломӣ дар пайи тавофуқоти сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 иҷозаи фаъолияти расмиро дубора ба даст овард. Ҳоло ин танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна аст. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, ин ҳизб ба хотири ҳифзи субот аз интиқоди шадид аз давлат худдорӣ мекунад.

 

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора гуфт: “ Ҳизби наҳзати исломӣ нуфузи худро зиёд кардааст, аммо кӯшиш мекунад муносибат бо ҳукуматро вайрон насозад." Ӯ мӯътақид аст, ки агар ҳизби наҳзат исломӣ ҳукуматро танқид кунад ё аз пайи ягон амали дигар шавад, дар ин сурат суботи Тоҷикистон зери суол гузошта мешавад.

 

Ҳизби наҳзати исломӣ маъмулан дар шарқи Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияи Ваҳдат тарафдорони зиёде доштааст. Ин ноҳия аз манотиқи таҳти нуфузи мухолифони исломӣ дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон буд. Бо вуҷуди ин шонси пирӯзии номзади ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаи интихоботии Ваҳдат андак ба назар мерасад.

 

Фаъолони ҳизби наҳзати исломӣ сабаби нокомиии номзади худро дар ду интихоботи қаблӣ дар ин минтақа тақаллуб дар шумориши орои интихобкунандагон ба нафъи намояндаи ҳизби ҳокими халқи демукрот медонанд.

 

Ҳизбе, ки бо вузуҳи бештаре мухолифи давлат муаррифӣ мешавад, ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон аст. Ин танҳо ҳизбест, ки дар кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон намоянда надорад. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ин ҳизб мегӯяд, ки бархе аз интихобкунандагон дар мулоқотҳо бо вай аз бими амалкарди мақомоти давлатӣ ҳуввияти худро пинҳон медоранд ва суолҳои худро ба сурати катбӣ ба ӯ медиҳанд.

 

Хабаргузории расмии Ховар дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар сойти интернетии худ алайҳи ин ҳизб матлабе мунташир карда ва сусиёл-демукротҳоро ба таблиғи сиёсатҳои зиддимиллӣ муттаҳам кардааст. Аммо сусиёл-демукротҳо ҳадаф аз чопи ин матлабро бадном кардани ҳизби сусиёл-демукрот дар остонаи интихобот мехонанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1808-2010-02-23-17-23-23.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