01:51:56 03-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АБДУЛЛОҲ ИБНИ ЗОИД ОЛИ НАҲАЁН

17 майи соли 2010 дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  бо Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳаён, ки бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар Иҷлосияи 37 – уми Созмони Конфронси Исломӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

 

Гуфтугўйи судманд оид ба татбиқи амалии санадҳои сершумори қарордодию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 7 санаде, ки зимни ду сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расидаанд, сурат гирифт. “Аморот дар байни кишварҳои араб имрўз шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад”, - бо қаноатмандӣ изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

 

Ҳамзамон бо ин густариши ҳамкории бунёдии иқтисодӣ тавассути таъсиси гурўҳҳои муштарак ва тартиб додани нақшаи амал зарур шумурда шуд. Зарурати имсол гузарондани маҷлиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ таъкид гардид.

 

Таъсиси муассисаҳои муштараки гусфандпарварӣ, асалпарварӣ, истеҳсол ва содироти меваю сабзавот ва иштироки сармоягузорони Амороти Муттаҳидаи Араб дар татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷму судовари инфрасохтории Тоҷикистон мувофиқи матлаб дониста шуд. Ҳарду ҷониб ҳамчунин ба ифтитоҳи сафоратҳои мустақил дар пойтахтҳои якдигар изҳори ҳавасмандӣ карданд.

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2311-2010-05-17-10-55-44.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854