13:11:51 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/19_--01-a-aaaaaapoez-dushanbe-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/19_--01-a-aaaaaapoez-dushanbe-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/19_--01-a-aaaaaapoez-dushanbe-2.jpg'

М. АЛИМАРДОН БАРОИ ВАГОНҲО БА ТОШКАНТ МЕРАВАД

Абдулло Юлдошев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, қазияи вагонҳои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон аз доираи мушкилоти танҳо логистикӣ берун шудааст ва ҳамакнун дар сатҳи ҳукумат талош барои ҳалли он хоҳад шуд. Ҷаноби Юлдошев гуфт, рӯзҳои наздик дар Тошкант нишасти комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон зери раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон, баргузор хоҳад шуд.

 

Абдулло Юлдошев бо назардошти нозукиҳои дипломатӣ аз ироаи ҷузъиёти бештари ин мавзӯъ худдорӣ намуд, вале хабар дод, ки дар ин авохир сафири Узбакистон дар Душанбе се бор ба вазорати корҳои хориҷӣ барои сӯҳбат даъват гардида буд. Дар як конфронси дигари матбуотии муштарак се раҳбари марказҳои Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон гуфтаанд, дар банд боқӣ мондани вагонҳо тарҳҳои бозсозии роҳҳо дар Тоҷикистонро ба ҳам мезанад.

 

Узбакистон мушкилоти банд мондани вагонҳои Тоҷикистонро дар ҷамъ шудани теъдоди зиёди вагонҳо дар истгоҳҳои роҳи оҳани худ ва иқтидори ками роҳи оҳанаш медонад, аммо ҷониби Тоҷикистон иддао дорад, ки мушкилоти вагонҳояш дар марзи Узбакистон ангезаҳои сиёсӣ дорад. Пурсарусадотарин вокунишро дар ин маврид сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз минбари Созмони милал дар Ню-Йорк нишон дода буд, ки ин қазияро «муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон» номида буд.

 

Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони милал, низ, дар нишасти хабарияш дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аз мақомоти Узбакистон хоста буд, то вагонҳои Тоҷикистонро бигузоранд, ки бидуни таъхир ба маҳалли ниҳоияшон бирасанд. Дабири кулли Созмони милал гуфта буд, аз нигаҳ доштани вагонҳои Тоҷикистон, ки барои кишоварзон маводи сӯхт меоварад, нигарон аст.

 

Дар ин миён, Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи масоили байнулмилалии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба Фарғона.Ру гуфтааст, иқдомоти ахири Узбакистон метавонад Тоҷикистонро водор ба муроҷиат ба додгоҳҳои байнулмилалӣ намояд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2145-2010-04-19-08-59-04.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854