02:05:51 03-уми Июни 2025 сол

МӮСО АСОЗОДА АЗ СИМАТАШ ДАСТ КАШИД

Мӯсо Асозода, раҳбари бахши ҳизби ҳокими халқи демукрот дар шаҳри Душанбе, аз симати худ истеъфо додааст. Ҷаласаи ҳизб ахиран дархости истеъфои ӯро пазируфтааст ва ба ҷойи ӯ Ҷамшед Саидов, муъовини пешини шаҳрдори Душанбе, ба симати раиси бахши шаҳрии ҳизб баргузида шудааст. Оқои Асозода дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин амр орӣ аз ҳар гуна ангезаҳои сиёсӣ аст ва танҳо ба ниёзмандиҳои шахсии вай бастагӣ дорад.

 

Ин фаъоли ҳизби халқи демукрот таъкид кард, ки "ба аҳдофи ҳизби худ содиқ" аст ва гузашта аз ин, "аз мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари ин ҳизб, барои худ сабақи бузурге" касб кардааст. Оқои Асозода хабар дод, ки феълан шуғле надорад ва мунтазир аст, ки дар зудтарин фурсат барои худ ҷойи кори муносибе пайдо кунад.

 

Вай афзуд, ки дар дастгоҳи ҳизби ҳокими халқи демукрот аз 12 сол пеш ба ин сӯ, яъне аз замоне, ки раҳбарии ин ҳизб ба дӯши Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд, ифои вазифа кардааст ва ҳоло мехоҳад бештар ҷавонон ба симатҳои раҳбарии ин ҳизб ҷалб шаванд.

 

Мӯсо Асозода, ки номзади илми сиёсатшиносист, феълан узви Маҷлиси шаҳри Душанбе аст. Қабл аз интихоб ба симати раиси бахши шаҳрии ҳизби халқи демукрот оқои Асозода, мудири бахши раёсат ва раиси дафтари марказии ин ҳизб буд.

 

Дар поёни соли гузашта, дар ҷаласаи фаъолони ҳизби халқи демукрот бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, бархе аз мақомҳои раҳбарии ҳизб, аз ҷумла Давлаталӣ Давлатзод, муъовини аввал, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Абдумаҷид Достиев, муъовинони ӯ аз симатҳои худ барканор шуданд.

 

Он замон Рустами Эмомалӣ, писари калонии Президент Раҳмон, узви раёсати ин ҳизб интихоб шуд. Вай баъдан аз тарафи ин ҳизб ба маҷлиси шаҳри Душанбе вакил интихоб шуд. То замони оғози тадорукот ба интихоботи порлумонии 28 феврал, дар суфуфи ҳизби ҳокими хадқи демукрот як навъ "поксозӣ" анҷом шуд ва дар натиҷа ҳудуди 20 ҳазор нафар аз аъзои он ихроҷ шуданд.

 

Ҳизби халқи демукрот ё халқӣ-демукротики Тоҷикистон, ки алҳол ҳизби ҳоким дар ин кишвар маҳсуб мешавад, 10 декабри соли 1994 дар замони авҷи даргириҳои миёни давлати вақти кумунистӣ ва мухолифони исломии он, таъсис шуд ва то соли 1997 “Ҳизби халқии Тоҷикистон” ном дошт.

 

Баъдан раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ӯҳда гирифт. Гуфта мешавад, бахши аъзаме аз аъзои ин ҳизб мақомҳои ҳизби кумунисти собиқ ва мансабдороне ҳастанд, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва камранг шудани нуфузи кумунисм ба ин ҳизб пайвастаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2362-2010-05-25-19-20-40.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854