АМРИКО: "ТАРВИҶИ ДЕМУКРОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДУШВОР АСТ"
Давлати Амрико эътироф мекунад, ки тарвиҷи демукросӣ дар Тоҷикистон душвор аст. Ин матлаб дар гузориши тозае ба номи "Густариши озодӣ ва демукросӣ", ки Вазорати хориҷаи Амрико ахиран интишор дода, матраҳ шудааст.
Дар ин гузориш Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ки талошҳои ин кишвар барои тарвиҷи демукросӣ дар Тоҷикистон бо мавонеъе ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст. Ба гуфтаи коршиносони Амрикоӣ, дар инзиво қарор доштани Тоҷикистон ва мушкилоти дигари зистмуҳитӣ, ноошноии мардуми тоҷик бо усули демукросӣ ва мухолифати давлат бо ислоҳоти демукротик аз авомили душвории густариши демукросӣ дар ин кишвар аст.
Вазорати хориҷаи Амрико меафзояд: Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳарчанд муваффақиятҳои кӯтоҳмуддат (дар заминаи тарвиҷи демукросӣ) имконпазир аст, истротежии Амрико ба дастовардҳои дарозмуддате дар ин замина умед бастааст. Дар ин гузориш мехонем: "Тоҷикистон як кишвари истибдодӣ (авторитарӣ) аст, ки аз плуралисм ё чандандешӣ монеъ мешавад ва фасоди густарда дар он ҷо ба мушоҳида мерасад."
Ин гузориш меафзояд, ки ин кишвар дорои хадамоти давлатии ғайримуъасир буда ва низоми омӯзишу парвариш ё маъориф дар Тоҷикистон рӯ ба завол аст. Коршиносони вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши худ иддаъо мекунанд, ки маъмурони интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон барои бадрафториҳои худ ҳамвора беҷазо мемонанд.
Дар ин гузориш омадааст, ки Иёлоти Муттаҳида барои тарвиҷи демукросӣ дар Тоҷикистон ва беҳбуд бахшидан ба вазъият тарҳҳое дар заминаи афзоиши мушорикати шаҳрвандон дар мудирияти ҳукуматҳои маҳаллӣ анҷом медиҳад.
Дар ин гузориш мехонем, ки Амрико тавассути роҳандозии "тарҳҳое барои қавитар кардани ҷомеъаи маданӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар, расонаҳои хабарӣ, озодиҳои динӣ ва муъаррифии андешаҳо ва таҷрубаҳои демукротик ба ҷавонон" барои густариши демукросӣ дар Тоҷикистон талош мекунад.
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ин манзур теъдоде аз донишҷӯён, хабарнигорон, қуззот ва масъулони пулис, намояндагони порлумон ва мақомоти давлатӣ, фаъолони ҷомеъаи мадании ин кишварро барои таҳсил ва ё давраҳои омӯзишӣ ба Амрико мефиристад. Ҳадаф аз ин барномаҳо ошноии ин афрод бо демукросӣ ва давлатдории масъулона ва шаффоф будааст.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон таъкидҳои Амрико ва дигар кишварҳои урупоӣ дар бораи талошҳояшон барои густариши демукросӣ дар Тоҷикистон навъе “шиъорпартоӣ” мехонанд. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки таъсири фаъолияти на танҳо Амрико, балки куллияи кишварҳои "ба ном демукротик" дар заминаи рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва демукросӣ дар Тоҷикистон хеле андак аст.
Оқои Муллоҷонов меафзояд, ки Амрико ва дигар кишварҳои урупоӣ дар Тоҷикистон умдатан бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ карда ва ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки рушди он аз рукнҳои асосии рушди демукросӣ аст, аҳаммияти вижае қоил нестанд.
Вай дар ин бора мегӯяд: "Ғайр аз Сандуқи Сорос 90 дарсади барномаву тарҳҳои созмонҳои Амрикоӣ барои ҳамкорӣ бо мақомот равона шудааст ва танҳо 10–15 дарсади дигари барномаҳояшон ба ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон марбут аст. Ин танҳо шиъор аст, ки онҳо барои таҳкими ҷомеъаи шаҳрвандӣ талош мекунанд. Дар асл, онҳо дар ин замина парвое надоранд."
Оқои Муллоҷонов мегӯяд, ки ҳузур ва фаъолияти бештари кишварҳои урупоӣ дар Тоҷикистон ангезаҳо ва ҳадафҳои жиюпулитикӣ дошта ва ин кишварҳо ба хотири манофеъи худ намехоҳанд бо давлати ин кишвар равобити худро сард созанд.
Аммо Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши худ менависад, ки мақомҳои Амрикоӣ давлати Тоҷикистонро бо исрор тавсия мекунанд, ки ба маҳдудиятҳо дар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва анҷуманҳои мазҳабӣ поён диҳад ва қавонини интихоботии худро ислоҳ кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2597--q-----q.html