КАБИРӢ: "ДУНБОЛИ ҲУКУМАТИ ИСЛОМИИ КЛОСИК НЕСТЕМ"
Муҳиддин Кабирӣ, меҳмони ин ҳафтаи барномаи "Ба иборати дигар" аз чаҳор сол пеш раҳбар ва меросдори ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст, ҳизбе, ки дар корномаи худ ҳам ҷанги дохилӣ дорад ва ҳам сулҳе, ки замоне умед мерафт намунае барои дигар кишварҳои минтақа бошад. Ӯ узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аст ва аз мунтақидони давлат. Дину давлатро ду унсуре мебинанд, ки бояд ҳамкор бошанд ва дар маркази фаъолияташон, инсон ва каромати инсонӣ бошад. Оё ин ду дар канори фазои сиёсии имрӯзи кишвараш даст ёфтанианд? Ё ӯ ба дунболи фосила аст?
-Оқои Кабирӣ, шумо гуфтаед, ки дар интихоботи ахири Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳизби шумо, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, тавониста қалбҳо ва зеҳнҳои мардумро ба даст биёварад, дар ҳоле ки ҳизби ҳоким дигар ҳоким бар қалбҳо ва зеҳнҳои мардум нест. Шумо бар чи асос ин ҳарфро гуфтаед, дар ҳоле ки ҳизби шумо камтар аз ҳашт дарсади ороро дар интихобот ба даст овард?
-Мо воқеъан бар ин назар ҳастем, ки ин ҳизби мо дар ин интихобот тавонист қалбҳо ва зеҳнҳоро ба даст биоварад ва ин танҳо назари мо нест ва назари бештари коршиносон ва таҳлилгарони мустақил чи дар хориҷ ва чӣ дар дохил аст.
Дар интихоботи қаблӣ як тасаввуроти дигаре аз ислом бахусус аз нерӯҳои сиёсӣ, ки фаъолияти худро бар асоси андешаҳои исломӣ бино ниҳодаанд, вуҷуд дошт, вале мо тавонистем, ки дар ин солҳои ахир як чеҳраи нав аз исломи муъосирро ба мардум муъаррифӣ кунем, ки дар маркази он ҳам инсон, каромати инсонӣ ва шарофати инсонӣ қарор гирифтааст. Мо исломро на ба ҳайси баргашт ба гузашта, балки ба ҳайси ояндаи кишвар ва миллат бо дидгоҳи мусбат муъаррифӣ кардем ва ин ҷавоби худро дод.
-Ҷавобаш ҳашт дарсади оро буд?
-На. ҳашт дарсаде буд, ки ҳукумат эълом кард. Вале аслан коршиносон ва худи мо ҳам бар ин назар ҳастем, ки беш аз 40 дарсад ва баъзе коршиносон беш аз 50 дарсади ороро ба мо тахсис доданд.
-Яъне шумо дарвоқеъ фикр мекунед, ки орои Ҳизби Наҳзати Исломӣ хӯрда шудааст?
-Ҷойи шак нест. Дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ин маъмул аст, ки ҳеҷ кас дарвоқеъ намедонад раъйи мардум чи қадар буд. Чун бибинед тамоми аъзои кумиссиюнҳои интихоботӣ аз як гурӯҳ ва аз як ҳизб ва бахусус аз кормандони феълӣ ва расмии давлат таъсис ёфтанд ва воқеъан наметавон гуфт, ки интихобот шаффоф буд ва раъйи мардум куҷо шуд?
-Шумо ин эътирозро он мавқеъ ҳам баъд аз интихобот кардед ва ҳатто таҳдид кардед, ки намояндагонатонро ба нишонаи эътироз ба Маҷлиси Намояндагон намефиристед, ҳатто баъд аз интихобот аз Шӯрои ҷамъиятии аҳзоби сиёсӣ ҳам канора гирифтед, вале баъдан ба порлумон рафтанд ва баъдҳо тамоми ин эътирозҳо ба навъе мунтафӣ шуд.
