01:20:08 03-уми Июни 2025 сол

ҲИСОБОТИ ТЕЛЕФОНИИ АЛИМАРДОН БА Э. РАҲМОН

22 майи соли 2010 Муовини Сарвазири мамлакат, Раиси комиссияи давлатӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Муродалӣ Алимардон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кўлоб оид ба корҳои фаврии барқарорсозӣ ва ободонии мавзеъҳои аз офати табиӣ харобгашта телефонӣ ҳисобот дод.

 

Зикр гардид, ки баҳри ба маҷрои пешинаи худ баргардондани дарёҳои Сурхоб, Ёхсу ва Тебалай, барқарор намудани соҳилҳо ва саддҳои рахнашуда, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва оғози сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои нав барои аҳолии бесарпаноҳмонда корҳо бо сифат ва суръати баланд ба роҳ монда шудаанд. Мардуми хонаҳояшон вайроншуда дар ҷойҳои муваққатии зист ҷойгир шуда, бо шароити зарурӣ, аз ҷумла хўроки гарм ва хизматрасонии тиббӣ таъмин гаштаанд.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Муродалӣ Алимардон оид ба сафарбар намудани сохторҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ баҳри ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дар мўҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расондани сохтмони маҳаллаҳои нави истиқоматӣ бо тамоми шароити муосири зиндагӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҳамчунин ҳисоботи раисони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён Холмурод Раҳмонов ва Абдумуъмин Улфатовро телефонӣ шунида, дар назди онҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва кўмаку ғамхорӣ кардан ба мардуми зарардида вазифаҳои мушаххас гузошт.

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2342-2010-05-22-17-24-29.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854