ОҒОЗИ НИШАСТИ 37–УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СКИ
Имруз 18-уми май, дар шаҳри Душанбе нишасти 37–уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ ифтитоҳ шуд. Дар кори ин нишаст, ки бори нахуст дар пойтахти кишвар сурат мегирад, намояндагони 100 кишвари ҷаҳон ширкат ва тамоми масоили кишварҳои исломӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни сухани шодбошӣ дар оғози ин ҳамоиш аз нақши Созмони Кунфронси Исломӣ тақдир кард ва гуфт, ки ин ниҳод аз нерӯи муҳимме барои эҷоди муколамаи байни таммадунҳо дар ҷаҳони муъосир бархурдор аст. Вай ҳамчунин ба нақши ин созмон дар ҳалли масоили минтақа ва ҷаҳон таъкид кард ва гуфт, ки бояд аз зарфиятҳои СКИ дар ҳалли масоили иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон ба сурати муассир истифода шавад.
Зимнан, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин ҳамоиш, ки ду рӯз идома хоҳад дошт, беш аз 625 намоянда аз кишварҳои мухталиф ширкат доранд. Худи ҳамин рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии «Пойтахти фарҳанги исломӣ» эълон намудани шаҳри Душанбе иштирок намуда, як қатор вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳою созмонҳои минтақавию ҷаҳониро ба ҳузур мепазирад. Қаблан, мақомоти тоҷик изҳор доштанд, ки баргузории ҳамоиши вузарои хориҷаи СКИ дар Душанбе ба ҷалби бештари сармоя аз кишварҳои исломӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард.
“Рӯзгор”
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2312---37-----.html