-На эътирозҳо мунтафӣ нашуд ва мо ҳанӯз ҳам пайгири масоил ҳастем. Мо се роҳ доштем: роҳи аввал роҳпаймоӣ ва эътирозоти мардумӣ буд, ки маъмулан пас аз интихобот дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ мешуд; роҳи дувум бойкут кардан ва нарафтан ба порлумон буд ва роҳи севум як навъ эътирози сабуктар, ки даст кашидан аз яке аз ниҳодҳои ҷамъиятӣ, ки аҳзоб зери назари парчами мақомоти расмӣ амал мекунанд, ки он ҳам Шӯрои ҷамъиятӣ буд ва мо ба хотири он ки ҳар чи зудтар ин фазои эътирозӣ ва хушунат дар кишвар пойин биравад, мо як гузашти дигаре кардем ва камтарин эътирозе, ки метавонистем бикунем, берун шудан аз Шӯрои ҷамъиятӣ буд
Агарчи мо бо ин кори худ нороҳатӣ ва норизоятии бисёре аз мардум, аз ҷумла ҷонибдорони худро ба вуҷуд овардем ва аксаран бар ин назар буданд, ки бояд як эътирози шадидтаре ҳатто бо даъвати мардум ба кӯчаҳо ва хиёбонҳо ҳам мекардем, вале вазъияти кишвар ба ҳадде буд, ки мо наметавонистем бештар аз ин эътироз кунем.
Албатта имкон доштем, вале эҳтимоли муташанниҷтар шудани вазъ дар кишвар буд ва мо, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаем ва беш аз сад ҳазор шаҳид дар ин ҷанг доштем, мо намехостем бори дигар кишвар вориди чунин мушкилоте шавад ва бахусус он тарафҳое, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ даст доштанд ва ширкат карданд, ҳанӯз ҳам дар саҳна ҳастанд ва эҳтимоли он аст, ки бори дигар...
-Дарвоқеъ шумо маслиҳатандешӣ кардед ва фикр кардед, ки маслиҳати кишваратон дар ин аст, ки бештар эътироз накунед, вале ин мумкин аст ҳамон тавр, ки худатон гуфтед иддаеро аз дохили ҳизбатон мунзавӣ кунед ва фикр кунанд, ки шумо ба андозаи кофӣ родикол нестед ва муқовимат намекунед барои худ?
Бибинед, тақрибан дар дохили Ҳизби Наҳзат аксаран ба ин натиҷа расиданд, ки мавзеъгирии раҳбарият дуруст буд, вале эҳтимол дорад, ки дар хориҷ аз ҳизб, аз ҷонибдорони мо, касоне, ки ба мо раъй доданд, ин андеша дар онҳо бештар пайдо шавад ва дарвоқеъ ин интиқодро мо бештар аз хориҷ аз ҳизб мегирем.
Мо дар оянда бояд барномарезӣ кунем ва мардумро тавҷеҳ кунем, ки чаро ин мавзеъгириро кардем ва ба хотири чӣ? Албатта манофеъ ва маслиҳатҳои мардумӣ ва кишвар болотар аз манфиъатҳои ҳизби сиёсии мо буд; вагарна мо ҳизби кучак ва заъифе нестем, ҳадди ақал мо чиҳил ҳазор узви расмии ҳизб дорем ва шумори ҷонибдорони мо ба садҳо ҳазор нафар мерасад, вале хуб билохира бояд як ҳизб ва бахусус раҳбарият ҳавои онро дошта бошад, ки манфиъатҳо ва маслиҳатҳои миллӣ ва мардумиро болотар аз маслиҳатҳои ҳизбӣ бигзорад ва битавонад ҷонибдорҳои худро, бахусус ҷонибдорҳое, ки хоҳони иқдомоти родикол ҳастанд, онҳоро мутақоъид бисозад, ки чаро як мавзеъгириро мекунад, то имрӯз худоро шукр раҳбарияти ҳизб тавонистааст , ки бо мардуми худ ва ҷонибдорони худ як гуфтугӯйи солим дошта бошад.
