20:38:05 17-уми Июни 2025 сол

КАРИМОВ БА ВАГОНҲОИ РОҒУН ИҶОЗАИ УБУР НАДОД

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Тошканд бо мувофиқа дар мавриди убури вагонҳои Тоҷикистон, ба истиснои борҳои марбут ба сохтмони Роғун, поён ёфт. Дар ин бора саҳифаи интернетии президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи дирӯз барои ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой вориди Тошканд – пойтахти Узбакистон шуд. Таҳлилгарон гуфтугӯи як ба як бо раисиҷумҳури Узбакистон дар робита ба мушкили транзити қаторҳои Тоҷикистонро аз ҳадафҳои дигари сафари Эмомалӣ Раҳмон унвон мекарданд.

 

Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, дар мулоқоти Тошканд масоили энержӣ ва нақлиёту коммуникатсия миёни ду кишвар аз мавзӯъҳои меҳварӣ буд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва дигар молҳо, ба ҷуз борҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун, тавассути роҳи оҳани Термез-Амузанг-Қурғонтеппа бемонеа интиқол дода шавад.

 

Феълан ҳудуди ду ҳазор вагони молу колои Тоҷикистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя манъ аст, ки аксарияти онҳо иборат аз маводи озуқа, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонист. Даҳҳо вагонҳои ҳомили булдозерҳо ва дигар васоити техникӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ дар банд мондааст.

 

Ба навиштаи торнамои президенти Тоҷикистон, дар мулоқот ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои таҳқиқи мустақили байнулмилалии ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии нерӯгоҳи Роғун бори дигар таъкид кардааст.

 

Раисони ҷумуҳи ду кишвар ҳамчунин дигар масоили минтақаӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла вазъи амният дар Осиёи Марказиро баррасӣ кардаанд. Дар робита ба мулоқоти сарони Тоҷикистон ва Узбакистон сомонаи узбакистониии «UzDaily» низ иттилои мухтасаре нашр карда, аммо дар бораи мавзӯъҳои дар мулоқот матраҳшуда шарҳ надодааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2473-2010-06-12-07-59-56.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