08:09:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ ЯК ГУРӮҲИ САЛАФИҲО ДАР ДУШАНБЕ

 

 

Дар шаҳри Душанбе ҳудуди 40 нафар пайравони ҷараёни мазҳабии «Салафия» бо раҳбари онҳо мавсум ба Мулло Сироҷиддин дастгир шудаанд. Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилӣ, пайравони равияи «Салафия» дар минтақаи Зарафшони пойтахт дар натиҷаи як амалиёти муштараки кормандони кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва пулиси шаҳр боздошт шуда ва ба ин кумита интиқол дода шудаанд. 

Ҷараёни «Салафия» аввалҳои соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости мақомоти додситонии кулли кишвар дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда буд. Тибқи қонуни нав, ба кишвар ворид кардани сабту навор ва адабиёти мазҳабии марбут ба ин равия низ манъ аст ва пайравони он ба масъулият кашида мешаванд.

«Салафия» равияест, ки дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон тоза зуҳур кардааст ва раҳбаронаш шумори пайравони худ дар ин кишварро то 20 000 нафар баровард мекунанд. Пас аз манъи расмии ҷараёни "Салафия" дар кишвар барои аввалин бор аст, ки чунин як амалиёт барои боздошти пайравони ин равия сурат мегирад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi