08:37:38 09-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/02_--01-a-aaaaaintikhobot-tj-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/02_--01-a-aaaaaintikhobot-tj-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/02_--01-a-aaaaaintikhobot-tj-2.jpg'

ВОКУНИШИ АҲЗОБИ СИЁСӢ БА НАТОИҶИ ИНТИХОБОТ

Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ ширкат карданд. Натоиҷи эъломшудаи ин интихобот бархе аз аҳзобро хушнуд ва бархи дигарро башиддат маъюс сохтааст. Раҳбарони аҳзоби наҳзати исломӣ ва сусиёл-демукрот аз шеваи баргузории интихобот башиддат интиқод карданд ва дар натоиҷи он ибрози тардид намудаанд. Раҳбарони бархе дигар аз аҳзоб бо вуҷуди ба даст овардани орои андаке аз интихобкунандагон, ба интиқоди шадид дар мавриди натоиҷи интихобот мойил набудаанд.

 

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист:

 "Мо аслан аз интихобот қаноъатманд нестем. Ман расман эълом мекунам, ки орои ҳизби мо гум шудаанд. Зеро мо дақиқан медонем, ки дар кадом ҳавзаҳо чи қадар тарафдор дорем. Ҳавзаҳое ҳаст, ки мо бояд бо ҳизби халқи демукрот орои мусовӣ меовардем. Ва вақте мешунавем, ки дар ҳавзаҳое, ки мо дар он тарафдори зиёд дорем, фақат 5 ё 6 дарсад раъй гирифтем, мо мутмаинем, ки инҷо тақаллуб сурат гирифтааст. Мо ҳамчунин умедворем, ки пас аз шумориши орои муҳоҷирони Русия, ки қариб як милюн нафар ҳастанд, ба орои ҳизби мо афзуда мешавад."

 

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ:

 "Ҳизби халқи демукрот интихоботи соли ҷориро бохт. Ҳам дар корзори интихоботӣ, ҳам аз лиҳози ташкилӣ ва ҳам дар рӯзи интихобот дар каcби қалби мардум ноком шуд. Онҳо натавонистанд қалби мардумро тасхир кунанд. Мо ҳизби бохтае дорем, ки дар порлумон аксариятро хоҳанд дошт.

 

Интихоботи қаблӣ дар марҳилаи пасоҷангӣ сурат гирифт ва ваъдаи шаффофият ҳам надода буданд. Интихоботи соли 2010 дар фазои амну субот баргузор шуд, Тоҷикистон дар марҳилаи хуби рушд қарор дорад ва ваъдаи шаффофияти ин интихобот аз тарафи раиси ҷумҳурӣ ва қонунгузорӣ дода шуд. Қонуншиканиҳо дар сояи ваъдаи раиси ҷумҳур анҷом шуд.

 

Ҳоло суол ин аст, ки оё раиси ҷумҳур аз ваъдаи худ пушаймолн шуда бошад ва ё дастандаркорони баргузории интихобот дар охирин лаҳзаҳои интихобот ва баъди дидани алоқаи мардум ба ҳизби мо ваъдаҳои раиси ҷумҳуррро фаромӯш карданд?

 

Моро бо фишор наметавонанд сари ҷо шинонанд. Мо нерӯҳои нав кашф кардем ва ҳазорон нафар ба ҳизби мо пайвастанд. Мо бидуни асабоният ва қотеъона пеш меравем. Асноди зиёде дорем, ки ба додгоҳ пешниҳод хоҳем кард. Мувофиқи муқаррароти қонунгузорӣ шаклу анвоъи эътироз ба натоиҷи интихоботро муъайян мекунем: гуруснанишинӣ, эътироз ва нарафтан ба маҷлис."

 

Сафар Сафаров, муъовини раҳбари ҳизби халқи демукрот:

 "Ин маърака (интихобот) демукротик, озод ва шаффоф гузашт. Ҳизби мо корашро дуруст ба роҳ монд ва дар давраи таблиғотӣ кори худро дучанд кард. Ба ин хотир, мо соҳиби 71.69 дарсади орои умумӣ шудем. Ба хотири заҳмате, ки мо имсол дар заминаи ташвиқот кашидем, муваффақ шудем. Мо паёми худро ба беш аз 85 дарсади интихобкунандагон тавассути таблиғот расондем. Мо беш аз 6000 волонтёр (мубаллиғони ихтиёрӣ) доштем.

 

Интиқодҳое, ки мешавад, бояд аз сӯйи додгоҳҳо муъайян шавад. Агар касе ба мо даъво дорад, мо метавонем посух гӯем. Вале ҳар кас озод аст, то фикри худро баён кунад. Мо беш аз 6000 нозири маҳаллӣ доштем ва аз фаъолияти кумисиюни интихоботӣ хеле розием.

