14:37:21 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 Дар бораи тадбирҳои тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ. Мутобиқи моддаи 101 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои алоҳидаи буҷетӣ фармон медиҳам: 

1. Аз 1 июли соли 2009:

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг 30 фоиз зиёд карда шавад.

2. Аз 1 сентябри соли 2009:

- маоши вазифавии кормандони кормандони соҳаи илм 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, методистони шӯъбаи маориф 15 фоиз зиёд карда шавад;

- музди меҳнати кормандони мактабҳои мусиқӣ ва санъат ба музди меҳнати кормандони дахлдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ баробар карда шавад;

- музди меҳнати устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати омӯзгорони ин муассисаҳо вобаста ба таҳсилот ва дараҷаи тахассусӣ баробар карда шавад;

- фонди амалкунандаи музди меҳнати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 15 фоиз зиёд карда шавад;

- барои мудирии кабинетҳои фаннии муассисаҳои таълимӣ ва шӯъбаҳои маориф 10 фоиз иловапулӣ аз маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;

- музди меҳнати дигар кормандони соҳаи маориф, ки ба гурӯҳҳои зикршуда ворид нагардидаанд, 15 фоиз зиёд карда шавад;

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар мӯҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;

- аз 1 июли соли 2009 Дастурамали нави пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустиро дар доираи фонди музди меҳнати дар Буҷети давлатӣ барои зиёдшавии музди меҳнат пешбинишуда ҷорӣ намояд;

- аз 1 сентябри соли 2009 нақшаи нави музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, корҳои тарбиявии беруназмактабӣ, мактабҳои варзишӣ, маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва маркази барномаҳои байналмилалиро дар доираи фонди музди меҳнати дар Буҷети давлатӣ барои зиёдшавии музди меҳнат пешбинишуда муайян намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон
ш. Душанбе, 20 июни соли 2009 - №671
 

АМИТ «Ховар» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi