19:33:07 02-уми Июни 2025 сол

ЭЪЛОМИ НАТОИҶИ НИҲОИИ ИНТИХОБОТ

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон натоиҷи ниҳоии интихоботи порлумонии рӯзи 28 февралро эълом кард. Мирзоалӣ Болтуев, раиси ин кумисиюн, рӯзи ҷумъаи 5 март дар ҷаласаи ҳайъати кумисиюн омори ниҳоии марбут ба интихоботро қироъат кард. Оқои Болтуев аз ҷумла эълом кард, ки дар интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ 3 милюну 289 ҳазору 377 нафар, яъне 90.3 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд.

 

Вай қаблан эълом карда буд, ки тибқи натоиҷи муқаддамотӣ дар маҷмӯъ беш аз 87 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат доштаанд. Тибқи натоиҷи ниҳоии интихобот 2.321.436 нафар ба тарафдорӣ аз Ҳизби ҳокими халқи демукрот раъй додаанд ва ин ҳизб бо 70,6 дарсади орои умумӣ аз 63 курсии порлумон 54 курсиро ба худ ихтисос додааст. Қаблан теъдоди орои ин ҳизб 71,69 эълом шуда буд.

 

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ба шумор меравад, 8,2 дарсади орои умумиро ба даст овардааст. Тибқи гузориши кумисиюн 268.596 нафар ба тарафдории ин ҳизб раъй додаанд. Орои ин ҳизб пештар 7,74 дарсад эълом шуда буд. Ба ин тартиб, ба назар мерасад, ки дар шумориши ниҳоӣ аз омори ҳизби халқи демукрот коста ва аз орои ҳизби наҳзати исломӣ афзуда шудааст, ки бархе аз соҳибназарон ин амрро навъе "посухи кумисиюн ба норизоятии ҳизби наҳзати исломӣ" хондаанд.

 

Аҳзоби кумунист, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан 7 дарсад, 5,1 дарсад ва 5,03 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардаанд. Ин чаҳор ҳизб дар порлумони ояндаи Тоҷикистон ҳар кадоме ду курсиро соҳиб шудаанд. Аммо аҳзоби сусиёлист, демукрот ва сусиёл-демукрот, ки натавонистаанд, ҳадди 5-дарсадӣ аз орои интихобкунандагонро ба даст оваранд, ба порлумон роҳ наёфтанд. Раҳбарони ин аҳзоб аз натоиҷи эъломшудаи интихобот ибрози норизоятӣ кардаанд.

 

Ҳамчунин, бар асоси гузориши ахири кумисиюни марказӣ 37.597, яъне беш аз як дарсади интихобкунандагон алайҳи ҳамаи номзадҳо раъй додаанд ва наздик ба 22 ҳазор варақаи раъй беэътибор дониста шудааст. Бархе аз коршиносони умури интихобот бар ин назаранд, ки ин арқом баёнгари ин аст, ки бахши аъзаме аз мардум ба интихобот аслан эътимод надошта ва мизони қобили таваҷҷуҳе ҳам дар бораи наҳваи раъйдиҳӣ огоҳии кофӣ надоранд.

 

Ба ин тартиб, натоиҷи ниҳоии интихобот аз натоиҷи эъломшуда дар рӯзи душанбе чандон тафовуте надорад ва масалан, дар шумори курсиҳое, ки аҳзоби дигар гирифта буданд, тағйире ба миён наомадааст. Тибқи феҳристи ҳизбӣ, ҳизби халқи демукрот аз 22 курсии порлумон 16 курсӣ, аҳзоби кумунист ва наҳзати исломӣ ҳар кадоме 2 курсӣ, аҳзоби кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ҳар кадом як курсиро ба даст оварданд.

 

Дар 41 ҳавзаи якмандатӣ ё инфиродӣ 38 курсиро номзадҳои ҳизби халқи демукрот ва ду курсиро номзадҳои аҳзоби кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ба даст овардаанд. Қарор аст дар як ҳавзаи дигар, дар ноҳияи Конибодом, рӯзи 14 март интихоботи такрорӣ баргузор шавад. Дар ин ҷо Шокирҷон Ҳакимов, номзади мустақил аз ҳизби сусиёл-демукрот ва Насрулло Маҳмудов, номзад аз ҳизби ҳокими халқи демукрот бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

 

Оқои Ҳакимов дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ ва вилоятӣ дар ин ҳавзаи интихоботӣ куллияи нерӯи худро барои таблиғи густарда дар миёни интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз номзади ҳизби ҳокими халқи демукрот басиҷ кардаанд. Ба бовари оқои Ҳакимов, бархе аз мақомоти интизомӣ барои пайдо кардани "иштибоҳоти кӯчаке" аз вай ба камин нишастаанд ва талош доранд номзадии ӯ қабл аз баргузории интихобот лағв шавад.

 

Таҳлилгарони хориҷӣ мегӯянд, ки натоиҷи эъломшудаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон "султаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвари фақиртарин дар Осиёи Миёнаро" боз ҳам тақвият хоҳад кард. Аҳзоби мухолиф ва нозирони байналмилалӣ аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз шеваи баргузории интихобот ва мавориди зиёди "тахаллуф ва қонуншиканиҳо" дар ҷараёни раъйгирӣ башиддат интиқод кардаанд.

 

Яке аз нукоти муҳимми мавриди интиқоди нозирони хориҷӣ набудани феҳристи воҳиди интихобкунандагон аст, ки ифшои мавориди густардаи раъйдиҳии такрорӣ ва ё хонаводагиро ғайримумкин кардааст. Системи нокоромади шумориши оро ва набуди як ниҳоди мустақил дар заминаи расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ аз дигар нукоти мавриди интиқоди нозирон аст.

 

Дар ҳоле ки Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон омори мушорикати интихобкунандагон беш аз 90 дарсади хондааст, бархе аз таҳлилгарон бо ишора ба муҳоҷирати беш аз як милюн тоҷик ба хориҷ аз кишвар, ширкати фаъол надоштани онҳо дар интихобот, алоқа надоштани мардум ва ё нобоварии онҳо нисбат ба ин тадбири сиёсӣ, дар арқоми расмӣ ибрози тардид мекунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1872-2010-03-05-16-25-04.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854