 

Умуман, мубориза шадид буд. Агар номзадҳои мо дар ҳавзаҳои якмандатӣ дар соли 2005 аз 85 то 95 дарсади орои умумиро мегирифтанд, имсол номзадҳои мо аз 55 то 60 дарсадро касб карданд, чунки мубориза шаффоф ва озод буд. Мо инро эҳсос кардем. Мо медонистем, ки паси қадамҳои мо қадамҳои ҳизби наҳзати исломӣ аст ва онҳо ҷиддӣ кор карда истодаанд, барои ҳамин, мо ҳам бо ҷидду ҷаҳди зиёд кор кардем."

 

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот:

 "Кормандон дар куллияи марокизи раъйгирӣ ҷонибдори ҳизби ҳокими ҳалқи демукрот буданд ва то замоне, ки шеваи интихоби аъзои кумисиюнҳо (дар марокзи раъй) ҳамин гуна боқӣ мемонад, дар мавриди баргузории интихоботи мунсифона ва шаффоф суҳбат кардан имкон надорад.

 

Интихобот нишон дод, ки давлат кадом ҳизбро ва нафарро рақиб меҳисобад. Танҳо ду ҳизбро - ҳизби мо ва ҳизби наҳзати исломиро давлат ҳамчун рақибони худ эътироф мекунад. Ин нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон рақобати солим байни ҳизбҳо ба миён наомадааст.

 

Интихобот нишон дод, ки аз нигоҳи тавоноиҳои зеҳнӣ ду ҳизби пурқудрат аст - ҳизби халқи демукрот ва ҳизби сусиёл-демукрот, вале якеш ҳама чиз дорад ва дигарӣ ҳеҷ чиз надорад. Тақаллубкориҳои интихоботи 28 феврал бевосита дар асоси супориш аз боло ва моҳирона ташкил карда шуд. Барои кумисиюн муҳим нест, ки манфиъати мардум чӣ аст, барои онҳо муҳим он аст, ки супоришро иҷро кунанд."

 

Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сусиёлист:

 "Аз натоиҷи муқаддамотии интихобот қаноъатманд нестем. Мунтазири натоиҷи ниҳоӣ ҳастем. Интихоботи рӯзи 28 феврал нишон дод, ки мардуми Тоҷикистон аҳаммияти ин маъракаи интихоботиро бахубӣ дарк кардаанд. Интихобот аз солҳои қаблӣ тафовути куллӣ дошт, зеро миёни интихобкунандагони имсол теъдоди зиёди ҷавононе буданд, ки бори нахуст овоз медоданд ва ба интихобот бовар доштанд. Ҷаҳонбинӣ ва дарки мардум аз интихобот боло рафтааст.

 

Раисони баъзе аз марокизи интихоботӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон хидмати хирсона карданд. Дар баъзе марокизи раъйгирӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дошт. Барои мисол, рафтори афроди масъул дар марокиз мушкилоте ба бор овард. Дар бархе ҳавзаҳо прутукулҳо нодуруст тартиб дода шуданд, яъне на дар худи марказ, балки берун аз маркази раъйгирӣ."

 

Олим Бобоев, раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ:

 Ба фикри раёсати ҳизби мо, интихобот бо роҳи демукротик анҷом ёфт. Нозироне, ки аз тарафи ҳизб дар марокизи интихоботӣ буданд, аз қонуншиканиҳо гузориш накарданд. Умуман, имрӯз мо аз натиҷаи интихобот қаноъатманд ҳастем. Имрӯз кумисиюни интихобот эълом кард, ки ду узви ҳизби мо ба порлумон шомил шуданд. Яке Муҳаммадшариф Нозимов, муъовини раҳбари ҳизби мо тавассути рӯйхати ҳизбӣ ва дувумӣ Шарофиддин Сироҷев, ки дар ҳавзаи якмандатӣ номзад шуда буд.

 

Фикр мекунам ба воситаи ин ду намоянда мо барномаи ҳизбро метавонем амалӣ кунем. Умуман мо ҳаматарафа аз рафти баргузорӣ ва ҷамъбасти натоиҷи интихоботи порлумон қаноъатманд ҳастем. Мушкилоте, ки дар ин раванд вуҷуд дошт, ҷиддӣ набуданд, балки ҷузъӣ буданд. Агар дар бархе ҷойҳо мушкилоте вуҷуд дошта, он мушкилоти бунёдӣ, системӣ набудааст. Барои ҳамин, фикр мекунам даъвоҳое, ки аз сӯйи нозирони хориҷӣ ё аҳзоби дигари сиёсӣ садо медиҳанд, он қадар асоснок нестанд."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1853-2010-03-02-20-41-38.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854