-Оқои Кабирӣ, ҳизби шумо як ҳизби исломӣ аст, ин ба он маъност, ки шумо ба дунболи ташкили як ҳукумати исломӣ масалан аз навъи Эрон ҳастед?
-Бубинед, мо намехоҳем дар ин маврид ҳеҷ кишвареро ба унвони намуна мисол бизанем, чун Тоҷикистон шароити хоси худро дорад ва ҳизби мо ҳам аз он ҷумла. Вале мо як ҳизби сиёсӣ ҳастем дар заминаи арзишҳои миллӣ, мазҳабӣ ва умури башарӣ, дуруст аст, ки ин номи таърихиро мо аз чиҳил сол қабл мерос гирифтем ва ҳанӯз ҳам ба он фахр мекунем ва онро дорем, вале дидгоҳҳои мо каме бо тамоми кишварҳои минтақа ва аҳзобе, ки дар ҷаҳони исломи имрӯз вуҷуд дорад, фарқ мекунад,
Мо дунболи таъсиси як ҳукумат ё давлати клосики исломӣ нестем, ки имрӯз дар ҷаҳон маъруф аст. Барои мо арзишҳо, вуҷуди каромати инсонӣ, мусулмонҳо, дини болотар ва муҳимтар аз як сохтори давлат аст ва чаро Ҳизби Наҳзат то ҳоло талоши зиёде барои ворид шудан ба ҳукумат накард, ба далели ин ки маншаи динӣ ва миллӣ ва арзишҳо боъис шуд, ки мо аз рафтан ба майдон ва хиёбонҳо худдорӣ кунем.
Рафтан ба майдон ва хиёбонҳо танҳо эътироз нест, балки дар бархе кишварҳо барои расидан ба қудрат ҳам ҳаст. Бояд аввал ин масоил ҷойи худро дар ҷомеъа пайдо кунад. Ин гуфтугӯйи дину давлат, дину сиёсат, ҷузви фарҳанги ҷомеъа бошад, баъд мардум ба ҳар чи раъй доданд, мо ҳамонро қабул мекунем.
-Яъне дар дарозмуддат шумо мантиқӣ намедонед, ки мехоҳед як ҳукумати исломӣ барқарор кунед, вале дар кӯтоҳмуддат мехоҳед мардумро аз он исломе, ки шумо намояндагӣ мекунед, огоҳ кунед?
-Дар дарозмуддат мо инро истисно намекунем, ки Ҳизби Наҳзат ба сари қудрат меояд. Вале байни сари кор омадани мо ва ташкили як давлати исломӣ тафовут ҳаст. Боз ҳам такрор мекунам, ки мо дунболи ном нестем. Шумо номи як кишварро се бор пушти сари ҳам исломӣ бигзоред: давлати исломӣ, порлумони исломӣ ва кишвари исломӣ; вале мумкин аст дар он ҷомеъа аслан ислом, арзишҳои исломӣ, каромат ва шарофати исломӣ ҷойгоҳе надошта бошад ва баръакс шумо метавонед номи исломро дар ҳеҷ санаде зикр накунед, аммо ин арзишҳоро дошта бошед.
-Иҷоза бидиҳед суоли худро ба шакли дигаре такрор кунам. Шумо мегӯед, ки дар интихоботи Тоҷикистон шумо ҳатто наздик ба шаст дарсади ороро доштаед. Ба гуфтаи шумо, агар интихобот шаффоф ва одилона баргузор шуда буд, шумо алон аксариятро дар порлумон доштед ва қудратро ба даст мегирифтанд. Агар қудратро ба даст мегирифтед, нақши ислом дар шеваи ҳукуматдории шумо чи буд?
-Аввалин коре, ки мо мекардем, ин буд, ки қонуни асосии кишварро дуруст ва ба таври шояду бояд амалӣ мекардем, ки дар он ҳеҷ сухане дар бораи ислом ҳам нест. Аввалин коре, ки як ҳизби сиёсӣ бикунад, ин аст, ки волоияти қонунро таъмин кунад. Ҳар чи ки қонун бошад. Мушкил ин нест, ки он қонун бад аст ё хуб аст, муҳим ин аст, ки он қонун амалӣ шавад. Ҳатто амалӣ шудани бадтарин қонун беҳтар аз як қонуни хуб аст, ки амалӣ намешавад.
