19:21:39 17-уми Июни 2025 сол

ҲНИТ: "МО БА ДОДГОҲҲО ДИГАР БОВАР НАДОРЕМ"

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки бонуфузтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, додгоҳҳои ин кишварро "аз омилони нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон" хонда ва беэътимодии худро нисбат ба системи қазоии мавҷуд дар Тоҷикистон эълом доштааст. Дар нишасти матбуъотие, ки рӯзи шанбеи 12 июн дар дафтари марказии ин ҳизб баргузор шуд, раҳбарони он аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, тақозо карданд, ки ба унвони "кафили озодиҳо ва ҳуқуқи шаҳрвандон" таҷзияи воқеъии се шохаи ҳокимиятро таъмин созад ва адолати додгоҳиро дар кишвар барқарор намояд.

 

Муҳаммадалии Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳизб ҳамчунин аз мақомҳои иҷроияи марказӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо мекунад, ки ба таъқибу фишор алайҳи аъзо ва тарафдоронаш поён диҳанд.

 

Оқои Ҳайит гуфт дар сурати идомаи таъқибу фишор, бадгӯиву амалҳои дигари ғайриқонунӣ нисбат ба ҳизби наҳзати исломӣ ва аъзову ҷонибдорони он, ин ҳизб ба худ ҳаққи онро раво медорад, ки дар оянда дар чорчӯби қонунҳои мавҷуда даст ба эътирозҳои ҷиддитаре бизанад.

 

Раъйдиҳии хонаводагӢ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳоле нисбат ба системи қазоӣ ибрози нобоварӣ мекунад, ки ду рӯз пеш додгоҳе дар ноҳияи Вахш як фаъоли ин ҳизбро ба иттиҳоми раъй додан ба ҷойи афроди дигари хонаводааш дар интихоботи порлумонии 28 феврал ба як соли зиндон маҳкум кард.

 

Оқои Ҳайит зимни интиқод аз боздошт, муҳокима ва маҳкумияти Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, узви ҲНИТ дар яке аз кумисиюнҳои маҳаллии интихобот дар ноҳияи Вахш, парвандаи ӯро "парвандаи сохтаву бофта" хонд ва гуфт бисёре аз туҳматҳрое, ки алайҳи вай дар додгоҳ матраҳ шуд, исботи худро наёфтааст.

 

Танҳо ҷурме, ки оқои Бурҳонов ба он иқрор карда, пур кардани чаҳор баргаи раъй будааст, "ки он ҳам бо иҷозаи раиси участкаи интихоботӣ" сурат гирифта ва "рӯзи интихобот ба ҳамаи аъзои участка (маркази раъйгирӣ) иҷоза дода будаанд, ки ба ҷойи аъзои хонаводаашон раъй диҳанд."

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Ҳайит, дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ, ки бо қонуншиканиҳои густардае ҳамроҳ будааст, ҳудуди сад ҳазор нафар аз аъзои ҳизби ҳокими халқи демукрот дар ҳавзаҳо ва марокизи раъйгирӣ шомил будаанд, аммо ҳеч кадоме барои ин гуна тахаллуфот муҷозот нашудаанд.

 

Вай афзуд: "Яке аз қонуншиканиҳои густарда дар интихобот овоздиҳии хонаводагӣ буд, яъне раъй додан ба ҷойи чанд нафар, ки нозирони байналмилалӣ ва аҳзоби сиёсӣ шоҳиди мавориди зиёди он буданд. Чаро танҳо Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов ба ин ҷурм равонаи зиндон шуд, вале сад ҳазор нафаре, ки аз ҷумлаи аъзои ҳизби халқи демукрот ва кормандони давлатӣ буданд, барои ин тахаллуфот ҷавоб нагӯянд?"

 

Ба гуфтаи ин фаъоли ҲНИТ, аҷиб аст, ки ҳамаи аъзои участка ё маркази раъйгирии шумораи 20 ноҳияи Вахш дар раъйдиҳӣ ба ҷойи аъзои хонаводаашон даст дошта ва худашон дар додгоҳ ба ин гуноҳ иқрор кардаанд, вале ҳеч кадоме ба ҷуз Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов муҷозот нашудааст.

 

Маҳкумияти ин узви ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳолест, ки пас аз интихоботи порлумонии 28 феврал фаъолони ин ҳизб дар мавриди тақаллубот ва тахаллуфоти густарда дар ҷараёни интихобот ва шумориши орои раъйдиҳандагон ба додгоҳҳои сутуҳи мухталиф шикоят кардаанд, вале ҳеч як аз шикоятҳои онон ба таври ҷиддӣ мавриди расидагӣ қарор нагирифтааст.

