18:13:45 17-уми Июни 2025 сол

САФАРИ РАИСИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ

Имрӯз, 10-уми июл, раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Эрон ва сарвари Шӯрои эрониҳои хориҷ аз Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ бо як сафари кории дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Қарор аст раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Эрон дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазир Оқил Оқилов, вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад.

 

Масоили мавриди баррасӣ дар мулоқоти Машоӣ бо раҳбарияти Тоҷикистон маълум нест, вале сафорати Эрон мегӯяд, аксари мавзӯъҳои барномаи ин сафар фарҳангист.  Бино ба иттилои сафорати Эрон дар Тоҷикистон, интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари ҷаноби Машоӣ ба Тоҷикистон қарордоди бунёди "Хонаи Эрон" ба имзо расад ва маросими гузоштани хишти аввали ин маркази эронӣ баргузор шавад.

 

«Хонаи Эрон» ба унвони маркази эрониёни муқими Тоҷикистон дар маҳаллаи Гулистони пойтахт бунёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи масъули сафорати Эрон, ин марказ аз якчанд толор барои намоишгоҳҳо ва ҳамоишу маъракаҳои фарҳангӣ, ҳамчунин китобхона ва синфхонаҳои омӯзиши забонҳо иборат хоҳад буд.  Дар чаҳорчӯби барномаи боздиди мақоми баландпояи эронӣ дар бинои Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон китобхонаи нав ба номи Шаҳриёр - яке аз шоирони муосири эронӣ ифтитоҳ мешавад.

 

Ҳамчунин раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Эрон дар расми ифтитоҳи сабқати паҳлавонон барои Ҷоми Абулқосими Фирдавсӣ ширкат хоҳад кард ва бо эрониёни муқими Тоҷикистон мулоқот анҷом хоҳад дод.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2646-2010-07-10-08-25-46.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