Баъдан меоем суроғи ҷойгоҳ ва мақоми ислом дар ҷомеъа. Тоҷикистон худаш як кишвари исломӣ аст ва ҳеҷ ниёзе ба он надорад, ки мо бори дигар исломро ба мардум муъаррифӣ кунем. Мардум худашон доранд бо арзишҳои исломӣ зиндагӣ мекунанд, фақат бояд як каме онро рӯшантар кард ва баъзе истондордҳои дугонаро, ки дар ҳаёти мардум вуҷуд дорад, аз байн бурд. Барои мисол масъалаи никоҳ ва талоқи мардуми тоҷик, комилан бар асоси шариъати исломӣ анҷом мешавад.
Вале мардум тибқи қавонин бояд бираванд ва дар ҷое ба таври расмӣ сабт кунанд ва тақрибан мешавад гуфт, ки ду никоҳро аз сар мегузаронанд. Чаро мо ин дуро мисли кишварҳои урупоӣ дар як зарфият ҷой надиҳем? Никоҳи шаръиро ба расмият шинохтан аз тарафи қавонин барои як кишвари мусулмоннишин бад нест. Иин ба маънои исломӣ кардани ҷомеъа нест, балки ба маънои шинохт ва эътироф ба воқеъияте аст, ки мардум дар ҷомеъа бо он зиндагӣ мекунанд.
Аслан мо мегӯем агар ҳизби исломӣ бар сари қудрат биояд, бисёр бар сари масоили сода ва ҷузъии ҳаёти мардум суҳбат мекунад ва на ин ки мо бояд титрҳо ва сохтори давлатиро дигар кунем.
-Шумо дар ҷое гуфтаед, ки дини ислом ҳам низоми диниро қабул дорад. Манзуратон аз ин ҳарф чист?
-Манзури ман ин аст, ки аз дидгоҳи мо ҳукумати теукротик вуҷуд надорад. Ҳеҷ кас наметавонад ба номи худо бар мардум ҳукумат кунад. Ин мардум ҳастанд, ки тақдири худашонро ба даст мегиранд ва худашон онро муъайян мекунанд. Аз номи худо ҳукм рондан ва ҳокимият кардан масъулияти ҳеҷ кас нест , ҳатто паёмбарон. Масъулияти паёмбарон расондани паём ва рисолат буд на ҳукумат. Назари мо ин аст, ки ҳукм дар дасти мардум аст.
-Навъи бардоште, ки шумо ва ҳизби шумо аз ислом доред, мумкин аст дар солҳои ахир иддаеро ҷазб карда бошад. Аммо ҳам дар ҳизби шумо ва ҳам берун аз ҳизби шумо касоне ҳастанд, ки тарафдори исломи родиколтаре ҳастанд ва мумкин аст ба аҳзоби ифротӣ мисли Ҳизбуттаҳрир гароиш пайдо кунанд. Шумо фикр намекунед, ки ин як хатар аст?
-Ман фикр намекунам, ки дар ҳизби мо афкори родикол хеле қавӣ бошад.
-Вале шумо худатон гуфтаед, ки метавонед аносири родиколро дар ҷомеъа бибинед.
-Дар ҷомеъа фарқ мекунад. Вақте мо дар бораи ҷомеъа суҳбат мекунем, як баҳс аст, дар мавриди ҳизб баҳсе дигар аст.
-Ман ҳам ҷомеъа ва ҳам ҳизби шуморо пурсидам.
-Дар мавриди ҳизб, худоро шукр, аксарияти аъзо ва мардум ва ҷонибдорони ҳизб, ҷонибдорони афкор ва андешаҳои сиёсии муътадил ҳастанд, аз ҷумла исломи муътадили ҳанафӣ аст, ки дар ҷомеъаи мо роиҷ аст.
