НОМАИ ОҚИЛОВ БА ПУТИН БАРОИ ЛАҒВИ АВОРИЗИ ГУМРУКӢ
Давлати Русия ба баррасии пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи лағви аворизи гумрукӣ барои маводди сӯхти содиротӣ ба ин кишвар пардохтааст. Нахуствазири Тоҷикистон пештар бо ирсоли номае аз Владимир Путин, ҳамтои руси худ, хоста буд, ки ин муқаррарот лағв шавад. Роҳандозии аворизи гумрукӣ барои маводди сӯхти содиротии Русия ба Тоҷикистон ба афзоиши чашмгири баҳои бензин дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.
Ҳоло арзиши як литр бензини А-95 дар марокизи фурӯши маводди сӯхтӣ ба 4 сомониву 50 дирам расидааст. Як моҳ қабл қимати он ҳудуди 3 сомониву 50 дирам буд. Давлати Русия аз авоили моҳи май барои маводди сӯхтие, ки ба Тоҷикистон содир мешавад, аворизи 213-дулорӣ барои ҳар як тун бензин муқаррар кардааст. Манобеъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки воқеъан Оқил Оқилов, нахуствазири ин кишвар, бо ирсоли номае ба Владимир Путин аз ӯ хостааст, ки чунин муқарраротро лағв кунад.
Коршиносон мегӯянд, ки болоравии арзиши маводди сӯхтӣ, ки 90 дарсади он ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад, бар вазъи иқтисодии ин кишвар асароти номатлубе бар ҷой хоҳад гузошт. Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии Ҳукумати Русия, дар ҷаласаи ахири ҳукумат Владимир Путин ба Игор Сечин, муъовини худ, дастур додааст, ки муроҷиъаи давлати Тоҷикистонро баррасӣ ва дар ин замина ба ҷаласаи ҳукумат пешниҳодҳое ироа кунад.
Оқои Сечин гуфтааст, ки ҳоло ин мавзӯъ аз сӯйи мақомоти Идораи федероли гумруки Русия баррасӣ мешавад ва дар зудтарин фурсат натоиҷи он ба Ҳукумати Русия пешниҳод хоҳад шуд. Юлия Ивашковская, сухангӯйи Идораи гумрук дар умури энержии Русия, рӯзи сешанбеи 29 июн дар сӯҳбате телефунӣ бо бахши тоҷикии Би-би-сӣ гуфт, ки воқеъан чунин дастуре аз сӯйи ҳукумати Русия ба онҳо ворид шудааст.
Вале вай гуфт, ки наметавонад дар бораи натоиҷи баррасии ин мавзӯъ аз сӯйи мутахассисони Идораи федероли гумрук изҳори назар кунад. Зеро ба гуфтаи хонуми Ивашковская, ин иттилоъ танҳо дар ихтиёри давлати Русия қарор дода хоҳад шуд.
Бо ин вуҷуд, вай хабар дод, ки мизони аворизи гумрукӣ барои маводди сӯхти содиротӣ дар Русия ҳар моҳ бо дарназардошти арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ тағйир меёбад ва ба ин далел онҳо мунтазиранд, ки давлати ин кишвар то 1-уми июл бояд таъруфаҳои ҷадидеро дар ин маврид эълом кунад. Вай гуфт: "Шояд дар бораи аворизи гумрукӣ барои маводи сӯхтие, ки ба Тоҷикистон содир мешавад, низ тасмиме гирифта шавад. Бояд то ду рӯзи дигар мунтазир буд."
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки роҳандозии аворизи гумрукӣ барои маводди сӯхтии содиротӣ ба Тоҷикистон аз сӯйи давлати Русия аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ нест. Зеро дар тӯли чанд соли ахир воридоти маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон бидуни пардохти аворизи гумрукӣ сурат мегирифт.
Давлати Русия роҳандозии чунин аворизро ба муқаррароти таъсиси Иттиҳодияи гумрукии Қазоқистону Русия марбут медонад. Дар ҳар сурат, афзоиши арзиши маводди сӯхтӣ дар Тоҷикистон бар вазъияти иқтисоди ин кишвар ва вазъи молии сокинони он асароти номатлубе бар ҷой гузоштааст. Дар зарфи як моҳи ахир арзиши куллияи анвоъи мавод ва колоҳо дар бозорҳои Тоҷикистон афзоиш ёфта ва ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ин раванд идома хоҳад дошт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2578-2010-06-29-10-35-48.html