ИМЗОИ ҚОНУНҲОИ НАВ АЗ ҶОНИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ
11 марти соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расид.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои ба имзорасида пеш аз ҳама ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, рушди хизмати давлатӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла фазои соҳибкорӣ, такмили низоми супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, танзиму таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шуда, барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунанд.
АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1910-2010-03-12-07-33-39.html