Вале агар вақте ба суроғи ин андеша дар ҷомеъаи Тоҷикистон биравем, табиъӣ аст. Чун хусусан пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дарҳо боз шуд, афкор ва андешаҳои зиёде чи аз Ғарб ва чи аз Шарқ вориди кишвар шуд; аз ҷумла аз баъзе доираҳои родиколи исломӣ ҳам афкоре ба мо содир шуд. Мо алон гурӯҳҳои зиёде мисли салафиҳо ва Ҳизбуттаҳрир ва дигаронро дар ҷомеъаи худ дорем, ки агарчи нуфузашон зиёд нест, вале ба ҳар сурат, ин андешаҳо ҷо доранд.
Хатар дар он аст, ки мардум, ки хостори як исломи муътадил ҳастанд, ки аз тарафи Ҳизби Наҳзат ба онҳо пешниҳод мешавад, агар аз тарафи мақомоти давлат барои ин ҳизб ва ин иртибот монеъгузорӣ карда шавад, эҳтимол дорад, ки нерӯҳои дигар, аз ҷумла салафиҳо ва Ҳизбуттаҳрир ва нерӯҳои дигаре, ки мунтазири ин фурсат ҳастанд аз ин исломталабии мардум истифода кунанд.
Мо инро як хатар медонем ва борҳо ҳам ба дӯстонамон дар ҳукумат дар ин бора ҳушдор додаем, ки мардум дар ҷустуҷӯйи ислом ҳастанд, мо инро мехоҳем ё на ё агар касе инро мехоҳад ё на, мардум мехоҳанд ба усули исломии худ баргарданд. Ин дигар масъулияти мо аст, ки кадом навъ ислом ва кадом бардошт аз исломро ба мардум пешниҳод мекунем.
Ҳизби Наҳзат бо он барномаи муътадиле, ки дошт, воқеъан тавонист дар қишрҳои гуногуни ҷомеъа маҳбубият пайдо кунад, вале агар ин раванд аз тарафи мақомҳои давлатӣ монеъсозӣ шавад ва ҷонибдорӣ пайдо накунад, эҳтимолаш зиёд аст, ки касоне, ки ба мо раъй доданд ва натиҷаашро надиданд, ба суроғи гурӯҳҳои родикол бираванд
-Оё давлат ба ин ҳушдорҳои шумо гӯш мекунад?
-Баъзе ақлҳои боз дар давлат гӯш мекунанд ва бо мо суҳбат мекунанд. Вале мутаассифона дар худи он ҳайкали ҳокимият хеле ғурур пайдо шуда ва намехоҳад ба ҳарфи касе гӯш кунад ва мо ҳам то ба ҳол натавонистаем, ки бар дари онҳо бикӯбем ва ин мавзӯъро каме барои онҳо шарҳ бидиҳем. Онҳо мехоҳанд дорои як исломи муътадил бошанд, вале бидуни наҳзат, бидуни он ки як рақиби сиёсӣ дар кишвар дошта бошанд, вале бояд ба ин воқеъият эътироф кунанд, ки ин нашуданӣ аст.
-Вале чи ишколе дорад, агар навъи исломе, ки шумо намояндагӣ мекунед ва онро тарвиҷ мекунед, тавассути давлат иҷро шавад?
-Мушкиле нест. Мо барномаҳои зиёдеро дар ихтиёри дӯстон гузоштаем. Мо ин хоҳишро дорем, ки давлат худаш ин шиъорҳо ва арзишҳоро аз мо ва ҳар каси дигаре, ки онҳоро матраҳ мекунад, бигирад в худаш амалӣ кунад. Ин мушкиле надорад, баръакс дар ҳар ҷое, ки ниёз ба кумаки мо аст, мо кумак хоҳем кард. Борҳо мо дар канори ҳукумат ва давлат истодаем, вақте ки онҳо воқеъан қадамҳои хеле хуберо дар амалӣ кардани исломи муътадил бардоштанд. Вале баъзе вақтҳо ин тавр аст, ки онҳо мехоҳанд дар ин майдон танҳо бошанд. Ин ҳам аслан мушкиле надорад. Бигзор агар метавонанд онро батанҳоӣ анҷом диҳанд. Вале вақте мебинанд, ки як нерӯи бисёр муътадили қавӣ дар ҳошияи ин равандҳо мемонад, ин табиъӣ нест.
