01:09:41 15-уми Майи 2025 сол

САФОРАТИ ИМА ВА НАҚШАИ ИДОРАКУНӢ ДАР ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ДАР ТОҶИКИСТОН

Сафир Кен Гросс  18 кормандони Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Вазорати тандурустии  ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хатми барномаи дуҳафтаинаи таълимии оиди идоракунӣ дар  ҳолатҳои фавқулодда табрику таҳният намуд. Сафир Кен Гросс иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳида муносиботи аълои худро бо ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ мекунад ва мунтазири ҳамкории давомнок ва дастовардҳои умумӣ мебошад.

 

Ин курси дуҳафтаина чунин ташкил шудааст, ки намояндагони роҳбарияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва сохторҳои дигари давлатӣ, ки бо ташкилкунӣ, банақшагирӣ, идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои тадбирҳои ҷавобӣ дар ҳолатҳои фавқуллода ва амалиётҳои идоракунии вазъиятҳои бӯҳронӣ машғуланд, бо ҷузъиёти раванди идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулодда шинос намояд.

 

Курси мазкур ба ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаҳои идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи миллӣ, стратегияи идоракунии самараноки ҳолатҳои алоҳида, дар муддати кӯтоҳ қабул кардани қарорҳои зарурӣ, ва таҷрибаи беҳтарини чораҳои барқароркунӣ ва амалиёти ҷавобӣ  дар ҳолатҳои фавқулодда диққати махсус медиҳад. Ин курс бо машқи хотимавии амалии такмилдодашуда, ки аз иштироккунандагон ворид намудани пешниҳодҳоро оид ба нақшаи милии идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулодда талаб мекунад, ба итмом расид.

 

Курси мазкур дар соли ҷорӣ панҷумин барномаи таълимиест дар доираи Барномаи кӯмаки зиддитеррористӣ, ки аз ҷониби Идораи минтақавии амнияти сафорати ИМА сарпарастӣ мешавад. Аз соли 2002 инҷониб беш аз 375 масъулини Тоҷикистон дар фаъолияти таълимии таҳти сарпарастии  Барномаи кӯмаки зиддитеррористӣ ба маблағи умумии 6 миллион доллари амрикоӣ ширкат варзиданд.  Барномаҳои таълимӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир мегарданд. Бахши Барномаи кӯмаки зиддитеррористӣ соли 1983 дар ҳайати Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст.

 

Барномаи кӯмаки зиддитеррористӣ яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакдиҳандае мебошад, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико амалӣ менамояд.  Аз соли 1993  халқи Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандае, ки рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва системаҳои амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ масраф кардааст.

 

“Рӯзгор”

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2496-2010-06-17-06-48-46.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