03:31:43 01-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН: "Ё ДАЛЕЛ ПЕШ ОВАРЕД, Ё УЗРХОҲӢ"

Давлати Тоҷикистон бо ирсоли номае расмӣ аз мақомҳои амниятии Қирғизистон хостааст, ки хабарҳои мабнӣ ба ширкати атбоъи тоҷик дар даргириҳои қавмии ҷануби он кишварро тавзеҳ диҳанд. Ин матлабро Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 16 июн дар ҷаласаи порлумони ин кишвар эълом кард.

 

Ба гуфтаи оқои Абдураҳимов, иддаъоҳои мабнӣ бар ширкати атбоъи Тоҷикистон дар барангехтани даргириҳо миёни ӯзбакҳо ва қирғизҳо дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон бепоя аст. Пештар расонаҳо аз қавли Қуват Байболов, муъовини раиси Сервиси амниятии Қирғизистон, ки ҳамзамон масъули вазъияти изтирорӣ дар шаҳри Ҷалолобод аст, хабар дода буданд, ки дар ин даргириҳо атбоъи тоҷик "ҳам ба сӯйи ӯзбакҳо ва ҳам ба сӯйи қирғизҳо тирандозӣ" мекунанд.

 

Оқои Байболов ҳамчунин гуфтааст, ки бархе аз ин афрод боздошт шуда ва ба ҷиноёти худ иқрор кардаанд. Аммо Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи сешанбе Клик бо интишори баёнияе аз давлати муваққати Қирғизистон хоста буд, ки аз “изҳороти бемасъулона ва иғвогаронаи баъзе аз аъзои давлати муваққат” ҷилавгирӣ кунад.

 

Ҳамакнун, ба гуфтаи оқои Абдураҳимов, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз давлати Қирғизистон хостааст, ки далоил ва шавоҳиди худ дар бораи ширкати атбоъи тоҷик дар даргириҳои қавмиро ба ҷониби Тоҷикистон таслим намоянд ва ё дар ғайри ин сурат расман аз изҳороти худ "узрхоҳӣ" кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, Давлаталӣ Давлатзода, узви порлумон, ин суолро матраҳ кард, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти Қирғизистон муроқибат аз марз бо ин кишвар то ҷи ҳад тақвият шуда ва оё имкони сарозер шудани фирориён ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?

 

Дар посух ба ин суол, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки муроқибат аз марзи ду кишвар, ки тақрибан 1000 килуметр тӯл дорад, аз ҷумла дар Ҷиргатолу Мурғоб, тақвият ёфтааст.

 

Вай имкони сарозер шудани тӯдаи паноҳандагон аз Қирғизистон ба Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир баъид донист ва гуфт мақомҳои амниятии Тоҷикистон 173 донишҷӯйи қирғизтабори тоҷикро, ки умдатан сокинони ноҳияи Мурғоб ҳастанд, ба манзури таъмини амнияташон аз Қирғизистон берун овардаанд. Қарор аст 70 донишҷӯйи дигар низ дар рӯзҳои оянда аз Қирғизистон берун оварда шаванд.

 

Тасвиби созишномаҳои амниятӢ

Хайридин Абдураҳимов ин суханонро дар ҳоле гуфт, ки тарҳи ду созишномаи Гурӯҳи Шонгҳой дар бораи муборизаи муштараки аъзои ин созмон бо терурисм ва ифротгароиро дар порлумон муъаррифӣ мекард.

 

Яке аз ин аснод Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва гузарондани тамриноти муштараки зиддитеруристии кишварҳои узви СҲШ аст, ки дар порлумони Тоҷикистон онро пас аз баррасии кӯтоҳе тасвиб кард. Оқои Абдураҳимов тетурисмро хатаре билқувва барои минтақа хонд ва бар аҳаммиятим уборизаи муштараки кишварҳои узви Гурӯҳи Шонгҳой дар ин замина таъкидк ард.

 

Санади дигари тасвибшуда Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳ, лавозими ҷангӣ ва маводди тарканда аст, ки аъзои порлумон тасвиби онро бавижа дар шароити кунунии минтақа, ки бесуботӣ дар ҷануби Қирғизистон буруз кардааст, муҳим арзёбӣ карданд.

 

Зимни баррасии ин санад Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон, ин суолро матраҳ кард, ки оё ин созишнома ба поксозии марзи Ӯзбакистон аз минҳои зиддинафар мусоъидат хоҳад кард? Дар посух ба ин суол, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт азбаски Ӯзбакистон ҳам узви Гурӯҳи Шонгҳой аст, бояд мафодди ин созишномаро иҷро кунад, вале вай афзуд, ки кишвари ҳамсоя ин созишномаро ҳануз тасвиб накардааст.

 

Манобеъи расмӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 1999 ба ин сӯ дар манотиқи марзии ин кишвар бо Ӯзбакистон 74 нафар дар асари инфиҷори минҳо кушта ва 87 нафари дигар захмӣ шудаанд. Аз ин арқом 14 захмӣ ва 15 кушташударо бачагон ва шаш захмӣ ва чаҳор кушташударо занон ташкил медиҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2494----q-----q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854