19:11:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КАШФИ 50 КИЛУГРАМ ГЕРОИН АЗ ЯК МОШИН

Кормандони Идораи муқобала бо маводди мухаддири Вазорати кишвари Тоҷикистон дар чорчӯби амалиёти мавсум ба “Кӯкнор–2009” дар ҳумаи шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар, аз кӯшиши интиқоли ғайриқонунии миқдоре маводди мухаддир ҷилавгирӣ кардаанд.

Он гуна, ки Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвар гуфт, кормандони пулис дар посгоҳи “Чорбоғ”–и ноҳияи Варзоб, воқеъ дар шимоли шаҳри Душанбе, як худрави “Toyota Avensis”, мутаъаллиқ ба Саттор Сангов, сокини ин шаҳрро мутаваққиф кардаанд, ки аз боғочи он 50 кг героин кашф ва мусодира шудааст.

Оқои Асадуллоев гуфт, ба иловаи ронанда, Тоҷиддин Анваров, як сокини ноҳияи Вахш низ дар худрав қарор доштааст. Гурӯҳи бозрасон зимни таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ соҳиби маводд ва афроди мазнун дар ин ҷурмро мушаххас хоҳанд кард.

Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, ки ин амалиёт таҳти раҳбарии Рамазон Раҳимов, муъовини аввали вазири кишвар сурат гирфтааст.

Кашфу мусодираи 50 кг героин дар ҳумаи шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки ду рӯз қабл Маҳмадшариф Ҷураев, раиси вогун–рестурони қатори “Душанбе–Маскав” низ бо миқдоре героин боздошт шудааст.

Масъулони Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯянд 4 кг героин ба ҳангоми бозрасии оқои Ҷураев дар қаламрави маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ кашфу мусодира шудааст. Нисбат ба ин казия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқот ҷараён дорад.

"Кӯкнор-2009" 

Мавориди кашфу мусодираи маводди мухаддири героин дар манотиқи наздик ба шаҳри Душанбе дар ҳолест ки амалиёти “Кӯкнор–2009” дар саросари ин кишвар ҷараён дорад. Интизор меравад авохири ҳафтаи ҷорӣ аз натоиҷи якмоҳаи ин тадбири интизомӣ ва амниятӣ натиҷагирӣ шавад.

Амалиёти “Кӯкнор-2009” як моҳи қабл шурӯъ шуд. Мақомот нахуст аз шурӯъи ин амалиёт дар минтақаи Рашт, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон хабар доданд ва сипас гуфтанд, ки он дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ ҷараён дорад.

Ин амалиёт дар минтақаи Рашт дар ҳоле шурӯъ шуд, ки шоеъоте аз ҳузури теъдоде аз аъзои гурғҳҳои вобаста ба Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар даврони ҷанги дохилӣ, мунташир шуд.

Аммо Вазорати кишвар ин шоеъотро радд карда ва гуфт, ки ин амалиёт бо шоеъот дар бораи ҳузури аъзои гурӯҳҳои мухолифи пешин ҳеҷ иртиботе надорад. Интизор меравад амалиёти “Кӯкнор–2009” то авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ идома ёбад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi