НИГАРОНИИ ҲАКИМОВ АЗ ФИШОР БАР ТАРАФДОРОНАШ
Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ва номзади интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Конибодом, мегӯяд, ки бо гузашти панҷ рӯз аз эъломи натоиҷи интихоботи такрорӣ мақомоти маҳаллӣ ҳамчунон ба озору азияти тарафдорони ӯ дар ин ноҳия машғуланд.
Оқои Ҳакимов, ки бар асоси натоиҷи эъломшудаи интихобот орои камтаре аз рақиби худ аз ҳизби ҳокими халқи демукрот ба даст овардааст, рӯзи шанбеи 20 март дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки тасмим дорад аз мавориди густардаи тахаллуф ва беназмиҳо дар ҷараёни раъйгирӣ аввал ба кумисиюни марказии интихобот ва сипас ба додгоҳ шикоят бубарад.
Мақомҳои интихоботӣ дар ноҳияи Конибодом як рӯз пас аз интихоботи 14 март эълом карда буданд, ки дар интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи шумораи 19 ин ноҳия Насруллоҳ Маҳмудов, номзад аз ҳизби ҳокими халқи демукрот ва рақиби оқои Ҳакимов, бо касби 54,7 дарсади орои умумӣ пирӯз шудааст. Ба гуфтаи масъулони кумисиюни маҳаллии интихобот, Шокирҷон Ҳакимов дар интихоботи такрорӣ 41,7 дарсади ороро ба даст оварда, аммо муваффақ нашудааст, ки рақиби худ аз ҳизби ҳокимро мағлуб кунад.
Оқои Ҳакимов ба навбаи худ муътақид аст, ки ӯ раъйи бештаре аз мардумро ба даст оварда, вале дар шумориши оро натоиҷи он ба манфаъати рақибаш дасткорӣ шудааст. Вай мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Конибодомро ба даст доштан дар тахаллуф ва мудохила дар умури интихоботӣ муттаҳам мекунад.
Фурсати фишор
Шокирҷон Ҳакимов муддаъист, ки пас аз анҷоми интихобот мақомоти шаҳри Конибодом, дар шимоли Тоҷикистон, бисёре аз тарафдорони ӯро ҳадафи озору азият қарор дода ва ҳатто иддаеро маҷбур кардаанд, ки аз машоғили худ даст кашанд ва ё аз симатҳои худ истеъфо бидиҳанд.
Ин номзад аз ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ки аз натоиҷи интихобот норозист, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Дар қитъаҳои интихоботие, ки ман раъйи бештари мардумро ба даст овардам, масъулони қитъаҳоро (мақомот) даъват кардаанд, ки бо хоҳиши худ аз кор бираванд."
Вай афзуд: "Роҳбарони хоҷагиҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, идораю муассисотеро, ки тартиби ба кор таъйин ва аз кор озод карданашонро қонун муқаррар намудааст ва ба шаҳрдории Конибодом вобаста нестанд, бо истифода аз усули авторитарӣ ва берун аз ваколатҳои хидматӣ (мақомот) бо онҳо суҳбатҳои алоҳида ва хосса доир намуда, фишор меоранд. Нисбат ба баъзе шахсони алоҳида суханҳои туҳматангез, таҳқиру ҳақоратро ҳам раво дидаанд, ки ин хуб нест."
Мақомоти шаҳри Конибодом ин иддаъоҳоро бепоя мехонанд, вале оқои Ҳакимов мегӯяд, ки ҳамарӯза шумори зиёде аз тарафдоронаш ба ӯ занг мезананд ва аз фишори мақомоти маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Оқои Ҳакимов муътақид аст, ки бо таваҷҷуҳ ба баргузории Наврӯз ва камтаваҷҷуҳии мардум, расонаҳо ва раҳбарияти Тоҷикистон ба масоили интихоботӣ, мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Конибодом ин замонро ба унвони фурсате муносиб "барои фишороварӣ" бар тарафдорони вай интихоб кардаанд.
Аъмоли ғайриқонунӢ
Вай афзуд, ки рӯзи ҷумъа суҳбате телефунӣ бо мақомоти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон анҷом дода ва аз онҳо тақозо кардааст, то пеши роҳи "ҳама гуна амалҳои ғайриқонунии" мақомҳои шаҳри Конибодом гирифта шавад.
