17:35:38 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/12_--01-a-aaaaaaasafiri-nav.jpg'

Э. РАҲМОН: «МО БА САТҲИ РОБИТАҲО БО АРМАНИСТОН БАҲОИ БАЛАНД МЕДИҲЕМ»

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Арманистон дар Тоҷикистон Владимир Бадалян ва Сафири нави Туркманистон Нокергули Атагулиев эътимоднома қабул намуд. Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафири нави Арманистон, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор гашт, масоили ҳамкории ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ шуд.

 

“Мо ба сатҳи робитаҳо бо Арманистони дўст баҳои баланд медиҳем, заминаи хуби ҳуқуқию қарордодӣ барои густариши ҳамкорӣ гузошта шудааст ва мо бовар дорем, ки бо кўшишҳои дуҷониба аз имкону захираҳои мавҷуда самараи дилхоҳ мебардорем”, - изҳор дошт зимни сўҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

 

Ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва густариши робитаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла илмию техникӣ ва фарҳангӣ зарур шумурда шуд. Дар мулоқот бо Сафири нави Туркманистон роҳу василаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.

 

Таҳкими бештари заминаи қарордодию – ҳуқуқии ҳамкорӣ тавассути ба имзо расондани як қатор санадҳои нави омодагашта ва вусъат додани фаъолияти комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ зарур шумурда шуд. Барқарор намудани алоқаи мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Туркманистон низ дорои аҳамияти калон маънидод шуд. Муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.

 

www.president.tj

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2288--l-r.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854