13:00:59 13-уми Июни 2025 сол

ЗОЙИРОВ: “ҲИЗБИ ҲОКИМ ҲОКИМИЯТРО ҒАСБ КАРД”

Раҳматилло Зойиров, аз раҳбарони умдаи мухолиф дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ дар интихоботи порлумонӣ ҳизби ҳокими халқи демократ “ҳокимиятро ғасб кардааст”. Раҳбари ҳизби сусиёл-демократ рӯзи сешанбеи 9 март дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки бар асоси Қонуни Асосӣ ҳизби халқи демократ барои ин амал бояд муҷозот шавад. Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи моддаҳои панҷум ва шашуми Қонуни Асосӣ ғасби ҳокимият аз сӯйи ягон гурӯҳ ё созмоне мамнӯъ аст.

 

Оқои Зойиров гуфт, намояндагони ҳизби халқи демократ, ки аксарияти кулли аъзои кумисиюнҳои марокизи раъйгириро ташкил медоданд, тавассути масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ, кумитаҳои маҳаллаҳо ва марказҳои хоҷагиҳои манзилию мудирони мадорис ба интихобкунандагон, нозирони аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба порлумон фишор оварда ва аз раъйдиҳии озод монеъ шудаанд ва бад-ин васила ҳокимиятро "ғасб кардаанд."

 

Ҳамчунин, оқои Зойиров таъкид кард, ки фроксиюни ҳизби халқи демократ дар порлумони қаблӣ низ "салоҳияти порлумонро тасарруф карда" ва дар роҳи ворид шудан ва баррасии пешниҳодҳои аҳзоби дигар дар маҷлис "мамонеъат карда буд."

 

Ӯ ба унвони мисол аз пешнависи ислоҳи қонуни интихоботи Тоҷикистон ном бурд, ки аз ҷониби намояндаи ҳизби кумунист дар порлумон ироа шуд, аммо дар пайи мухолифати шадиди намояндагони ҳизби халқи демократ ин пешнавис дар порлумон баррасӣ нагардид. Ҳамзамон, дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демократ натоиҷи интихобот навъе "таҳқир" дар қиболи аъзои ин ҳизб ва дар маҷмӯъ мардуми Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.

 

Шӯрои сиёсии Ҳизби сусиёл-демократи Тоҷикистон дар садад аст ба Додгоҳи Қонуни Асосӣ ва Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони ин кишвар дар мавриди натоиҷи интихоботи порлумонӣ ва "ғасби ҳокимият аз сӯйи" ҳизби халқи демократ шикоят кунад.

 

Ҳамчунин, ин ҳизб аз Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ба Додгоҳи Олӣ ва дар бораи нақзи қонуни интихобот дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе бо се шикоят ба додгоҳҳои навоҳии Сино ва Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон муроҷиъа кардааст.

 

Аз сӯйи дигар, Раҳматилло Зойиров, раҳбари ин ҳизб, нашрияҳои расмии “Ҷумҳурият” ва “Минбари халқ”-ро ба иттиҳоми бӯҳтон ва латма задан ба эътибори ӯ ба додгоҳ кашидааст. Дар ҳамин ҳол, оқои Зойиров гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд, ба ҳалли мунсифонаи ин қазияҳо бовар надорад.

 

Ҳадаф аз муроҷиъаи ӯ ва ҳизбаш ба додгоҳ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъаи Тоҷикистон ба мавориди зиёди тахаллуфу тақаллуб дар интихоботи порлумонӣ будааст. Бино ба натоиҷи интихоботи порлумонӣ, ки дар аввали моҳи ҷорӣ аз сӯйи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ эълом шуд, ҳизби сусиёл-демократи Тоҷикистон камтар аз як дарсади орои умумиро касб кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1896-2010-03-09-16-43-58.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854