 

БархӮрди муғризона

Мавзӯъи дигари мавриди нигаронии раҳбарони ҲНИТ, ки дар нишасти матбуъотии имрӯз матраҳ шуд, бархӯрди ба гуфтаи онҳо "муғризонаи" мақомоти ҳокимияти иҷроия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба аъзо ва тарафдорони ин ҳизб пас аз интихоботи порлумонии 28 феврал аст.

 

Муҳаммадалии Ҳайит дар ин бора гуфт: "Мо далелҳои зиёде дорем, ки раисони ҳукуматҳои ноҳияҳо назди мардум рафта, дар бораи ҲНИТ бадгӯйии зиёд мекунанд ва ҳатто таъна мезананд, ки ҲНИТ ба шумо чи додааст, ки дар интихобот ба он овоз додед, на ба ҳизби халқи демукрот? Шумо садқаи ҳизби ҳоким шавед, садқаи ҳукумат шавед..."

 

Ба гуфтаи вай, дар ин авохир фишору таъқиби мақомоти давлатӣ нисбат ба аъзо ва тарафдорони ҲНИТ афзоиш ёфта ва бисёре аз фаъолони ин ҳизб аз муассисоти давлатӣ, таълимгоҳҳо, мактабҳои миёна ва корхонаҳо ба далели ҳимоят аз ин ҳизб дар интихоботи гузашта ихроҷ карда шудаанд.

 

Раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, ҳамчунин мӯътақиданд, ки доираҳои муъайяне аз ҳизби ҳокими халқи демукрот, мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ ба хотири бадном сохтани ин ҳизб "дасту панҷа нарм кардаанд."

 

Ба гуфтаи Муҳаммадалии Ҳайит, мавориди боздошту маҳкумияти аъзои ҳизби ҳокими халқи демукрот барои иртикоби ҷароими мухталиф маъмулан дар расонаҳо матраҳ намешавад, вале дар иртибот бо аъзои ҲНИТ мавзӯъи узвияти ин афрод дар ҳизби исломӣ барҷаста карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки мавориди иртикоби ҷароим дар миёни аъзои ин ҳизб дар муқоиса бо ҳизби ҳоким бағоят камтар будааст.

 

Косаи сабри лабрез

Вай аз ҷумла гуфт, ки аз соли 2000 то 2010 аз ҷумлаи аъзои ҲНИТ танҳо шаш нафар дар додгоҳҳо муҳокима ва муҷозот шудаанд. Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои ахир ҳудуди 20 ҳазор нафар аз ҳизби ҳокими халқи демукрот, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ба ӯҳда дорад, барои иртикоби ҷароими мухталиф аз ин ҳизб ронда шудаанд.

 

Оқои Ҳайит афзуд: "Дар як мафҳил ман аз Давлаталӣ Давлатзод, муъовини собиқи раҳбари ҳизби халқи демукрот суол кардам, ки ин нафарҳо ба чи ҷурме ронда шуданд? Ишон сароҳатан ҷавоб дод, ки ба ҷурми гирифтани ришва, додани ришва, қочоқ, дуздии амволи давлатӣ ва ҷиноёти дигар, ҳатто куштор (қатл)."

 

Ин фаъоли ҲНИТ мӯътақид аст, ки мақомоти давлатӣ як амалиёти "тарҳрезишуда ва ҳадафмандона" барои пойин бурдани обрӯи рузафзуни ҳизби наҳзат ва гирифтани "реванши (интиқоми) ҳизби ҳоким" аз натоиҷи интихоботи гузашта ва "боло бурдани обрӯи аздастрафтаашон" анҷом медиҳанд.

 

Вай мегӯяд, ки аъзо ва тарафдорони ҳизби наҳзати исломӣ баъд аз интихобот даъвову эътирози зиёде доштанд, вале ба майдон нарафтанду гирдиҳамоӣ накарданд, ҳар фишореро таҳаммул карданд, вале имрӯз ба ин натиҷа расидаанд, ки "косаи сабрамон лабрез шудааст."

 

 

Ба гуфтаи Муҳаммадалии Ҳайит, дар сурати идомаи фишор ва таъқиби аъзо ва тарафдорони ҳизби наҳзати исломӣ, ин ҳизб тасмим дорад дар оянда ба эътирозҳои ҷиддитаре даст занад, ҳарчанд маълум нест, ки нигаронӣ ва эътирозоти ин гурӯҳ шунида хоҳад шуд ё хайр.

 

Таҳлилгарон мегӯянд авомиле чун фақру нодории мардум, фасоди густарда дар системи мудирияти давлатӣ, муҳоҷирати саросарӣ ва нокомии давлат дар ҳалли масоили иқтисодӣ боъис шудааст, ки нуфузи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои ахир ба таври чашмгире афзоиш ёбад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2475--q-----q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