ИНТИҚОДИ ҲНИТ АЗ ИНТИХОБОТИ ПОРЛУМОНӢ
Бархе аз аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон аз наҳваи баргузории интихоботи рӯзи якшанбе ва натоиҷи эҳтимолии он ибрози норизоятӣ кардаанд. Аз ҷумла фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз аҳзоби умдаи мухолиф, ки дар миёни мардум аз нуфузи қобили таваҷҷуҳе бархурдор аст, мегӯянд, ки дар ҷараёни раъйгирӣ дар манотиқи мухталифи кишвар аз нозирони худ беш аз 1000 шикоят дар бораи таноқузот дарёфт кардаанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, рӯзи душанбеи 1 март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷаласае изтирорӣ интихоботи рӯзи якшанберо "ғайришаффоф ва ғайридемукротик" эълом кардааст. Оқои Кабирӣ аз мавориди фаровони мудохилаи мақомоти маҳаллӣ дар ҷараёни раъйгирӣ, раъйдиҳии такрорӣ ва раъйдиҳии як нафар ба ҷойи чанд узви хонаводаҳо, раъйдиҳии масъулони марокизи раъй ба ҷойи бархе аз интихобкунандагон ва ё аъзои хонаводаҳо ба унвони намунаҳое аз тахаллуфоти интихоботӣ ном бурд.
Раҳбари ҲНИТ ҳамчунин гуфт аз ҷумлаи қонуншиканиҳои "бисёр ҷиддӣ" ин будааст, ки на танҳо нозирон, балки аъзои кумисиюн аз ҷумлаи намояндагони аҳзоби мухолиф низ дар марокизи раъйгирӣ иҷозаи ширкат дар шумориши оро надоштаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар мактаби шумораи 35 шаҳри Душанбе афроде, ки бо маркази раъйгирӣ ва интихобот ҳеч иртиботе надоштанд, сандуқҳои раъйро пеш аз шумориши оро аз сохтмон берун бурдаанд.
Ҳамчунин, аз мавориди лату кӯби нозирон ва намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ дар марокизи раъйгирӣ ба хотири фаъолиятҳои ҳирфаишон гузориш шудааст. Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин бо ишора ба вазъияти сиёсӣ дар минтақа иброз дошт, ки чунин шеваи баргузории интихобот "бар имиҷ ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма мезанад." Вай афзуд: "Қонуншиканиҳои бисёр ҷиддие сабт шуданд, ки ман ба хотири ҳифзи обрӯи байналмилалии Тоҷикистон аз гуфтани онҳо худдорӣ мекунам."
Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, ки танҳо ҳизби мазҳабии расмӣ дар Тоҷикистон буда ва тайи солҳои ахир аз нуфузи густардае дар ҷомеъа бархурдор шудааст, ҳамчунин иброз дошт: "Агар мавориди тахаллуф ва қонуншиканиҳо ба назар гирифта нашаванд, мо барои дифоъ аз орои тарафдорони худ аз ҳама гуна роҳҳои қонунии эътироз нисбат ба натоиҷи интихобот истифода хоҳем кард."
Воҳидхон Қосидинов, аз масъулони ин ҳизб, пештар ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки ҳизби вай аз наҳваи баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ "аслан қонеъ нест." Ба гуфтаи вай, кумисиюнҳои ҳавзаӣ ва марокизи раъй ҳануз омори муқаддамотӣ дар бораи номзадҳои Ҳизби наҳзати исломиро дар ихтиёри намояндагони ин ҳизб нагузоштаанд, вале омори расида дар бораи шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он "нигаронкунанда" аст.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, низ аз наҳваи баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳалӣ башиддат интиқод карда ва гуфтааст, ки ин интихобот нисбат ба интихоботи порлумонии соли 2005 дарвоқеъ бадтар доир шудааст. Фаъолони ин ҳизб тасмим гирифтаанд то зуҳр баёнияе дар мавриди норизоятии худ бо шеваи баргузории интихобот ва натоиҷи он мунташир кунанд.
Оқои Зойиров, ки аз мунтақидон ва мухолифи аслии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, рӯзи якшанбе дар ҷараёни раъйдиҳӣ гуфт, ки нозирони ҳизби ӯ аз мавориди густардаи таноқузоти интихоботӣ дар саросари кишвар хабар додаанд. Тибқи гузоришҳо, як нозири ҳизби сусиёл-демукрот дар шаҳри Қурғонтеппа ба нишони эътироз нисбат ба амалкарди масъулони маркази раъйгирӣ он ҷоро тарк кардааст.
Аммо ҳизби кумунисти Тоҷикистон аз шеваи баргузории интихобот қонеъ ба назар мерасад. Шодӣ Шабдолов, раҳбари ин ҳизб, ба Би-би-сӣ гуфт, ки "ин интихобот нисбат ба интихоботи соли 2005 аз ҳама лиҳоз беҳтар доир шуд." Оқои Шабдолов гуфт, ки ҳануз оморе дар бораи орои рехташуда ба тарафдории номзадҳои ҳизби кумунист дар ихтиёр надорад, зеро "прутукулҳо ҳамнуз омода нашудаанд."
Вале ба гуфтаи вай, бархе аз намояндагони ин ҳизб, ки ба маҷлиси шаҳри Душанбе номзад шуда буданд, орои кофӣ ба даст оварда ва дар интихобот баранда шудаанд. Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, натоиҷи интихоботро пас аз зуҳри рӯзи душанбе эълом кунад.
Қаблан интизор мерафт натоиҷи интихобот субҳи имрӯз эълом шавад, вале кумисиюн ба далели "боридани барфи зиёд ва монеъ шудани он аз расондани прутукулҳои марокизи раъйгирӣ ба Душанбе" эъломи натоиҷи раъйгириро ба таъвиқ гузоштааст. Аммо тибқи арзёбии аввалияи ин кумисиюн, рӯзи якшанбе дар маҷмӯъ беш аз 85 дарсади интихобкунандагон дар саросари Тоҷикистон ба пойи сандуқҳои райъ рафта ва ба тарафдорӣ аз аҳзоб ва номзадҳои мавриди назари худ раъй додаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1840-2010-03-01-07-46-54.html