Ин номзади интихоботи порлумонӣ ва аз чеҳраҳои умдаи мухолиф дар Тоҷикистон ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки пас аз таътилот дар бораи ончи "тамоми мушкилиҳо ва амалҳои ғайриқонунии ҳукумати шаҳри Конибодом" меномад, ба таври муфассалтаре изҳори назар кунад.
Оқои Ҳакимов аз он чи фурӯхтани замин, сафарбар кардани донишҷӯён ва шогирдони мактабҳо, пизишкони маҳаллӣ (ба корзори интихоботӣ), "куштани гӯсфанду гов ва тақсими нӯшокиҳои алкулӣ", мудохилаи мақомоти вилояти Суғд дар умури интихобот, раъйдиҳӣ аз номи афроди фавткарда ва беморони рӯҳӣ хонд, ба унвони намунаҳое аз тахаллуфот дар ҷараёни интихобот ном бурд.
Вай афзуд: "Ман бисёр далелҳо доштам. Масалан онҳо гуфтанд, ки дар интихобот 96 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд, ҳол он ки тибқи омори расмӣ ҳудуди 30 дарсади мардуми Конибодом дар муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд. Дар 8-10 маврид шахсони алоҳида, ки 3-4 моҳ пеш вафот кардаанд, низ гӯё раъй додаанд. Беморони равонӣ тибқи қонун ҳаққи раъй додан надоранд, вале барои онҳо низ раъйдиҳӣ ташкил карданд."
Маҳрумият аз раъйдиҳӢ
Шокирҷон Ҳакимов муддаъист, ки беш аз 20 ҳазор варақаи раъй, ки ҳисоб нашуда буд, бидуни назорати аъзои ситоди вай "ба манфаъати ҳизби ҳокими халқи демукрот" истифода шудааст. Вай ҳамчунин масъулони марокизи раъйгириро ба нақзи қонун муттаҳам кард ва гуфт, ки онҳо соъати 15:00, яъне 5 соъат қабл аз анҷоми раъйдиҳӣ, сандуқҳои раъйро боз кардаанд ва "ҳазорон мардуме, ки мехост ба ман раъй диҳанд, аз раъйдиҳӣ маҳрум шуданд."
Оқои Ҳакимов мегӯяд, ки ситоди интихоботии вай аз масъулони ҳавзаи раъйгирӣ тақозои бозшумории орои умумиро карда, вале то кунун посухи хаттии расмӣ нагирифтааст. Дар натиҷа, ин кор аз бурдани шикоят ба додгоҳ ва кумисиюни марказии интихобот монеъ шудааст.
Вале пас аз ончи озору азияти тарафдоронаш мехонад, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз далелу санадҳое, дар ихтиёр дошта, аввал ба Кумисиюни марказии интихобот ва сипас ба Додгоҳи олӣ шикофт бубарад ва рақиби худро ба чолиш бикашад.
Итминон ба иродаи раисҷумҳур
Оқои Ҳакимов умедвор аст дар ин кор муваффақ шавад: "Ман ба иродаи сиёсии раиси ҷумҳур ва Додситони кулли Тоҷикистон итминон дорам ва омода ҳастам, ки баҳс кунам ва баҳсро идома диҳам. Он ҷониб, ки водор кард, ман ба хотири ҳимоят аз мардуме, ки ба ман раъй дода ва имрӯз таҳти фишору таъқиб қарор гирифтаанд, тамоми табдирҳои қонуниро меандешам."
Зимнан, Ҳизби сусиёл-демукрот ба раҳбарии Раҳматилло Зойиров, ки Шокирҷон Ҳакимов муъовини ӯст, пас аз ҳизби наҳзати исломӣ дувумин ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин ҳизб бештар қонундонҳо, фарҳангиён, иқтисоддонҳо ва устодони донишгоҳҳоро дар суфуфи худ гирдиҳам оварда, вале ба эътиқоди коршиносон, дар миёни мардум нуфузи густардае надорад.
Ин танҳо ҳизб аз миёни ҳашт ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон аст, ки раиси ҷумҳур намояндаи онро ба Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии ин кишвар шомил накардааст. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд ин тасмим бо интиқодоти Раҳматилло Зойиров аз сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла истеъфои вай аз симати мушовири раиси ҷумҳурӣ ва зери суол бурдани машрӯъияти ҳукумати оқои Раҳмон дар соли 2002 бар мабнои қонуни асосӣ, иртибот дорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1971-2010-03-20-14-28-19.html