-Оқои Кабирӣ, ба баҳсе фаротар аз баҳси Тоҷикистон бипардозем. Баҳси ҷудоии дин аз давлат ва ҳатто дин аз сиёсат, баҳсе аст, ки дар кишварҳои исломӣ матраҳ аст ва бахусус дар Эрон, ки таҷрибаи сӣ сол ҳукумати исломиро аз сар гузаронда, дар солҳои ахир хеле матраҳ будааст. Назари ҳизби шумо ва шахси шумо дар ин маврид чист?
-Назари мо ин аст, ки баҳсҳои марбут ба ҷудоии дин аз давлат ё сиёсат, баҳсҳои бидуни мантиқӣ аст. Аслан набояд ҷо дошта бошад. Ин имкон надорад, ки шумо динро аз сиёсат ва давлату ҳукумат ҷудо тасаввур кунед; ҳар чи қадар ҳам, ки зери ҳар калому шиъори секулористӣ ё атеистӣ ва динзудоӣ ҳам биёяд.
Барои мисол дар ҳамин интихоботи ахири Бритониё, ки ман ҳам ба унвони нозир ширкат доштам, хеле бароям аҷиб буд, ки дар як кишвари секулор дар Урупо, ки ин шиъорҳоро бардоштаанд, интихобот, ки як амали сирфан сиёсӣ ва ҳукуматӣ ва давлатӣ аст, дар даруни калисо баргузор мешавад ва он кумисиюн дар дохили калисо аст.
-Вале калисо дар интихобот нақше надорад ва аз он ҷо фақат ба унвони як макон истифода мешавад.
-Шояд ин бошад, вале чаро дар кишварҳои исломӣ аслан аз масҷидҳо ба унвони чунин маконе истифода намешавад? Баҳси ман сари ҳамин аст. Ман нагуфтам касоне ки ба калисоҳо омаданд ва раъй доданд ин фазо бар рӯйи онҳо таъсир гузоштааст. Нуктаи аҷиби дигар ин буд, ки дар канори ҳамон сандуқи раъй, ки дар калисо буд, яке аз аъзои кумита як хонуми мусулмон бо ҳиҷоб буд. Дар як нуқта се мушоҳидаро кардам, ки аслан дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аслан тасаввур ҳам карда намешавад.
-Шумо то чи андоза ба ислом ба унвони ҳуввияти Тоҷикистон нигоҳ мекунед. Пас аз истиқлол, масъалаи ҳуввият дар Тоҷикистон як масъала буд ва намедонам шояд ҳанӯз ҳам ин масъалаи ҳуввият вуҷуд дошта бошад. Давлати Тоҷикистон як бор соли Авасто баргузор мекунад ва як бор соли Абуҳанифа баргузор мекунад. Яъне ингор дудилаанд ва ҷомеъаи Тоҷикистон на дар давлат ва на дар ҷомеъа мушкили ҳуввияти худро ҳал накардааст. Оё воқеъан ин тавр аст?
-Бубинед, мо воқеъан дар ҷустуҷӯйи ҳуввият ҳастем, ҳам дар байни мардум ва ҳам дар сохторҳои давлатӣ. Ин ки мо аз Авасто бармегардем ба ориёӣ, аз ориёӣ ба Зартушт ва аз Зартушт ба Абуҳанифа, ин бозгӯйи он аст, ки мо воқеъан дар ҷустуҷӯйи ҳуввият ҳастем ва билохира баъд аз ин ҳама ҷустуҷӯ ва талошҳои зиёд ва аз як кунҷ ба кунҷи дигар паридан, аксарияти нухбагони сиёсӣ ва фикрии тоҷик ба ин натиҷа расидаанд, ки мо бояд ҳуввияти фикрии худро дар ислом ҷустуҷӯ кунем.
