ИМЗОИ АСНОДИ ТОЗАИ ҲАМКОРӢ БО ЧИН
Дар ҷараёни дидори Президент Раҳмон аз Чин миёни ин ду кишвар се санади ҳамкорӣ имзо шудааст. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбеи 17 июн бо як дидори корӣ вориди ноҳияи мухтори Уйғури Чин шуда ва бо Чжан Чун Сен, раиси ин ноҳия, гуфтугӯе анҷом дод.
Сипас, миёни Тоҷикистон ва Чин мувофиқатнома дар мавриди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ноҳияи мухтори Уйғур, тавофуқ миёни ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати энержии “ТВЕА”-и Чин дар бораи бунёди хатти 220-килувотии барқи масири “Хуҷанд-Айнӣ” ва як санади ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ноҳияи мухтори Уйғур ба имзо расиданд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин аснод, ки дар шаҳри Урумчии Чин имзо шуд, роҳро барои тавсеъаи ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энержӣ, саноеъ, нақлиёту иртиботот, кишоварзӣ, омӯзишу парвариш, беҳдошт, илм ва фарҳанг ҳамвор хоҳад кард.
Ин манбаъ мегӯяд, ки бар асоси мувофиқатномаи тарафайн хатти баландшиддати барқи “Хуҷанд-Айнӣ”, ки ҳазинааш 36,9 милюн дулор аст, бояд дар муддати яку ним соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Ҳамчунин, тибқи ин тарҳ дар ноҳияи Айнӣ, дар шимоли Тоҷикистон, як зеристгоҳи барқии бо тавоноии 220 килувотт бо истифода аз текнулужии муосир бунёд хоҳад шуд.
Зимнан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ноҳияи мухтори Уйғури Чин аз моҳи январи соли 2007 шурӯъ шуда ва дар зарфи се соли ахир табодули коло миёни Тоҷикистон ва ин ноҳияи мухтори Чин 310 баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, дар зарфи панҷ соли ахир Чин ба ин кишвар ба миқдори 32 милюн дулори омрикоӣ кумаки фаннӣ ва билоъиваз ироа карда ва ҳаҷми вомҳои ботахфифи Чин ба Тоҷикистон болиғ ба 650 милюн дулорро ташкил додааст.
Дар соли ҷорӣ низ Чин ба манзури пуштибонӣ аз иқтисоди Тоҷикистон ба ин кишвар ба миқдори 80 милюн юан кумаки билоъиваз ихтисос додааст. Сармоягузории мустақими Чин дар иқтисоди Тоҷикистон низ дар ҳоли афзоиш буда ва ҳаҷми он дар зарфи панҷ соли ахир ба 128 милюн дулор расидааст.
Ҳамзамон, дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи мухтори Уйғури Чин ҳамоиши бузурги соҳибкорони чину тоҷик баргузор шуда ва таваҷҷӯҳи тоҷирону соҳибкорони чинӣ ба бахшҳои энержӣ, саноеъ, истихроҷи маъодин, кишоварзӣ ва коркарди меваю сабзиҷоти Тоҷикистон мутамаркиз шудааст.
Ҷонибҳои Чин ва Тоҷикистон ибрози умедворӣ карданд, ки ба дунболи фаъолияти доимии гузаргоҳи марзии Кулма-Қаросу, ки Тоҷикистонро аз роҳи заминӣ ба Чин мепайвандад, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар бамаротиб густариш хоҳад ёфт. Феълан ин гузаргоҳи марзӣ дар як сол муддати 240 рӯз фаъолият мекунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2504-2010-06-18-06-41-09.html