02:06:14 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/23_--01-a-aaaaaaaubaydulloyev-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/23_--01-a-aaaaaaaubaydulloyev-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/23_--01-a-aaaaaaaubaydulloyev-2.jpg'

УБАЙДУЛЛОЕВ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БОҚӢ МОНД

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ки тайи даҳ соли ахир раиси Маҷлиси Миллии порлумони Тоҷикистон буд, дар ин симат боқӣ монд. Вай рӯзи ҷумъаи 23 апрел дар ҷаласаи нахусти Маҷлиси Миллӣ ё маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон барои севумин бор ба раёсати ин маҷлис интихоб шуд. Вай дар байни солҳои 2000 то 2005 ва 2005 то 2010 низ раёсати ин маҷлисро ба уҳда дошт.

 

Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим, раисони вилоятҳои Суғду Баахшон, мутаносибан муъовини аввал ва муъовини раиси Маҷлиси Миллӣ бо аксари кулли оро интихоб шудаанд. Аъзои маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон, ки аз салоҳияти таъйиди қонуну мусаввабаҳо ва асноди дигари тасвибшуда дар Маҷлиси намояндагон бархурдор аст, дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа раисони кумитаҳо ва кумисиюнҳои ин маҷлисро низ интихоб кардаанд.

 

Аз ҷумла Мамадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улум, ба раёсати кумитаи таъмини ҳуқуқи башар бар мабнои Қонуни асосӣ ва Матлубхон Давлатов, аз пайвандони наздики раиси ҷумҳурӣ, ки пештар раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъйин шуда буд, ба раёсати кумитаи иқтисод ва иртиботот баргузида шудаанд.

 

Ҳамчунин, Убайдулло Қурбонов раиси кумитаи илм, маъориф, фарҳанг ва сиёсати иҷтимоъӣ, Давлатшо Гулмамадов раиси кумитаи масоили кишоварзӣ, шуғл ва муҳити зист, Мунъим Оламов раиси кумитаи равобит бо маҷлиси суфлои порлумон, ниҳодҳои маҳаллии давлатӣ, созмонҳои иҷтимоъӣ ва расонаҳо интихоб шудаанд.

 

Сайдулло Хайруллоев, ки дар гузашта раёсати маҷлиси суфлои порлумонро ба уҳда дошт, ҳамакнун раёсати кумисиюни назорат бар муқарарот дар Маҷлиси Миллӣ интихоб шудааст. Дар ҷаласаи маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон, раиси ҷумҳурӣ низ ширкат ва суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки бо истифода аз ҳуқуқи қоунгузорӣ, аъзои маҷлиси улё бояд барои шугуфоии Тоҷикистон хидмат куанд.

 

Вай афзуд: "Қабл аз ҳама мо бояд барои аз миён бурдани асароти номатлуби буҳрони ҷаҳонии молӣ дар иқтисодамон талош кунем. Дар оянда мо бояд талош кунем, ки ҳаматарафа барои муқобала бо нуфузи авомили хориҷӣ дар кишварамон омод бошем."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2177-2010-04-23-09-59-17.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854