МАНЪИ МАЙХОРАГӢ ДАР МАЛОИ УМУМӢ ДАР ДУШАНБЕ
Нӯшидани машруботи алкулӣ, ҳушток кашидан, бозии бачагон бо кафшҳои чархадор (роликҳо) ва рӯравакҳо (самокатҳо) дар хиёбонҳо ва поркҳои пойтахти Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.Аз ин ба баъд сокинони Душанбе ҳақ надоранд дар ҳолати мастӣ дар малои умумӣ ё ба истилоҳ “дар ҷойҳои ҷамъиятӣ”, яъне хиёбонҳо, поркҳо, варзишгоҳҳо ва дар васоили мусофирбарӣ ҳузур дошта бошанд. Ҳамчунин нӯшидани машруботи алкулӣ дар чунин маҳаллот мамнӯъ эълом шудааст.
Ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, афроде, ки ин муқарраротро нақз мекунанд, тибқи қонуни маъмурӣ ё идории Тоҷикистон ҷарима ва ё муҷозот хоҳанд шуд.
Оқои Саидов афзуд, ки ин тасмим соли гузашта дар иҷлоси Маҷлиси шаҳри Душанбе гирифта шуда буд ва ахиран Вазорати адлия ё додгустарии Тоҷикистон санадеро, ки “Қавоъиди низоми ҷамъиятӣ, беҳдоштӣ ва муҳити зист” унвон шудааст, тасвиб кард.
Тибқи ин санад, ҳамчунин аз соъати 11 шаб то соъати шаши субҳ овозхонӣ, ҳуштоккашӣ ва бо садои баланд гӯш кардани мусиқӣ дар шаҳри Душанбе манъ шудааст.
Истифода аз кафшҳои чархдор (ролик) ва рӯраваксаворӣ (самокат) дар хиёбонҳо, роҳҳои утумубилрав, гузаргоҳҳо, поркҳо, гулгаштҳо ва дар “ҷойҳои мамнӯъшуда”, ки барои зиндагии мардум ва ҳаракати васоили ҳамлу нақл мушкил эҷод мекунад, низ мамнӯъ эълом шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибназарон, дар шаҳри Душанбе маҳаллоте, ки барои истифода аз роликҳову самокатҳо иҷоза шудааст, мушаххас нест ва кӯдакону ҷавонон маъмулан барои ин амр аз поркҳову хиёбонҳо истифода мекунанд.
Тибқи ин санад, ҳамчунин таваққуфи худравҳо “дар ҷойҳое, ки барои ин амр пешбинӣ нашудааст, манъ мешавад”. Шаҳрдорӣ ҳамчунин тасмим гирифтааст аз сохтмони ғайриқонунии горожҳо барои худравҳо низ ҷилавгирӣ кунад.
Ин дар ҳолест, ки то як моҳ қабл порлумони Тоҷикистон дар қонуни ин кишвар дар бораи мақоми шаҳри Душанбе ислоҳот ворид кард, ки бар мабнои он таваққуфи худравҳо дар назди биноҳои баландошёна қотеъона манъ шудааст.
Ин тасмим дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон баҳсҳоеро ба дунбол дошт. Зеро дар шаҳри Душанбе миқдори поркҳо барои худравҳо андак аст ва ба ин тартиб дар куҷо мондани худравҳо барои соҳибони онҳо ба мушкили ҷиддие табдил шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон аз тасмими шаҳрдорӣ ба манъи нӯшидани машруботи алкулӣ дар малои умумӣ ё ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ё ҳузури афроди маст дар ин маҳаллот хуш истиқбол карданд.
Ба гуфтаи Маҳмадраҳим Малахов, раиси Маркази ҷилавгирӣ аз эътиёд дар Тоҷикистон, ҳарчанд дар ин кишвар вазъияти майзадагӣ ё эътиёд ба машруботи алкулӣ чандон нигаронкунанда нест, вале тасмими ҷадиди шаҳрдории Душанбе ба ҷилавгирӣ аз афзоиши ин падида мусоъидат хоҳад кард.
Ба эътиқоди оқои Малахов, тасмимоти мушобеҳ дар бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои урупоӣ аз муддатҳо қабл ба иҷро даромада ва натоиҷи хубе дар пай доштааст.
Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди нӯҳ ҳазор майзада ё муътод ба маводди алкулӣ расман сабти ном шудаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо панҷ сол қабл коҳиши қобили мулоҳизаеро нишон медиҳад.
Ба эътиқоди оқои Малахов, суннати мардуми тоҷик, тавсеъаи арзишҳои исломӣ дар миёни мардум ва таблиғоти ниҳодҳои зирабт барои худдорӣ аз майнушӣ аз омилҳои аслии коҳиши мизони майзадагӣ дар ин кишвар будааст.
Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иҷтимоъӣ мегӯяд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки иҷрои тасмими шаҳрдории Душанбе бо мушкилоте рубарӯ шавад.
Ба эътиқоди оқои Саидов, шаҳрдориро лозим аст меконисмҳои иҷрои ин муқаррарот ва меъёрҳои онро мушаххас созад. Вай мегӯяд, ки дар ғайри ин сурат эҳтимоли суиистифодаи кормандони пулис аз ин муқаррарот дар ҷараёни иҷрои он баъид нест.
Аз сӯйи дигар, Фируз Саидов гуфт, ки мақомоти зидахл бояд таблиғи ин муқарраротро роҳандозӣ кунанд. Зеро то ҳол сокинони шаҳри Душанбе дар ин бора иттилоъи кофӣ дар ихтиёр надоранд.
Ба унвони мисол, вай гуфт, ки ҳамакнун ҳар як корманди пулис метавонад нафареро, ки танҳо як шиша оби ҷав нӯшидааст, ба мастӣ муттаҳам ва ҷарима кунад ва ё аз ин шахс ришва ситонад.
BBC