ИНТИҚОДИ ИСЛОМ КАРИМОВ АЗ СИЁСАТҲОИ ОБИИ ҲАМСОЯГОН
Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон шадидан аз сиёсатҳои кишварҳои ҳамсоя дар истифода аз захоири об интиқод кардааст. Интиқоди тозаи раҳбари Ӯзбакистон аз ҳамсоягон замоне сурат мегирад, ки баҳс дар мавриди сарнавишти эҳдоси нерӯгоҳи обии Роғун дар Тоҷикистон доғтар мешавад.
Оқои Каримов, ки рӯзи душанбеи 3 май дар расми ифтитоҳи нишасти ҳайати мудираи Бонки Осиёии Тавсеъа дар Тошканд суханронӣ мекард, раҳбарии кишварҳо минтақаро ба далели он чи ӯ нодида гирифтани "паёмадҳои зистмуҳитии" сиёсатҳои обии онҳо тавсиф кард, мавриди интиқод қарор дод. Ӯ гуфт: "Мо дар забони ӯзбакӣ мегӯем ҷое, ки об набошад, он ҷо зиндагӣ нест. Аз ин рӯ аст ки мо ин мавзуъро ҷиддӣ мегирем."
Оқои Каримов афзуд: "Мутаассифона баъзе аз ҳамсоягони мо бо ин мавзуъ бархурди дигар доранд, ба хусус кишварҳои болооби минтақа. Онҳо дар бораи паёмадҳое, ки чунин бархурд метавонад дошта бошад, фикр намекунанд."
Ин интиқоди раиси ҷумҳури Ӯзбакистон тозатарин маврид аз интиқодоти вай аз хамсоягон пас аз дидору мулоқотҳои ӯ бо мақомоти Русия дар Маскав дар авохири моҳи апрел ва имзои як силсила тавофуқоти Тошканд бо Маскав аст.
Интиқоди Ислом Каримов аз сиёсатҳои обии кишварҳои минтақа дар ҳоле сурат мегирад, ки наздики ду ҳазор вогуни ҳомили мавод ва колои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон гир мондаанд ва Тошканд иллали таъхири ҳаракати ин вогунҳо ба Тоҷикистонро мушкилоти фаннӣ хондааст, агарчи мақомоти Тоҷикистон Ӯзбакистонро муттаҳам кардаанд, ки ҳадафи Ӯзбакистон аз таъхири ҳаракати ин вогунҳо фишор барои бунёди нерӯгоҳи Роғун аст.
Интизор мерафт ин мушкил тайи Сафари Муродалӣ Алимардонов, муъовини нахуствазири Тоҷикистон ба Ӯзбакистон ва анҷоми гуфтугӯҳо ба мқомоти ин кишвар ҳалл шавад, вале давлати Тоҷикистон натоиҷи ин сафарро эълон накардааст ва тибқи гузоришҳо вогунҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар қаламрави Ӯзбакистон қарор доранд.
Коршиносон муътақиданд, ки агарчи Ӯзбакистон баҳонаи паёмадҳои зистмуҳитии нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои ҳамсояро пеш меорад, вале нигаронии аслиаш паёмадҳои иқтисодии чунин тарҳҳо аст. Зеро бим аз он дорад, ки Тоҷикистон бо эхдоси обанбори бузург метавонад обро кунтрул кунад ва аз он ба унвони афзори фишор бар Ӯзбакистон, бузургтарин масрафкунандаи об дар минтақа истифода кунад.
Об ҷузъи ҳаётии муҳимтарин бахши иқтисоди Ӯзбакистон, тавлиди панба аст, ки манбаъи даромади миллиюнҳо нафар аз мардуми ин кишвар аст. Давлати Тоҷикистон мукарраран таъкид кардааст, ки нерӯгоҳи Роғун манофеъи кишварҳои минтақаро таҳти хатар нахоҳад гузошт ва бо ҳайате аз Бонки Ҷаҳонӣ саргарми баррасии масоили зистмуҳитии ин тарҳ аст.
Ноҳамворӣ дар равобити Тоҷикистон ва Ӯзбактстон собиқаи тӯлонии торихиву фарҳангӣ дорад ва пас аз касби истиқлоли ҳар ду кишвар танишҳо дар равобит ба гунаи масоили иқтисодӣ зоҳир шудааст, ки гуфта мешавад ҳадафи он сиёсӣ будааст. Ӯзбакистон борҳо интиқоли гозу барқ ба Тоҷикистонро бо баҳонаҳои мухталиф қатъ кардааст, ба хусус дар фасли сармо, ки коршиносон гуфтаанд ҳадаф аз он фишор ба раҳбарии Тоҷикистон ва ноором сохтани авзоъ дар ин кишвар будааст.
Тоҷикистон, ки имкони тавлиди нерӯи барқ дар дарёҳои худро дорад, манобеъи андаки нафту гоз дорад ва пойбанди гозу барқи воридотӣ ба хусус дар фасли сармо аст. Моҳи гузашта Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар нахустин сафари худ ба кишварҳои Осиёи Миёна аз вазъ дар равобити ду кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2240-2010-05-03-12-05-47.html