Назари шахсии худи ман ҳам ин аст, ки тоҷик ва тоҷикистониро аслан бидуни ислом намешавад тасаввур кард, чун пайдоиши худи миллати тоҷик ба номи тоҷик бо ислом аст. Мо қаблан бохтариву суғдӣ ва дигаронро доштем, вале пайдоиши худи миллати тоҷик дар натиҷаи ҳамоиши ин чанд қавм, маҳсули ислом аст. Мо дар замони исломӣ ҳамчун миллати тоҷик ташаккул ёфтем ва агар касе мехоҳад ҳуввияти тоҷику тоҷикистониро ҷустуҷӯ кунад, бояд дар ислом ҷустуҷӯ кунад, чун ин ду аз ҳам ҷудонашванда ҳастанд.
-Ин назари шумо ва ҳизби шумо аст? Яъне ин як назари ом нест, дуруст аст?
-На, ин фақат назари мо нест. Вақте ҳукумат баъд аз ҷустуҷӯйи зиёде дар зартуштиву ориёиву Авасто, боз ҳам омад суроғи Абуҳанифа, ин маънои онро дорад, ки бояд ба ислом баргашт.
-Шояд мехоҳанд назари ҳамаро дар ҷомеъа ҷалб кунанд?
-Вақте мехоҳанд назари ҳамаро ҷалб кунанд, онҳо диданд, ки ин ҳама тоҷики мусулмон аст, ислом аст. Албатта суол ин аст, ки вақте дар бораи ҳуввият суҳбат мекунем, оё ҳуввияти исломии мо, ҳуввияти миллӣ ва қавмиву фарҳангии мо инкор мекунад ё на. Мо бар ин назар ҳастем, ки набояд инҳо якдигарро инкор кунанд ва бояд бо ҳам бошанд. Исломи муътадили ҳанафӣ дар тӯли 1300 сол тавонистааст дар Тоҷикистон ин ҳамаро бо ҳам ҷамъ биоварад ва як ҳуввияти созандаро дуруст кунад.
-Яъне дарвоқеъ ислом бахше аз ҳуввияти тоҷикӣ аст на ҳамаи он?
-Агар бигӯям бахше аст, пас бахши умдае аст, ки дигаронро метавонад зери парчами худ бигирад.
-Ҳизби шумо дар ҳоли ҳозир чанд узв дорад?
-Алон мо расман ҳудуди 40 ҳазор узв дорем, ки барои ТОҷикистон албатта кам нест.
-Ва шумо умедворед, ки масалан тайи панҷ соли оянда чи қадар ба аъзои шумо изофа шавад?
-Мо барнома дорем, ки барои соли 2015 аз 150 ҳазор бештар, байни 150 ҳазор то 200 ҳазор узв дошта бошем, ки ин барои мо амалишуданӣ аст ва аслан мушкиле надорад.
-Чаро фикр мекунед, ки ин барнома амалишуданӣ аст? Ин омор, омори бисёр болое аст.
Чун вақте мо барномаи тозаеро ба мардум муъаррифӣ кардем, бахусус ҷавонон ва донишҷӯён ба суроғи ҳизб омаданд. Мо воқеъан дар интихоботи гузашта инро эҳсос кардем ва ҳатто барои худамон ғайримунтазира буд, ки ҷавонон ва донишҷӯён хеле бо мо ҳамкорӣ карданд ва алон ин дигар масъулияти раҳбарияти ҳизб аст, ки ҷавобгӯйи ниёзҳо ва хостаҳои мардум бошад. Ман фикр мекунам, ки агар барномаи хубе дар даст дошта бошем, ҳатто бештар аз рақамҳое, ки гуфтам, ба даст биоварем.
-Ҷангҳои дохилии Тоҷикистон мунҷар ба сулҳе шуд, ки шумо ҳам дар музокироти он шахсан ҳузур доштед.
