20:01:16 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/01_--01-a-aaaaasaha-2.jpg'

САҲА: ИНТИХОБОТИ ОРОМ, ВАЛЕ УМДАТАН ҒАЙРИДЕМОКРАТӢ

Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эълом карданд, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон мувофиқ ба меъёрҳои асосии байналмилалӣ баргузор нашуд. Дар арзёбии муқаддамотии нозирони ин созмон омадааст, бо вуҷуди баъзе аз пешрафтҳои хурд ва дар фазои ором баргузор шудани интихобот, ин корзори сиёсии Тоҷикистон ба меъёрҳои бунёдии демократӣ мувофиқат намекард.

 

Дар арзёбии муқаддамотии нозирони ин созмон, гуфта мешавад, ки рӯзи интихобот қонушиканиҳои фаровоне мушоҳида шуд, аз ҷумла раъйдиҳии хонаводагӣ, раъйдиҳӣ аз номи афроди дигар ва пур кардани қуттиҳои раъйдиҳӣ.

 

Пиа Кристмас Моллер – муовини раиси Шӯрои Порлумонии Аврупо ва ҳамоҳангсози нозирони кӯтоҳмуддати интихоботии ин созмон бо нашри баёнияе гуфт, “Ман хушҳолам, ки интихобот дар маҷмӯъ дар фазои хубе баргузор шуд, аммо бисёр маъюсам, ки ин интихобот ба бисёре аз меъёрҳои аслии демократӣ мувофиқ набуд.”

 

Артис Пабрикс раҳбари нозирони дарозмуддати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, “дар интихоботи мазкур ба навъе гуногунандешӣ мушоҳида шуд, аммо иродаи эълом кардаи мақомот барои риояти меъёрҳои демократӣ, ба иқдомоти амалӣ табдил наёфт, то ба камбудиҳои чашмгирӣ фазои тарғиботӣ ва рӯзи интихобот расидагӣ шавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1841-2010-03-01-11-26-08.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854