НИШАСТИ МАТБУОТИИ МУҲИДДИН КАБИРӢ
15-уми марти соли 2010 дар қароргоҳи марказии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Муҳиддин Кабирӣ раиси -ҲНИТ баргузор гардид.
Таваҷҷӯҳи журналистонро қабл аз ҳама масъалаи ширкат кардан ва ё накардани намояндагони интихобшудаи ин Ҳизби исломӣ дар кори Парлумони нави кишвар ҷалб карда буд. Зеро дар баёнияҳои баъдазинтихоботии хеш роҳбарони ҲНИТ аз тақаллубкориҳои густурда дар раванди интихобот сухан гуфта, иброз дошта буданд, ки шояд ба нишони эътироз ду вакили интихобшудаи онҳо дар кори Парлумон ширкат накунанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар ҷамъи хабарнигорони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷии кишвар иброз дошт, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи ин субҳи худ масъалаи ба иҷлосияи нахустини Маҷлиси Намояндагони МОТ рафтан ва ё нарафтани ду вакили тозаинтихоби худро мавриди баҳсу мунозира қарор дод. Шӯрои сиёсӣ бо 9 нафар ҷонибдор ва се нафар мухолиф ба натиҷае расид, ки вакилони ҲНИТ дар кори иҷлосияи Парламони тозаинтихобшуда ширкат менамоянд.
Аммо ин маънои онро надорад, ки ҲНИТ аз даъвоҳои додгоҳҳои худ, ки мақсад аз он барқарор кардани натиҷагирии одилона аз интихобот аст, даст мекашад, гуфт дар идомаи суханаш Муҳиддин Кабирӣ. Ӯ инчунин иброз дошт, ки дар интихоботи намояндагони мақомоти маҳаллӣ аъзои ҲНИТ соҳиби 43 ҷой гардидаанд, ки ин нисбат ба интихоботи қаблӣ дастоварди хубтаре будааст.
Ёдовар мешавем, ки 16-уми март дар Душанбе иҷлосияи нахустини Парлумони тозаинтихобшуда ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1936-2010-03-15-19-14-26.html