-Бале ба унвони ёвари раҳбари кумисиюн.
-Суоли ман ин аст, ки чи чизе боъис шуд, ки ин сулҳ ба даст биёяд? Чун дар мақотеъе ба назар мерасид, ки сулҳ имконпазир нест ва ҷанги дохилӣ бошиддат идома дошт. Бештар созиш аз ҷониби ҳизби шумо буд ё давлат, ки боъис шуд сулҳ ба даст биёяд?
-Бубинед, вақте ки ҳар ду тараф ин нуктаро воқеъан дарк карданд, ки бо роҳи низомӣ намешавад якеро маҳор кард, ҳам давлат ба ин натиҷа расид ва ҳам опозитсиюн ва дарк карданд, ки беҳтарин роҳ гуфтушунид аст.
Хеле таъаҷҷубовар аст, ки баъд аз он ҷангҳои сахт ва хунин, вақте ки аввалин даъват барои сулҳ ба миён гузошта шуд, дигар суроғи ин наравем, ки ин даъватро аввал кӣ кард, муҳим ин аст, ки вақте ки ин даъват шуд, ҳар ду тараф онро пазируфтанд ва дар он хеле бояд нақши фардии ҳам оқои Раҳмон, раиси ҷумҳури ҳоли Тоҷикистон ва ҳам марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро бо ҷамъи ёронаш зикр кард, ки аз худ як масъулиятшиносии хеле бузург нишон доданд ва тавонистанд нерӯҳои атрофи худро ҷамъоварӣ кунанд, сарҷамъ кунанд ва ба роҳи сулҳ ҳидоят кунанд.
Кори осоне набуд. Ҳамон тавр ки шумо ҳам гуфтед, ман ҳам ҷузви ин раванд будам, агарчи дар сатҳи дувум, вале эҳсос мекардам, ки раванди сулҳ чи душвориҳое дорад, ки ҳар лаҳза метавонист аз моҷаро берун шавад. Вале боз ҳам бо азхудгузаштагӣ ба хотири миллат ва давлат ва боқӣ мондани ин кишвару миллат, ҳар ду тараф гузаштҳо карданд.
-Бисёре фикр мекарданд, ки он шевае, ки аз тариқи он сулҳ дар Тоҷикистон ба даст омад, метавонист намунае бошад барои кишварҳои дигари минтақа ва ҷоҳое, ки ин тахосум вуҷуд дошт, шумо фикр мекунед, ки воқеъан ин улгуро ироа кардед?
Бале. Мо ин улгуи сулҳро ироа кардем. Вале агар мо метавонестем дар марҳалаи баъд аз сулҳ, воқеъан як ҷомеъаи пешрафтаи маданӣ ва шаҳрвандӣ бисозем, ин улгу бештар мешуд. Сулҳ ҳамчун як улгу ва намуна ҳанӯз ҳам дар ихтиёри мо ҳаст ва метавонем онро ба дигарон муъаррифӣ кунем, вале мутаассифона натавонистем дар мароҳили баъдӣ, тибқи ин арзишҳо ва хостаҳои мардум, ки дар санадҳои сулҳ сабт шуда буд, ҷомеъаи дигаре бисозем, ки воқеъан як ҷомеъаи демукротик бошад, интихобот дар он озод ва шаффоф бошад ва мардум билохира дар идораи давлат саҳм дошта бошанд, расонаҳо озод бошанд. Ин мушкилоте, ки мо атрофаш суҳбат мекунем, байни дину давлат ва опозитсиюну давлат аз байн бираванд. Вақте ки мо натавонистем инҳоро ба даст биоварем, улгуи сулҳ то ҳадде хадшадор шуд.
Мо бояд ин дуро аз ҳам ҷудо кунем. Яке худи раванди сулҳ то имзои созишнома ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ; ва марҳилаи дигар, ки пас аз сулҳ аст, ки мутаассифона ин мушкили мо аст.
Инояти Фонӣ, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2404--q----q.html
















