19:59:57 01-уми Июни 2025 сол

НАТИҶАҲОИ НАХУСТИНИ ИНТИХОБОТ ЭЪЛОН ШУД

Садди панҷдарсадиро аз рӯйхати ягонаи умумиҷумҳуриявӣ танҳо се ҳизб - ҲХДТ, ҲНИТ ва ҲКТ убур карданд. Бар тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, шумори раъйҳое, ки 8 ҳизби сиёсии кишвар дар интихобот аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба даст овардаанд, чунин аст:

 

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон - 71,69 %

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - 7, 74 %

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон - 7,22 %

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 4,69 %

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон - 4,4 %

Ҳизби демократии Тоҷикистон - 0,84 %

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон - 0,72 %

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 0, 47 %

 

Бар асоси қонун, танҳо он аҳзобе аз феҳрасти ягонаашон ба порлумон роҳ меёбанд, ки садди панҷдарсадиро убур карда бошанд. Бад ин тартиб, аз феҳрасти ягонаи умуҷумҳуриявӣ ҲХДТ, ҲНИТ ва ҲКТ дар порлумони соли 2010 намоянда хоҳанд дошт. Аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 22 нафараш аз феҳрасти ягонаи умуҷумҳуриявӣ вориди порлумон мешавад ва 41 нафари дигар аз тариқи ҳавзаҳои интихоботӣ.

 

Ин матлаб лаҳза ба лаҳза бо ахбори тоза нав мешавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1842-2010-03-01-11-36-47.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854