00:53:17 03-уми Июни 2025 сол

"ТОҶИКИСТОН БОЯД БА ОЗОДИҲОИ ДИНӢ ЭҲТИРОМ ГУЗОРАД"

Амрико бар вазъияти озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ба сурати ҷиддӣ назорат хоҳад кард. Ин матлабро Рашод Ҳусейн, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико дар Созмони Кунфронси Исломӣ пас дидораш бо Президент Раҳмон матраҳ кард. 

 

Ба эътиқоди оқои Ҳусейн, давлати Тоҷикистон муваззаф аст куллияи таъаҳҳудоти худ дар заминаи таъмини озодии эътиқод дар ин кишварро риъоят кунад. Давлати Амрико ва Кумисиюни озодии мазҳабии ин кишвар пайваста аз давлати Тоҷикистон барои нақзи озодиҳои мазҳабӣ шадидан интиқод мекунанд. Аз ҷумла, ин кумисиюн таъкид мекунад, ки қонуни ҷадиди Тоҷикистон дар бораи дин барои баста шудани садҳо масҷид ва маҳдудияти омӯзиши динии кӯдакон замина фароҳам кардааст. 

 

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин созмон, қонуни ҷадид барои ақаллиятҳои мазҳабии дигари Тоҷикистон маҳдудиятҳое дар сабти номи созмонҳои мазҳабӣ ва озодии ибодат эҷод мекунад. Дар баёнияи ахири намояндагии Амрико дар Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо (САҲУ) таъкид шудааст, ки қонуни “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба давлати Тоҷикистон барои "назорат бар фаъолияти мазҳабиён ихтиёроти беш аз андоза додааст, ки ин амр бо таъаҳҳудоти Тоҷикистон дар баробари САҲУ дар заминаи озодии эътиқод ва озодии таҷаммӯъот муғойират дорад”. 

 

Ҳарчанд, Рашод Ҳусейн дар сӯҳбати рӯзи чаҳоршанбеи худ бо хабарнигорон аз ироаи ҷузъиёти нигарониҳои давлаташ дар қиболи масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон изҳори назар накард, вале ба эътиқоди соҳибназарон, таъкиди вай ба “назорати ҷиддӣ” далели вуҷуди ин мушкилот аст. Дар ҳамин ҳол, оқои Ҳусейн аз тасмими Созмони Кунфронси Исломӣ барои таъсиси як ниҳоди нозир бар вазъияти ҳуқуқи инсон дар ин созмон пуштибонӣ кард. 

 

Вай афзуд, ки кишвараш, бавижа Борок Убомо, раиси ҷумҳури Амрико, ҷонибдори риъояти ҳуқуқи мусалмонон, аз ҷумла дар шеваи либоспӯшӣ аст. Вай афзуд, ки мақомоти кишвараш мухолифи мамнӯъияти пӯшиши ҳиҷоб дар кишварҳои урупоӣ ҳастанд. Аз сӯйи дигар, Рашод Ҳусейн хабар дод, ки мақомоти Амрико барои густариши равобит бо кишварҳои мусалмонии ҷаҳон барномаҳои мухталиферо дар заминаи беҳбуди вазъи омӯзишу парвариш, беҳдошт ва ҳамкориҳои илмӣ таҳия кардааст ва дар зудтарин фурсат онҳо мавриди иҷро қарор хоҳанд гирифт. 

 

Зимнан, оқои Ҳусейн барои ширкат дар ҷаласаи вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони Кунфронси Исломӣ вориди Душанбе шудааст. Президент Раҳмон дар ду рӯзи ахир бо бисёре аз раҳбарони ҳайъатҳои кишварҳо ва созмонҳои ширкаткунанда дар ин ҳамоиш дидор ва гуфтугӯҳое анҷом дод. Зуҳри рӯзи чаҳоршанбе оқои Раҳмон бо Канат Саудабаев, вазири хориҷаи Қазоқистон ва раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ дидор ва гуфтугӯ кард.

 

Оқои Саудабаев дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки кишвараш зимни раёсат дар САҲУ қасд дорад барои ҳалли масоили Афғонистон ва баҳри Орол иқдомоти ҷиддие анҷом диҳад. Вале раиси давраии САҲУ аз посух ба ин суоли хабарнигорон, ки ин созмон барои ҳалли қазияи боздошти вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон чӣ иқдоме анҷом додааст, худдорӣ кард. Ҳарчанд ҳафтае қабл намояндагии Тоҷикистон дар ин созмон дар шаҳри Венаи Утриш бо ироаи муроҷиъатномае аз раёсати САҲУ хостори мусоъидат ба ҳалли ин мушкил шуда буд. 

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2319-q------q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854