ТАҒЙИРОТИ ГУСТАРДАИ КОДРӢ ДАР ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон тағйироти кодрии густардае дар кобинаи давлати ин кишвар анҷом дод.
Тибқи ин тасмимот, Матлубхон Давлатов раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст. Қаблан дар ин симат Амиршо Миралиев ифои вазифа мекард, вале вай ахиран намояндаи порлумон интихоб шуд. Матлубхон Давлатов, ки собиқаи кории вай дар ҳайъати давлат ба авоили солҳои 1990 бармегардад, аз хешовандони наздики раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва то ин замон мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар умури иқтисодӣ буд.
Интисоби оқои Давлатов ба симати раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳолест, ки мухолифони давлати Президент Раҳмон аз густариши ончи "непотизм" ё "хешовандсолорӣ" дар Тоҷикистон мехонанд, ҳамвора интиқод кардаанд.
Матлубхон Давлатов, ки дар соли 1970 аз бахши иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фориғуттаҳсил шудааст, дар даврони Шӯравӣ муддате дабири кумитаи ҳизби кумунист буда ва дар давраи пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар симатҳои муъовини раиси кумитаи давлатии амвол, раиси кумитаи давлатии амвол ва раиси кумисиюни хусусисозии ин кишвар кор кардааст.
Аз вазорат ба порлумон
Аз сӯйи дигар, бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов вазири кор ва таъмини иҷтимоъӣ таъйин шудааст. Вай қаблан раёсати “Амонатбонк”-ро бар ӯҳда дошт. Дар иваз, Гулнора Кенҷаева, муъовини қаблии раиси “Амонатбонк”, раиси ин бонк таъйин шудааст.
Қаблан вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоъиро Шукурҷон Зуҳуров бар ӯҳда дошт. Вай дар интихоботи ахири порлумонӣ намояндаи порлумони Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳамзамон фармоне дар бораи интисоби Раҳмат Бобокалонов, раиси қаблии “Жилкомхоз” ё идораи хадамоти ҳамагонӣ ба симати вазири оби Тоҷикистон низ содир шудааст.
Вазири қаблии ин вазорат, Ёқуб Салимзода, низ дар интихоботи порлумонии ахир намояндаи порлумон интихоб шудааст. Бо судури фармоне дигар, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Суман Тағоеваро, ки қаблан муъовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоъӣ буд, раиси Кумитаи кор бо занон таъйин кард.
Раиси қаблии ин кумита низ ба далели дарёфти ваколати намояндагӣ дар маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон аз вазифааш канор рафт. Дар ҳамин радиф, ба далели намояндаи порлумон интихоб шудани Марҳабо Ҷабборова, ки пеш аз ин раёсати Донишгоҳи давлатии забонҳо дар шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт, Носирҷон Салимов, раиси қаблии донишгоҳи Хуҷанд, раиси донишгоҳи давлатии забонҳо таъйин шуд.
"Вазифаи пурмасъулият"
Дар муқобил, Нуралӣ Риёев ва Абдусаттор Раҷабов, намояндагони қаблии порлумони Тоҷикистон, мутаносибан ба симатҳои мудири бахши тадорукотӣ ва мудири бахши дифоъ ва интизоми ҷамъиятии дафтари раёсати ҷумҳурии ин кишвар мансуб шудаанд.
Ҳамчунин, Мерган Шаҳбозов аз раёсати кумитаи давлатии омори Тоҷикистон барканор ва Бахтия Муҳаммадиева раиси Ожонси омори вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар таъйин шудааст. Амонулло Ашӯр, ки қаблан муъовинати аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷоратро ба уҳда дошт, ба симати сардори Идораи (Хадамоти) зиддиинҳисории вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон мансуб шадааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз сиёсатмадорони тоҷик мукарраран аз тағйироти кодрии ба гуфтаи онҳо зуд-зуд дар кобинаи давлати Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд. Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунистии Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ масъули бахши кодри кумитаи марказӣ буд, мегӯяд, ки "ҷобаҷогузории кодрҳо аз нозуктарин ва масъулиятноктарин вазифаи давлат аст".
Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Интихоби кодрҳо кори саҳл нест ва коре тақдирсоз аст. Дар ин кор бояд хеле таҳаммул кард. Ҳатто Иосиф Сталин, ки гуфтааст "Кадр муҳиммтарин чиз аст", афродеро, ки ба қатл маҳкум шудаанд, ба хотири мутахассиси хуб буданашон афв мекард."
Би-Б-и-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1900-2010-03-10-17-27-10.html